Кор бо тахтаи интерактивӣ: омӯзгорон ба омӯзиш фаро гирифта шуданд

Бо ташаббуси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ ҷиҳати таҳкими маҳорати омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таҳсилот омӯзиши тахтаи интерактивӣ барои омӯзгорон ба роҳ монда шуд. Ин иқдом дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он баланд бардоштани саводи техникии омӯзгорон ва ба ин васила мусоидат ба таъмини пешрафти таълим унвон мешавад.

Сабуров Муҳиддин, сардори раёсати таълим дар маросими оғози курси омӯзишӣ ба омӯзгорон мақсад ва моҳияти тадбири мазкурро шарҳ дода, даъват намуд, ки иштирокчиён аз имконияти мавҷуда истифода намуда, маҳорати педагогии худро мувофиқ ба талаботи замони муосир ва раванди рушди технологияҳои иттилоотӣ сайқал диҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин ташаббус 80 нафар омӯзгорон аз тамоми факултетҳои донишгоҳ ҷалб гардида, ба онҳо дар 5 гуруҳ методҳои кор бо тахтаи интерактивӣ омӯзонида мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки иқдоми мазкур дар факултети математика, кафедраи умумидонишгоҳии информатика ва кафедраи барномарезии факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ ба роҳ монда шуда, устодонинозукиҳои кор бо тахтаи интерактивиро барои иштирокчиён бо масъулияти баланд омӯзонида истодаанд.

Хотиррасон менамоем, ки омӯзиши мазкур санаи 17 январ оғоз гардида, 5 рӯз давом хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ