Конститутсияи Ҷумҳрии Тоҷикистон: моҳият ва тайиноти сиёсиву ҳуқуқии он
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсия ҳамчун санади қувваи олии ҳуқуқидошта, дар ҷомеа дорои хусусиятҳои ба худ хос ва тайиноти таърихии худ мебошад.
Вобаста ба марҳилаи таърихӣ, вазъи сиёсӣ ва шароитҳои иҷтимоии ҷараёни давлатсозиву давлатдорӣ Конститутсия ба худ “ранг” мегирад, рисолат ва тайиноти худро муайян мекунад.
Пайдоиши аввалин конститутсияҳои кодификатсиякардашуда низ антитезаи демократия бо буржуазия ва истибдоди феодалӣ ба ҳисоб рафта, бо мақсади маҳдуд намудани ҳокимияти давлатӣ қабул карда шуда буданд[1].
Тамоюли рушди конститутсионализм бошад дар марҳилаи ниҳоии худ баъзе аломатҳои аз меҳвари тайиноти аслӣ дур шудани конститутсияҳоро нишон медиҳад. Масалан, бо суръат ҷараён гирифтани қабули конститутсияҳо дар давлатҳоро дар дусад соли охир олимони шўравӣ дар ҳавасмандии буржуазия барои таъминипойдорииҳокимиятихуд медиданд.
Инак, Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат ва ифодакунандаи иродаю манфиати қувваҳои сиёсии дар ҷамъият ҳукмрон вобаста ба табиати сиёсиву ҳуқуқии худ дорои тайиноти асосӣ ва махсус мебошад. Тайиноти асосӣ агар бо мақсадҳои қабули конститутсия вобаста бошанд, пас тайиноти махсус ба ягон мақсади муайяни давлат ва ҷомеа алоқамандӣ дорад. Масалан, вобаста ба моҳият ва максади қабулшавии конститутсия тайиноти асосии зерин: муаррификунии давлату миллат (шиносномаи давлат, гувоҳномаи давлати мустақили миллӣ), муқарраркунии ҳадди идоракуни ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, дахлнопазир гардонидани ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон, таъсисдиҳӣ ва ташкилкунӣ, муайянсозии фазои идеологиву фарҳангӣ, таъминкунии устувории давлат ва ҷамъият, муттаҳидкунӣ ва сафарбаркунии омма ба сўи ҳадафҳои олии миллӣ, меросбарии давлатдорӣ, банақшагирии стратегии рушди давлатдорӣ шинохта мешаванд.
Ба сифати тайиноти махсуси конститутсия дар Тоҷикистон бошад метавон таъмини ваҳдату ягонагӣ дар давлат ва басозишоварии ҷомеаро мансуб донист. Тайиноти зерини конститутсия на танҳо ба як марҳилаи қабулшавӣ, балки барои ҳамешагӣ – тамоми давраи мавҷудияти давлату миллат дахл дорад. Вобаста ба шароитҳои нави сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар давлат конститутсия метавонад тайиноти навро дар худ касб карда, асос барои такмил ба миён орад.
А.Н. Кокотов зуҳури тайинот ва моҳияти конститутсияро дар функсияҳои он дида, ба ин сифат функсияҳои таъсисдиҳӣ, танзимнамоӣ, идеологӣ, таъмини устувории ҷамъият, алоқамандкунии анъана ва арзишҳои замонавӣ, банақшагирии стратегӣ, систематизатсияи қонунгузорӣ ва ҳуқуқ тасниф намудааст [1, 52].
С.А. Авакян бошад функсияи конститутсияро ҳамчун «зоҳиршавии гуногуни тайиноти он» [2, 56] меҳисобад. Н.И. Витрук қайд намудааст, ки: «Дилхоҳ конститутсия функсияи муайянеро, ки тайиноти иҷтимоӣ-ҳуқуқии онро ифода мекунад, самтҳои асосии таъсиррасонии муқаррароти он ба муносибатҳои ҷамъиятиро нишон медиҳад, иҷро мекунад» [3, 56]. Дар илми ҳуқуқи конститутсионии ватанӣ низ мафҳуми функсияҳои конститутсия ҳамчун тайиноти ҷамъиятӣ, воситаҳои амалишавӣ ва хусусиятҳои хоси он фаҳмида мешавад.
Фикр мекунем, ки тайиноти конститутсия на танҳо тавассути функсияҳо, балки аз вазифаҳои он низ муайян карда мешавад, ки дар як ҳолат вазифа ва функсияҳои конститутсия як маъноро ифода намекунанд. Ба сифати вазифаҳои асосии конститутсия – мустаҳкам кардан ва кафолат додани ҳуқуқу озодиҳои аҳолӣ; батартибории ҳокимияти давлатӣ ва тасдиқи адолати судӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳамин тариқ, ба сифати тайиноти нахустини конститутсия хусусияти таъсисдиҳӣ ва ташкилкунии он эътироф карда мешавад, ки бо фаҳмиши оммавиаш “шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат” [4, 4] ном бурда мешавад. Беҳуда нест, ки ҳамчун зарфият конститутсияҳои муосир боби аввали худро ба асосҳои сохтори конститутсионӣ бахшидаанд.
Мувофиқи функсияи таъсисдиҳӣ, ки дар натиҷаи тағйиротҳои куллӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба миён меояд, конститутсия заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ барои рушди минбаъдаи он мегардад. Тавассути ин функсияи худ конститутсия тартиботи мавҷудбудаи ҷамъиятиро дар худ мустаҳкам мекунад ва ё шароитҳои мусоидро барои бамиёноӣ ва рушди муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, ки танзимкунии конститутсиониро тақозо мекунанд, ташкил медиҳад. Бо функсияи ташкилдиҳӣ на танҳо натиҷаҳои бадастомадаро инъикос мекунад, балки ҳамзамон дар назди давлат ва ҷамъият вазифаҳои навро мегузорад. Бо ин восита конститутсия фаъолнокии сиёсии ҷомеаро баланд бардошта, мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳоро ба баамалбарории фаъолият дар рўҳия ва доираи конститутсияи нав равона месозад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ, баамалбарории ҳокимияти давлатӣ бо усули таҷзияи он ва низоми ғайримарказонидашуда муаррифӣ намудааст.
Таҳти тайиноти маданӣ-идеологии конститутсия муқарраркунии асосҳои мафкуравии давлат фаҳмида мешавад, ки бо ин восита нерўи ҳукмрон дар давлат ғояи сиёсии худро роҳандозӣ мекунад.
Чуноне ки аввалин конститутсияҳо (ИМА, Полша, Фаронса) ғояи афзалияти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, сохтори демократии давлатро дар худ мустаҳкам намуда буданд. Конститутсияҳои давлатҳои сотсиалистӣ (Хитой, Куба) арзишҳои сотсиалистӣ, давлатҳои теократӣ - исломӣ (Арабистони Саудӣ, Эрон, Марокаш, Покистон) арзишҳои исломӣ, православиҳо нақши махсуси дини худро (Булғористон) инъикос кардаанд. Ҳамин монанд давлатҳои дунявӣ (Олмон, Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Фаронса, Қазоқистон, Узбекистон), давлатҳои атеистӣ (Фаронса, ИҶШС ва Албания), давлатҳои клерикалӣ (Британияи кабир, Дания, Исроил, Испания, Норвегия, Шветсия, Ҷопон) арзишҳои ғоявии худро тавассути конститутсияҳои худ мустаҳкам намудаанд.
Тибқи қ. 1 моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон: «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад».
Дар конститутсияҳо одатан мафкура вобаста ба ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳӣ тасниф карда мешавад. Дар қисми 2, моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон оварда шудааст, ки: «Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад».
Чунин муқаррарот маънои тамоман мавҷуд набудани мафкура дар сатҳи конститутсияро надошта, баракс дар заминаи арзишҳои гуногуни мафкуравӣ ченаки ягонаи ҷаҳонбинии конститутсиониро фароҳам меорад. Чуноне, ки мавҷудияти низоми яккаҳизбӣ бо нақши роҳбарикунандаи ҲКИШ-ро, ки Конститутсияи ИҶШС соли 1977 дар худ мустаҳкам намуда буд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 бо меъёри гуногунандешии сиёсӣ иваз намуд.
Конститутсия амалкунандаи Тоҷикистон бошад идеалогияи давлати ҳуқуқбунёдро бо тамоми унсурҳояш мустаҳкам ва пайравӣ мекунад [5].
Тамсилаи тоҷиконаи рушди давлатдории дунявӣ он исломиятро, ки ба қонунгузории амалкунандаи кишвар мухолифат накарда, фарҳанги умумиинсониро пайгирӣ мекунанд омили инкишофи миллат, суботи ҷамъият ва таҳкимёбии давлат меҳисобад [6, 547].
Ишора ба эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон дар сатҳи қонун Пешвои миллат қайд намудаанд, ки: “Асли дунявият дар робита ба масъалаи худшиносии таърихии миллати тоҷик чунин маъно дорад, ки мо ба мероси таърихии бузургони худ аз рўи муносибати онҳо ба фарҳанги умумибашарӣ менигарем. Танҳо аз ҳамин мавқеъ аҳамияти таърихӣ ва амалии мероси фарҳангиро барои имрўзи миллати тоҷик дуруст шинохтан мумкин аст. Дар ин мероси исломӣ бузургони халқи тоҷик истисно нестанд” [7, 133].
Тайиноти конститутсия ҷиҳати таъмини устувории давлат ва ҷамъият нахуст дар халқӣ будан, ризоият вабаинобатгирииманфиатҳои омма зоҳир мешавад.
Дар таълимот оид ба конститутсия ду омили асосии шинохти аломати халқӣ будани он мавҷуданд:
Якум, он ки заминаҳои объективии бамиёноии конститутсияҳои навро халқ месозад. Муносибатҳои ҷамъиятии дар конститутсия мустаҳкам гардида натиҷаи фаъолияти халқ мебошанд.
Барои расидан ба ормони олии худ, халқ мувофиқ ба симои ҷомеаи инкшофёфтаи оянда муносибатҳои навро ба миён оварда, вазифаҳои давлат ва ҷомеаро низ мутаносибан муайян мекунад.
Дуюм, ҳалқӣ будани конститутсия дар иштироки бевоситаи халқ дар таҳияву қабул ва такмили он ба ҳисоб меравад.
Одатан дар конститутсияҳо аз ҷониби халқ ва аз номи халқ қабул шудани онҳо ишора карда мешавад. Ягон кас аз ҷумла ҳокимияти давлатӣ ҳақи аз халқ гирифтани ҳуқуқи олии он – муайянкунии тақдири худро надорад. Анъанаи ба муҳокимаи халқ баровардани лоиҳаи конститутсия дар низоми шўравӣ солҳои 1936 ва 1977 ба амал бароварда шуда буд. Ҳарчанд муносибатҳои ҷамъиятӣ ва арзишҳои конститутсионӣ дар заминаи манфиатҳои нерўи ҳукмрони давлат таҳия шуда буданд ҳам, аммо онҳо маҳсули фаъолият ва иродаи дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ инкишофёфтаи халқ маҳсуб меёфтанд. Иштироки (машваратӣ) халқ дар раванди таҳия ва қабули конститутсия метавонад эътимоди халқро ба ҳокимияти сиёсӣ баланд бардошта, оммаро барои бадастории ҳадафҳои созандаи миллӣ якдилона сафарбар намояд. Чунончӣ, муҳокимаи Конститутсияи ИҶШС соли 1977 аз июн то охири моҳи сентябр давом карда, дар он зиёда аз 140 млн. нафар иштирок намуданд. Дар муҳокима зиёда аз 2 млн. аҳолӣ бевосита ва тавассути ҷомеаҳои меҳнатии худ иштирок намуда, бо баргузории 1,5 млн ҷамомадҳо бештар аз 400 ҳазор таклифу пешниҳоди худро ирсол намуданд. Дар натиҷа ба 118 моддаҳои Конститутсия аз 320 модда тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Вобаста ба лоиҳаи Конститутсияи соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки: “Лоиҳаи Конститутсия барои он халқӣ аст, ки онро кулли ҳамватанони мо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ва берун аз он мавриди муҳокима қарор дода, такмилу пурра карданд. Аз ин рӯ, эҷодгари он худи мардум аст. Табиати халқӣ доштани лоиҳаи Конститутсия, инчунин дар сабт намудани баробарҳуқуқии тамоми сокинони ҷумҳурӣ, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, ранги пӯст ва дигар нишонаву вазъи иҷтимоиашон ифода меёбад” [8, 235].
Шаҳрвандони Тоҷикистон бевосита ва тавассути иттиҳодияҳои ҷамъиятии худ дар муҳокимаи чор марҳилаи таҳияву қабул ва такмили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1994, 1999, 2003, 2016) ширкат варзидаанд. Хусусан, дар ҷараёни муҳокимаи лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон моҳҳои сентябр-октябри соли 1994 аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳамчунин муассисаву ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо бештар аз ҳашту ним ҳазор таклифот ба Шўрои Олӣ пешниҳод карда шуд [9, 13]. Дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули он бошад аз 2685724 нафар шаҳрвандони ба рўйхат гирифташуда 2535437 нафар 94,4% ширкат варзиданд. Аз ин шумор ба тарафдори қабули конститутсия 2352554 нафар ё худ 87,59% ва муқобил 105300 нафар ё худ 3,92% овоз доданд.
Ҳамин монанд тайиноти навбатии конститутсия – таъмини ваҳдату ягонагӣ дар давлат ва басозишоварии ҷомеа маҳсуб меёбад. Тайиноти зерини конститутсия на танҳо ба як марҳилаи қабулшавӣ, балки барои ҳамешагӣ – тамоми давраи мавҷудияти давлат дахл дорад.
Ба ақидаи А.Н. Кокотов «Нерўи конститутсия пеш аз ҳама дар таъмин ва баинобатгирии баробари манфиатҳои гурўҳҳо дар ҷамъият зоҳир мешавад, ки бо ин роҳ шаҳрвандонро аз роҳҳои бо зўроварӣ ҳимоя намудани манфиатҳояшон бозмедорад» [10, 52]. Ва дар ҳамин нуқта моҳияти аслии конститутсия муайян гардидааст.
Моҳияти конститутсия ҳамчун созиш ва ё ризоияти иҷтимоӣ аз лаҳзаи қабули он аз ҷониби қувваҳои гуногуни иҷтимоӣ-сиёсӣ оид ба масъалаи муҳим, ки бо ин роҳ ҳал карда мешавад, маҳдуд кардани доираи дахолати давлат ба ҳаёти ҷомеа ва шахсони алоҳида [11, 67] фаҳмида мешавад.
В.И. Ленин конститутсияро ҳамчун «созиши байни қувваҳои таърихии ҷамъияти кўҳна (дворянҳо, крепостнойҳо, феодалҳо, мутлақият) бо буржуазияи либералӣ» меҳисобид, ки баъди пурра таъмин гардидани ғалабаи буржуазия аз болои қишрҳои мухталифи ҷомеа диктатураи ў муқаррар мегардад ва баъдан конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ-ҳуқуқии созишии байни буржуазия ва синфи коргар амал мекунад. Илова ба ин А. Имомов қайд менамояд, ки «Тағйирёбии манфиати қувваҳои дар ҳокимиятдорӣ иштирокдошта вобаста ба мавқеи онҳо дар таркиби ҷамъият, ба тағйирёбӣ ва ба дигаргуншавии конститутсия сабаб мегардад» [12, 53]. Яъне созиши қувваҳои иҷтимоӣ-сиёсии воқеии ҷамъият на танҳо сабаби пайдоиш, балки сабаби мавҷудият ва такмили конститутсия низ мегарданд.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низои байни тоҷикон таҳия ва қабул гардид. Аз ин ҷиҳат, вазифаи аввалиндараҷаи он таъмини оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон буд. Бо ин мақсад ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоти доираҳои васеи аҳолӣ, намояндагони гурўҳҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла собиқ мухолифин ба инобат гирифта шуданд. Дар он кулли талаботи ҳуҷҷатҳои сиёсиву ҳуқуқӣ дар бахши ризоияти миллӣ ифодаи худро ёфтанд. Аз ин нуқтаи назар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвоқеъ ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ ва заминаи ҳуқуқии таъмини сулҳи тоҷикон гардид» [9, 18].
Дар навбати худ таҳти чунин хусусияти басозишоварӣ конститутсия тайиноти «муттаҳид васафарбаркунандаитамомимардумро» [12, 34] касб мекунад, ки ин омил сабаби асосии дар дусад соли охир бо суръат ҷараён гирифтани қабули конститутсияҳо дар давлатҳо гардидааст.
Тайиноти дигар ин хусусияти меросбарии конститутсия аз як насл ба насли дигар мебошад. Дар давлатҳое, ки конститутсия мўҳлати тўлонӣ дар шароити амалкарди ризоияти сиёсӣ қарор дорад, хусусияти созишномавиро мегирад, ки ҳар як насли нав метавонад ба муқаррароти он тағйиру иловаҳо ворид намояд. Беҳуда нест, ки конститутсионалистони амрикоӣ Н. Редлих, Б. Швартс ва Ҷ. Аттаназио конститутсияи кишвари худро «созишномаи навишташудаи насли якуми амрикоиҳо ба насли оянда» баҳо додаанд.
Конститутсия ҳамчун натиҷаи ризоияти ҷамъиятӣ, созиши миёни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва қувваҳои сиёсӣ дар самти роҳандозии принсипҳои бунёдии ташкили ҷамъият ва давлат, муносибатҳои тарафайни шахс бо давлат маҳсуб дониста мешавад. Бо ибораи дигар конститутсия ҳамчун аҳдномаи ҷамъиятӣ – нишондоди муҳими созиши сиёсии дар ҷамъият мавҷудбуда мебошад.
Тайиноти банақшагирии стратегии конститутсия хусусияти консептуалӣ дошта, ҳадафҳои олии давлату миллатро муқаррар мекунад. Ба акидаи муаллифи асари «Сиёсат барои мардум» Девид Метюз: «Худшиносии ҳар халқу миллат бояд на танҳо бо фарзияи «мо кӣ ҳастем», балки «мо кӣ бояд бошем» [13, 48] низ асос ёбад. Роҳи ояндаи дурахшони давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявии иҷтимоӣ, ки “усулан бояд бо мафҳуми «давлати миллии тоҷикон» ҳамоҳанг бошад” [14, 212] дар заминаи анъанаҳои милливу фарҳангии тоҷикон ва арзишҳои неку созандаи умумибашарӣ ташаккул меёбад.
Аз ҳамин нигоҳ нуқтаи болоии мафкураи миллиро ҳамчун самти стратегӣ ва афзалиятноки фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлативу ҷамъятӣ “расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоӣ барои ҳар фарди ҷомеа” [15] ташкил медиҳад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати барномавӣ мебошад, ки дурнамои пешрафти давлати Тоҷикистонро муайян мекунад. Ҳама гуна Конститутсия барои даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо қабул мешавад. Конститутсия бо як марҳалаи нави таърихии инкишофи ҷомеа ва давлат алоқаманд буда, ба таъсиси давлати шаклан нав асос мегузорад. Аз санаи қабули Конститутсия таърихи нави инкишофи ҷомеа оғоз мегардад. Дар Конститутсия ҳадафҳо ва самтҳои пешрафти ҷомеа ва давлат барои даҳсолаҳо пешбинӣ мешаванд. Масалан, конститутсияи якуми шўравӣ соли 1918 натиҷаи ғалабаи инқилоби Октябр бошад, конститутсияи соли 1924 бо ташкилёбии ИҶШС, конститутсияи 1936 бо ғалабаи пурраи сотсиализм дар ИҶШС ва конститутсияи соли 1977 бо ғалабаи пурра ва қатъии сотсиализм дар ИҶШС алоқаманд буданд, ки маҳз тавассути хусусиятҳои барномавиву консептуалии худ дурнамои рушди давлатдориро дар ИҶШС роҳандозӣ менамуданд.
Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеа дигаргуниҳои куллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ оғоз гардиданд ва самтҳои пешрафти давлат ва ҷомеа муайян карда шуданд.
Дар паёми навбатии худ аз 26 декабри соли 2018 Президенти кишвар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнатро ҳамчун ҳадафҳои олии миллӣ, кафолати конститутсионии рушди ҷомеа ва меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар Стратегияи миллии рушд пешбинӣ гардидаанд баён намуд [16].
Ҳамин тариқ, натиҷаи чунин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар давлатамон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор буда, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фароҳам оварда шудаанд.
Халқи Тоҷикистон аз он ифтихор дорад, ки соҳибватан ҳаст, Конститутсияи ҷавобгӯй ба орзуҳои ҳазорсолаи халқ дорад ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунанд.
Мухторзода Киромиддин Тоҷиддин - мудири кафедраи ҳуқуқшиносии
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент