​Коррупсия – садди пешрафти ҷомеа

Мавриди зикр аст, ки дар ҷаҳони муосир дар баробари дигар зуҳуроти номатлуб, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамчунин масъалаи дигари имрӯзаи ҷомеа ин худ фасод ё коррупсия ба ҳисоб меравад. Коррупсия яке аз амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ буда, он барои рушди иқтисодиёт, пешравии ҷомеа, некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, сулҳу субот ва оромии ҳар як кишвар монеа эҷод менамояд.

Бояд таъкид намуд, ки коррупсия дар замони муосир яке аз мушкилоти душвори дохилии ҳар ҷомеа ва проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи амалии худ нишон медиҳад, ки он дар ҳаёти башарият агарчи амали номатлуб ва мамнуъ ба шумор меравад, аммо он решаҳои амиқи таърихӣ дошта, барои манфиатҳои шахсии афроди муайан дар давраҳои гуногун ба вуҷуд омада, ташаккул ёфтааст. Набояд фаромӯш кард, ки коррупсия дар баробари дигар ҳамаи хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфтааст, ки он ба пешравии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, адабӣ ва ҳатто сиёсии ҳар ҷомеа ва мафкураву ҷаҳонбинии инсоният таъсири манфии худро расонида истодааст.

Ин фасоди офаридаи башарӣ ё худ коррупсия дар асри навин ба унвони вабои аср шинохта шудааст, ки масъалаи муборизаву муқовимат алайҳи он аз ҷониби созмону ташкилотҳои мухталифи ҷаҳонӣ ва махсусан “Созмони Милали Муттаҳид” чун яке аз вазоифи нахустини афрод ва ҷомеаву давлатҳо эътироф карда шудааст.

Ба ин хотир барои пешгирӣ ҳамаҷониба аз ин ахлоқи бади инсонӣ ва муборизаи ҳамешагӣ бар зидди он санаи 31-уми октябри соли 2003 “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид” оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул карда шуд, ки он санаи 9-уми декабри ҳамон сол яъне 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар конфронси сиёсие, ки дар сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлат ҷаҳон баргузор гардид. Баъди ин конфренсия байналмилалӣ санаи “9-уми декабр” дар ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия” қабул карда шуд.

Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нахустин давлатҳоест, ки ба Конвенсияи мазкур санаи 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз тарафи “Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар” рӯзи 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид. Ҳаминтавр, бо ҳадафи муттаҳид сохтани саъю талошҳои зиддикоррупсионӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия дар заминаи Конвенсияи зикршуда бо “Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз санаи 10-уми январи соли 2007 мақомоти махсус таъйин карда шуд, ки он таҳти унвони “Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шуд. Бояд қайд намуд, ки вазифаҳои асосӣ ва муҳими сохтори ташкилшуда яъне “Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” пеш аз ҳама назорати молиявии давлатӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ, пешгирӣ ва барҳам задану ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дигар ҳамаи амалҳое, ки дар он ҳаракатҳо ва амалҳои корупсионӣ дида мешавад, ташкил медиҳанд.

Инчунин, бояд ҳадс зад, ки мубориза ва муқовимат бо фасод ҷомеа ва ё худ коррупсия амалӣ дастаҷамъонаро талаб мекунад, чунки онро набояд танҳо бар зиммаи мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд. Барои мубориза ба ин вабои аср ва комилан аз байн бурдани он борҳо аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат амру фармонҳо содир гардидааст. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар санаи 26-уми январи соли 2021 таъкид намуд, ки “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар ба ҳисоб меравад”.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ гомҳои устувори худро дар роҳи мубориза бар зиддӣ фасод ё худ коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин амали номатлуб ва вабои аср тамоми чораҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Аз ҷумла, дар масъалаи муқовимат ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ва вабои аср нахуст бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 25-уми июли соли 2005, таҳти рақами №100 мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор гирифт. Сипас бо таъсисёбии сохтори “Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20-уми марти соли 2008, таҳти рақами №374 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз санаи 7-уми августи соли 2020, таҳти рақами №1714 қабул гардида, барои аз байн бурдан ва решакан намудани он чораҳои ҳамаҷониба андешида шуд.

Ҳамин тариқ ба таври ҳамешагӣ пай дар пай қабул гардидани санадҳои дигари умумидавлатӣ ба мисли “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” аз санаи 26-уми январи соли 2008, таҳти рақами №34; “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” аз санаи 30-уми августи соли 2013, таҳти рақами №1504 ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз санаи 3-уми августи соли 2021, таҳти рақами №222 ба муқовимати бардавом ва коҳиш додани сатҳи болоравии фасод ё худ коррупсия дар кишвар заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштаанд.

Бояд тазакур дод, ки ҳамчунин аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз дар доираи стратегияҳои мазкур амалӣ намудани конфренсияҳо,чорабиниҳо ва дигар ҷамомадҳо доир ба мубориза ба фасод ва коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин роҳ шинохта шудааст.

Ҳамин тавр дар фарҷом метавон ҳамин нуқтаро таъкид намуд, ки бояд ҳамаи мақомотҳо ва аҳолии ҷумҳуриро зарур аст то бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ ё худ фасоди ҷомеа мубориза ва муқовимати доимӣ бурда, онро решекан намояд ва ин кирдори худро яке аз амалҳои инсонгароии худ барои рушди ҷомеа қарор бидиҳанд.

Ҳомидиён Ҳикматшоҳ Комилӣ

Дотсенти кафедраи филологияи араби

факултети забонҳои шарқи МДТ

“ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Қаландарова Рухшона Мирзоевна

Сармуаллимаи кафедраи филолгияи араб

факултети забонҳои шарқи МДТ

“ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ