​Лавҳаи хотиравӣ ба муносибати 80-солагии профессор Абдуллоев Сайдулло

Ба муносибати 80-солагии доктори илмҳои таърих, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Абдуллоев Сайдулло дар назди хонаи истиқоматии шодравон лавҳаи хотиравӣ гузошта шуд.

Лавҳаи мазкур бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 18 сентябри соли 2024 гузошта шуда, дар маросими он роҳбарият ва устодони донишгоҳ, дӯстону пайвандони шодравон профессор Абдуллоев Сайдулло иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом зимни суханронӣ аз хидматҳои мондагори доктори илмҳои таърих, профессор, Абдуллоев Сайдулло таъкид намуда, гузоштани лавҳаи мазкурро нишонаи қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба меҳнату хидматҳои мавсуф унвон намуд.

Гуфта шуд, ки пайравӣ ва истиқбол аз зиндагиномаи омӯзандаи ин марди хирад ҳар як фарди муртабит ба Донишгоҳро барои анҷоми корҳои бузургу пурмоя раҳнамун месозад.

Профессорон Шавкат Шаропов, Абдураҳмон Қодирзода, Неъматҷон Файзуллоев, дотсентон Шавкат Шарипов, Маҳмудҷон Ӯлмасов, Рустам Юлдошев, Муҳиддин Файзуллоев ва ҳамкорону дӯстони шодравон Абдуллоев Сайдулло дар мавриди хислатҳои шоистаи устод, саҳми мавсуф дар тарбияи шогирдон, таъмини рушди равандҳои фаъолият давоми роҳбарӣ ибрози назар намуданд.

Бо гузоштани гул дар назди лавҳаи хотиравӣ маросим анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ