​Конститутсияи Тоҷикистон: рисолат ва тайиноти таърихии он

Имсол аз қабули санади тақдирсози миллат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мешавад. Ба ифтихори рӯзи қабули он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба парлумони кишва аз 28 декабри соли 2023 ба тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур доданд, ки ба истиқболи сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дарпешистода барои соли 2024 сафарбар карда шаванд. Ба ин матлаб илова карда шуд, ки: “Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишвара­монро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад”.

Воқеан, соли 2024 эълон шудани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии қабули Конститутсияи кишвар хислати рамзӣ дошта, аз "дурустии роҳи интихобкардаи мо, ки бо майлу иродаи мардуми кишвар дар Конститутсия дарҷ гардидааст” дарак медиҳад.

Қабл аз ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба 25 солагии таҷлили Рӯзи қабули Конститутсияи кишвар қайд карда буданд, ки: “Бо гузашти бисту панҷ сол аз қабули ин санади бунёдии давлати соҳибистиқлоламон, мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистон, ки дар Конститутсияи он инъикос ёфтааст, ҷавобгӯи марому мақсади олии мардуми кишвар ва ҳадафҳои стратегии ҷомеа мебошад.

Дар заминаи Конститутсия дар ҷомеа сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, рушди устувору босуръати ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, зиндагии осудаи шаҳрвандон, бовару умеди онҳо ба ояндаи дурахшон, нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъмин гардид... Солҳои сипаришуда собит сохтанд, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда саривақтӣ буда, ба таҳкими истиқлоли давлатӣ, такмили идораи давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун, назму суботи ҷомеа ва рушди минбаъдаи устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат намуданд”.

Таҳиягарони сохтори конститутсионии навин. Қабули истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз соли 1990 зарурати таҳияи тарҳи нави сохтори конститутсионии давлату ҷомеаро ба миён овард, ки ба ин матлаб Конститутсияи амалкунандаи кишвар аз соли 1978 такмил дода шуд. Минбаъд ин фаъолият дар шакли комиссияи конститутсионӣ сурат гирифта, давоми 5 сол, дар 3 давраи фаъолияти пайиҳам ҷараён гирифт.

Давраи якуми кори Комиссияи конститутсионї аз 23 августи соли 1990 тањти сардории Раиси Шўрои Олии Тољикистон, котиби якуми КМ ПК Тољикистон Ќ. Махкамов дар њайати 53 нафар оѓоз гардида, аз љониби гурўњи кори он дар њайати 25 нафар соли 1991 аввалин лоињаи Конститутсияи нави Тољикистон бо фарогири муќаддима, 7 фасл ва 150 модда ба унвони Кумитаи ќонунгузории Шурои Олї пешнињод карда шуда буд. Ин лоиња бо барњамхўрии Иттифоќи Шўравї мавќуф гузошта шуд.

Давраи дуюми кори Комиссияи конститут­сионї аз 3 январи соли 1992 бо ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќарори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон аз 23 августи соли 1990 оѓоз гардид, ки дар њайати 53 нафар аъзо тањти раёсати Президент Р. Набиев ба кори худ шурўъ намуд. Дар сохтори комиссияи мазкур 10 феврали соли 1992 гурўњи корї дар њайати мутахас­сисони гуногун (њуќуќшиносон, сиёсатшиносон, иќти­сод­чиён, забоншиносон) Н. Њувайдуллоев (роњба­ри гурўњ), н.и.њ., дотсент Н. Абдуллоев, Т. Азизова, н.и.њ., дотсент А. Имомов, д.и.и., академик Р.К. Рањимов, д.и.филол., проф. Ш. Рустамов, д.и.њ., проф. Ф. Тоњиров, н.и.њ., дотсент С. Њасанов ва н.и.њ., дотсент Х. Њомидовтаъсис дода шуд. Лоињаи Конститутсияи нав бо Ќарори Шўрои Олии ЉТ аз 22 апрели соли 1992 санаи 28 апрели соли 1992 тавассути матбуот ба муњокимаи халќ пешнињод карда шуд. Лоињаи ин Конститутсия аз муќаддима, 7 фасл, 12 боб ва 136 модда иборат буд. Ин лоиња низ аз сабаби оѓози љанги тањмилии шањрвандї дар кишвар ва аз байн рафтани мансаби Президенти љумњурї ќабул карда нашуд.

Давраи сеюм Комиссияи конститутсионї бо ќарори Иљлосияи њабдањуми Шўрои Олї аз 26 июли соли 1993 тањти сардории Раиси Шўрои Олии Љум­њурии Тољикистон Э.Ш. Рањмонов ба кори худ шурўъ намуд. Дар моњи апрели соли 1994 гурўњи кории Комиссияи конститутсионї ба Комиссияи конститут­сио­нї лоињаи Конститутсияи нави Тољикистонро дар ду вариант: лоињаи конститутсияи љумњурии президен­тї ва лоињаи љумњурии парламентиро пешнињод кард. Комиссияи конститутсионї баъд аз омўзиш ва баррасї лоињаи конститутсияи љумњурии президентиро маъќул­до­рї ва ба Шўрои Олї тавсия намуд. Лоињаи мазкур аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат буда, моњи апрели соли 1994 дар рўзномањои љумњурї барои муњокимаи халќ интишор гардид.

Чуноне, ки дар маърўзаи худ дар Иҷлосияи XIX Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи исло­њо­ти конститутсионї дар Љумҳурии Тоҷикисон, тарти­би қабул намуданва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Љумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 Президенти кишвар иброз намуданд: “Бо дарна­зар­дошти тамоми хусусиятҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногуни кишвар, ба мақсади муташаккилона гузаро­нидани ислоҳот ва таҷрибаи талхи давлатдории собиқи худ аъзоёни Комиссияи конститутсионӣ ба хулоса ома­данд, ки шакли мувофиқ ва боэътимоде, ки имрӯз ба шароити мушаххаси Тоҷикистон ҷавоб медиҳад, ҷумҳу­рии президентӣ бо дарназардошти хусусиятҳои хоси Тоҷикистон мебошад. Илова ба ин, аксарияти кулли шахсоне, ки дар муҳокимаи лоиҳа иштирок доштанд, ҷумҳурии президентиро ҳамчун шакли идоракунии давлатӣ Тоҷикистон тарафдорӣ кардаанд”.

Дар љараёни муњокимаи лоињаи Конститутсияи нави Тољикистон моњњои сентябр-октябри соли 1994 аз љониби мардуми кишвар ва њамватанони бурунмарзї, њамчунин муассисаву ташкилот ва иттињодия­њои љамъиятии онњо бештар аз 8500 таклифот ба Шўрои Олї пешнињод карда шуд.

Ҳамин тариқ дар асоси м. 1 Ќонуни Љумњурии Тољикис­тон аз 20 июли соли 1994, №974 «Дар бораи ислоњоти конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон, тартиби ќабул намудан ва мавриди амал ќарор додани Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» раъйпурсии умумихалќї оид ба ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон санаи 6 ноябри соли 1994 баргузор карда шуд. Дар он аз 2685724 нафар шањр­вандони ба рўйхат гирифташуда 2535437 нафар 94,4% ширкат варзиданд. Аз ин шумор ба тарафдори ќабули конститутсия 2352554 нафар ё худ 87,59% ва муќобил 105300 нафар ё худ 3,92% овоз доданд.

Қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастоварди миллї – истиқлолияту соҳибихтиёрии Тоҷикистон, муќаддасоти миллї, андешаи давлатдории миллї, истифодаи васеи анъанањо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин намуд.

Муаллифони Конститутсияи Љумњурии Тољикис­тон (соли 1994): Эмомалӣ Раҳмон - Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон (Раиси Комиссияи конститутсионӣ); Достиев А.С. – муовини авали Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон (роњбари гурўњи корї); Азизова Т.О. – мудири Шўъбаи њуќуќи Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон; Алиев З.М. – Раиси Кумитаи назорати конститутсионии Љумњурии Тољикистон, номзади илм­њои њуќуќшиносї; Исмоилов Ш.М. – вазири адлияи Љумњурии То­љи­кистон; Мўсоева Р.Ѓ. – Раиси кумитаи сохтори давлатии Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, номзади илмњои техникї; Рањимов Р.К. – академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон; Рањмонов С.Р. – муовини Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон, номзади илмњои њуќуќшиносї; Раљабов С.Р. – Раиси Кумитаи ќонунгузорї, тартиботи њуќуќї ва њуќуќи инсони Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон; Рустамов Ш. – узви вобастаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, Арбоби илми Тољи­кистон; Солењов М. – Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ва Њамидов Х. – муовини аввали вазири адлияи Љумњурии Тољикистон, номзади илмњои њуќуќшиносї маҳсуб меёбанд, ки дар саҳифаҳои заррини давлатдории миллӣ бо унвони “Падарон асосгузорони Тоҷикистони соҳибистиқлоли муосир” шинохта мешаванд.

Ислоҳоти сохтори конститутсионии Тоҷикистон. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти асосҳои сохтори конститутсионӣ: шакли идораи давлатӣ ва шакли сохтори давлатӣ; хусусиятҳои сиёсиву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон; рамзҳои ҳуқуқии давлат; дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрии инсон; соҳибихтиёрии халқ ва шаклҳои баамалбарории он; дахлнопазирӣ ва тамомияти арзии давлат; инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ ва идеологӣ; таҷзияи ҳокимияти давлатӣ; волоияти Конститутсия; мутобиқати санадҳои ҳуқуқӣ-байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон бо қонунҳои ҷумҳурӣ; баамалбарории сиёсати сулҳҷӯёнаи хориҷӣ; асосҳо ва шаклҳои моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намудааст.

Ислоҳоти асосҳои сохтори конститутсионии чумҳурӣ дар қатори хусусиятҳои олии сиёсиву ҳуқуқии давлат – соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқбунёдӣ, демократӣ, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягонагӣ ба таъсиси якчанд падидаҳои ҷадиди конститутсионӣ ба монанди мансаби президент, худидоракунии маҳаллӣ, худфаъолияти ҷамъиятӣ, бисёрҳизбӣ, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, парлумони касбии дупалатагӣ низ замина гузошт.

Марҳилаи навини давлати соҳибистиқлоли миллии тоҷикон бо қабули якчанд санадҳои меъёрии сиёсиву ҳуқуқӣ - Эъломияи истиќлолияти ЉШС Тољикистон аз 24 августи соли 1990, Қонун аз 1 декабри соли 1990 «Дар бораи такмили сохти њокимияти иљроия ва амрдињанда дар ЉШС Тољикистон ва дохил кардани таѓйироту иловањо ба Конститутсияи (Ќонуни Асосии) ЉШС Тољикистон», Қарори Шўрои Олии ЉШС Тољикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар хусуси дохил кардани таѓйироту иловањо ба Эъломияи истиќлолияти ЉШС Тољикистон», Изњороти Шўрои Олии ЉШС Тољикистон “Дар бораи истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон” аз 9 сентябри соли 1991, оғоз гардида, бо қабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 20 июли соли 1994 «Дар бораи ислоњоти конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон, тартиби ќабул ва мавриди амал ќарор додани Конуститутсияи Љумњурии Тољикистон» ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи эҳёи миллӣ ва рушди устувори давлатдории миллӣ заминаи боэътимоди расмӣ гузошт.

Интихоби сарвари нави сиёсӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи ҳассоси бӯҳрони сиёсии Тоҷикистон ва ҷараёнгирии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кафолате ба ҳифзу наҷоти миллат ва тамомияти арзии Ватан гардид. Баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз 27 июни соли 1997 агар аз як ҷониб аз зуҳури фитрату хиради азалии халқи соҳибтамаддуну таҳаммулпазири тоҷик ибтидо гирифта бошад, аз ҷониби дигар ба шарофати мардумсолории ин марди бошараф рабт дошт.

Самараи ин тадбирҳои созандаю давлатмеҳвар боис гардиданд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун “давлати амнтарини минтақа” ва “кишвари рӯ ба инкишоф” шинохта шуд.

Дар амри ин рисолат, ҳамчунин барои хизматҳои шоистаашон назди ин миллат Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони халқи кишвар ба унвон ва ҷойгоҳи ифтихории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат шарафёб гардиданд, ки ин муқаррарот соли 2016 вазъи конститутсиониро соҳиб гашт.

Тайиноти Конститутсия. Конститутсияи Љумњурии Тољикистон – Ќонуни асосии давлат, унсури марказии низоми њуќуќии кишвар, заминаи эљод ва такмили минбаъдаи ќонунгузорї, њуљљати созиши иљтимої, муайянсозандаи дурнамои пешрафти љомеа ва давлат мебошад.

Конститутсия њамчун санади ќувваи олии њуќуќидошта, дар љомеа дорои хусусиятњои ба худ хос ва тайиноти таърихиву ҳуқуқии худ мебошад. Вобаста ба марњилаи таърихї, вазъи сиёсї ва шароитњои иљтимоии љараёни давлатсозиву давлатдорї Конститутсия ба худ “ранг” мегирад, рисолат ва тайиноти худро муайян мекунад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиёс бо конститутсияҳои давлатҳои дигар дар баробари моҳият ва тайиноти таъсисдиҳиву ташкилкунӣ, маданию идеологӣ, таҳкимбахшии рукнҳои давлатдорӣ, меросбариву банақшагирӣ, ҳамчунин дорои тайиноти басозишоварӣ, муттаҳидкунӣ ва сафарбаркунии омма барои таъмини ваҳдату ягонагӣ мебошад. Тайиноти меҳварии Конститутсияро тарбияи шаҳрвандон ҷиҳати дарки зарурати бошууронаи хизмати фидокоронаю беғаразона ба Ватан зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаббат ба кишвари маҳбуб, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида, фарҳанги умумӣ, мавқеи амиқи шаҳрвандӣ, омодагии доимӣ барои адои қарзи конститутсионӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгон ташкил медиҳанд.

Баинобатгирии дархосту пешниҳоди ҷомеа дар ҷараёти таҳия, қабул ва тағйири Конститутсия дар солҳои мушкили ҷанги шаҳрвандӣ мусоидат намуд, ки халқи парокандаву сарсон ва нерӯи шадиди мухолифро ба риштаи низому эътимод оварда, халқи кишварро ба созишу муттаҳидӣ ва ваҳдату якдилӣ моил гардонем.

Намунаи сулҳи устувор ва бебозгашти мо бо унвони “Намунаи сулҳи тоҷикӣ” имрӯз тамсилаи намунае дар ҷаҳон гаштаву баҳри ризоияту ваҳдати инсоният васеъ истифода шуда истодааст.

Конститутсияи Тоҷикистон рисолат ва усули сулҳҷӯёнаро асоси сиёсати байналмилалии худ қарор дода, ҳалли мушкилоту низоъҳои байнидавлатиро танҳо бо роҳи муколамаи осоишта талқин мекунад.

Дар китоби “Бисту ду вожа аз Озарбади Меҳраспандон” (Тафсире ба асари куҳнатарини ахлоқии ниёгони мо “Андарзномаи Озарбади Меҳраспандон”) оварда шудааст, ки “Нуҳум – оштихоҳӣ ҷараёни назми ҷаҳон аст, ки нигоҳдоранда, парваранда ва сомондиҳандаи ҳама офариниш ва офаридагон аст. ... Ҷовидонагӣ барқарор кардан аз роҳи оштӣ метавон кард”.

Ба ин матлаб шодравон собиқ Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ низ бо хулоса аз зиддияту муноқишаҳои мусаллаҳонаи тӯлонии кишвараш ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон бо чунин хулоса ба халци Тоыикистон боисрор таъкид намуда буд, ки: “Вазифаи таърихии тамоми нерухо дар Точикистон ин аст, ки давлат ва вазъияти мавчударо хифз кунанд. Доштани давлат ба унвони як бистар масъалаи бисер асосист, хамаи нерухо ва хамаи мардум бояд донанд, ки имрӯз ҳифзи давлат асл аст. Аввал давлат, аввал хифзи давлат, баъд аз он идеоложихо, тарҳҳо ва ҳадафҳои дигар.

Дигар ин ки барои хама дар Точикистон имрӯз хифзи амният зарур аст. Ман аз тамоми мардуми Точикистон хохиш дорам, ки амниятро ҳамчун як воҷибаи динӣ ва вазифаи шаръии худ ҳифз кунанд. Ҳифзу таъмини амнияти давлату миллат, амнияти ҷамъият, амнияти иқтисодиву иҷтимоӣ, амнияти иттилоотиву киберӣ, амнияти судиву ғайрисудӣ дар Тоҷикистон имрӯз дар сархати муҳимоти стратегӣ ва стратегияи миллии рушд мавқеъ гирифтааст.

Пешниҳоди Тоҷикистон тавассути Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули Қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ аз 24 сентябри соли 2024 дар қиболи бӯҳронҳои шадиду бемисли сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ бозгӯи даъвати шавқату таҳаммулпазирии саросарӣ ба ҳисоб меравад.

Эълон шудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар Тоҷикистон дар ростои татбиқи сиёсати тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ба ду ҳолати сиёсӣ: якум, мусоидат ба амалишавии ҳадафҳои стратегӣ ва ормонҳои миллӣ; дувум, истодагарӣ ба таҳдиду хатарҳои сиёсиву иҷтимоии глобаливу минтақавие, ки ба давлату ҷомеаи мо таҳдид мекунанд, вобаста мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф ва идеяи олии миллатро «расидан ба сатњи шоистаи зиндагї ва шароити мусоиди иљтимої барои њар фарди љомеа” эълон дошта, бад-ин васила таъкид намуданд, ки: “Риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо, яъне волоияти қонун, яке аз роҳҳои муҳими ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб меёбад. Ин кор аз мақомоти давлатӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо сатҳи баланди фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад”.

Эълон шудани ҳадафҳои олии миллат дар Эъломияи истиқлолияти давлатӣ “таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон; эълони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; барпокунии давлати демократии ҳуқуқбунёд”, дар дебоча ва муқаррароти меъёрии Конститутсияи кишвар “таъмини соҳибихтиёри ва рушди давлат, муқаддас шумурдани ҳуқуқ ва озодиҳои шахс, эътироф кардани баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми халқу миллатҳо, бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон”, дар Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 “ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ” аз зумраи ҳадафҳои олии стратегии миллат маҳсуб меёбанд, ки тавассути баландбардории маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва сифати ҳаёти ҳуқуқии ҷомеа, сифати кори мақомоти ҳуқуқэъҷодкунӣ ва татбиқи ҳуқуқ; сифати қонунҳо; сифати кори судҳо; тарзҳои самараноки фаъолияти ҳуқуқӣ; сифати ҳимояи ҳуқуқҳои инсон; сифати донишомӯзии ҳуқуқӣ дар кишвар; сифати таълими касбии ҳуқуқӣ; сатҳи донишҳои ҳуқуқии ҳуқуқшиносон; сатҳи масъулиятшиносии шаҳрвандон ҳуввият ва фарҳанги матиниродагиву истодагарии миллатро тарбияту тақвият мебахшанд.

Ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

доктори илмҳои таърих, профессор Усмонзода А.И.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ