КӮМАКИ ҶОМЕАИ МЕҲНАТӢ БА МАРДИ ДЕҲҚОН
Кормандони раёсати донишгоҳ бо роҳбарии ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин бо истифода аз рӯзи истироҳат барои ҷамъоварии "тиллои сафед" ба майдони пахтазор баромаданд.
Иқдоми мазкур дар заминаи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати кӯмак ба марди деҳқон, тарбияи ватанпарастии шаҳрвандон ва кӯмаки дастаҷамъона барои ҷамъоварии пахта ҳамчун боигарии давлат сурат гирифт.
Саҳмгузорӣ дар ҷамъоварии ҳосили пахта на танҳо як иқдоми меҳнатдӯстона, балки рамзи ҳамбастагӣ ва пуштибонӣ аз заҳмати пурмашаққати кишоварзон мебошад.
Донишгоҳ на танҳо маркази илму маърифат, балки як такягоҳи боэътимоди ҷомеа дар ҳамаи самтҳои ҳаётӣ мебошад. Ҳузури кормандон ва устодон дар саҳро ифодаи масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии онҳо мебошад.
Маркази иттилоот ва таҳлил