​Маҳфили “Фурӯғ” дар Рӯзи матбуоти тоҷик

Дар доираи ҳафтаи илми факултети филологияи тоҷик бо иқдоми кафедраи адабиёти муосири тоҷик маҳфили навбатии илмии “Фурӯғ” баргузор шуд.

Роҳбари маҳфил профессор Матлубаи Мирзоюнус маҳфилро оғоз бахшида, дар бораи рафти маҳфил иттилоъ дод.

Дар бахши навгониҳои илмӣ-фарҳангӣ дотсент Аъзамов Субҳонҷончандин китобҳои арзишманди илмӣ-адабӣ, аз ҷумла охирин дастовардҳои пажуҳишии муҳаққиқони номвари Тоҷикистон ва донишгоҳ, ҳамзамон силсилаи асарҳои адабиву публитсистиро муаррифӣ намуд.

Маърузаи докторанти кафедраи адабиёти муосири тоҷик Алишехов Муқимҷон “Аскар Ҳаким ва ташаккули матбуоти адабӣ” (дар мисоли нишрияи “Адабиёт ва санъат”) муҳимтарин паҳлуҳои мавзуъро дар бар гирифт. Мулоҳизаҳои докторант дар заминаи таҳқиқи таърихи матбуот, саҳми Аскар Ҳаким ба ҳайси сардабири нашрияи “Маданияти Тоҷикистон” ва ташкилу нашри “Адабиёт ва санъат”, ҳамзамон муҳтавои фарогири он ҷолиби таваҷҷуҳ буданд. Аз ин ҷиҳат, таҳқиқи хидматҳои ӯ дар рушди матбуоти тахассусии кишвар ҷолиби таваҷҷуҳ унвон шуд.

Дар фарҷоми маҳфил суолу ҷавоб сурат гирифта, фикру мулоҳизаҳои устодони кафедра шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ