​Коррупсия- падидаи зишту номатлуб


Дар факултети муҳандисӣ-омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов дар мавзуи “Коррупсия - падидаи зишту номатлуб” мулоқот доир шуд. Декани факултет дотсент Неъматзода Муқаддас дар мавриди роҳҳои пешгирӣ аз зуҳуроти коррупсия ибрози назар намуда, муқовимат бо коррупсияро кафили таъмини пешрафти иқтисодӣ арзёбӣ намуд.

Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мубориза бо коррупсия шароити мусоиди ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар фароҳам оварда шудааст.

Номбурда мубориза бар зидди коррупсияро вазифаи якҷояи тамоми аҳли ҷомеа, аз ҷумла шаҳрвандон, мақомот ва муассисаҳои таълимӣ унвон намуда, доир ба "Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" маълумот дод.

Ҳадаф аз ин мулоқот таҳкими маърифати ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии донишҷӯён ва таъмини мубориза ва пешгирӣ бо зуҳуроти номатлуб маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ