КОНСЕРВАТИЗМ ВА ДОГМАТИЗМ ЯК ОМИЛИ ВОРИДШАВӢ БА ЭКТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ АСТ
Дар ҷомеаи кунуни ҳолаҳҳои ба гурӯҳҳои ифротӣ (экстремистӣ) шомил гаштани баъне нафарон ба назар мерасад. Таҳқиқоти равоншиносӣ муайян кардаанд, ки дар шахсоне, ки тафаккури догматикӣ ва консерватизмӣ ҷой доранд, бештар таомули шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мавҷуд аст.
Догматизм тарзи тафаккуре аст, ки як андеша ва як фикр (догма)-ро қабул мекунад. Нафаре ки догматик аст, ба ғайр аз ҳамон фикре, ки қабул кардааст, дигар фикрро қабул намекунад ва танҳо ба ҳамон такя дорад.
Догматизм ҳамчун истилоҳ дар сиёсат, дин ва фалсафа истифода мегардад. Ҳолати догматизмро дар нафароне, ки замони шуравӣ аз таълимот ва ғояҳои коммунизм бархурдор гаштаанд, дидан мумкин аст. Ҳастанд нафароне, ки то ҳол комилан боварӣ доранд, ки аз сари нав ИҶШС барпо мегардад. Айнан, ҳамин гуна догматикҳоро дар байни нафароне, ки таълимоти динии номукаммал гирифтаанд, ба назар гирифта метавонем. Маъмулан, чунин догмаҳо бо шунидани амри маъруф ва ё даъватҳои шахсони ба ном ҳомии дини ислом ва чамалумллоҳо арзи ҳастӣ мекунад. Догма ҳамчун тарзи тафаккур дар онҳо қабул гаштааст. Яке аз догмаҳо ва ё андешаҳое, ки инсонҳоро догматики динӣ мегардонад, назарияи «ҷиҳод» ва «мубориза бар зидди зулм», «мубориза барои таъмини адолат» аст. Барои нафаре, ки тафаккури догматикӣ дорад, ягон андешаи дигар қобили қабул нест.
Ҳолатҳое ҳам шудааст, ки шахси 50-60 сола таҳти таъсири таблиғоти ҷиҳодӣ фаромада, ба машқ кардан, ба давидан шуруъ кардааст, ба хотири он ки агар ҷиҳод сар шавад, ба ин кор тайёр бошад.
Олимони донишгоҳи Стэнфорди ИМА ва Кембриҷи Британияи кабир ба таҳқиқоти равонии экстремистон пардохта ба чанд натиҷаи ҷолиб расидаанд. Бино бар таҳқиқоти онҳо дар нафароне, ки ба экстремизм майл доранд, хотира ва ё ҳофиза суст инкишоф ёфтааст ва иттилооти даркорӣ, ки онро коркард кардан лозим аст, зуд фаромӯш мешавад. Табиист, ки дар чунин ҳолати равонӣ як догма, як фикр дар сари инсон қарор мегирад ва дигар андешаҳоро инкор мекунад. Чунин шахсон имконияти маҳдуди таҳлили иттилоотро доранд ва фикрронияшон нисбати дигарон сусттар мебошад.
Натиҷаҳои таҳқиқот дар маҷаллаи Philosophical Transactions of the Royal Society B. чоп шудаанд ва худи омӯзиш солҳои 2016 – 2017 амалӣ гашта буд.
Бино бар маълумоти ин нашрия инсонҳои дар боло зикршуда, хусусияти аз амали худ кайфият ҳосил карданро доранд. Чунин шахсон ҷаҳонбинии хуб дошта, онро тағйир додан намехоҳанд. Онҳо зӯроврӣ ва хушунатро дар заминаи андешаҳои динӣ ва натсионалистӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Бино бар таҳқиқоти зикршуда онҳо тафаккури омехта ба догматизм ва консерватизм ҷой дорад.
Консерватизм ҷараёнест, ки кӯхнапарастӣ ва нигаҳдорӣ ва ё барқарор кардани анъана, урфу одат ва таомулҳоро дорад. Дар доираи дини ислом консерватизми динӣ дар доираи андешаҳои зинда нигаҳ доштани суннатҳои пайғамбар, муборизаи шадиду оштинопазир бо бидъат (навовариҳо) дар мисоли ҷараёни ваҳҳобия ва салафия, эҳёи Хилофати мусулмонон дар мисоли таълимоти Ҳизби таҳрир ва амсоли инҳо ба вуҷуд омадаанд.
Агар дар ҷавон андешаҳои консервативиӣ талқин карда шавад, махсусан ғояҳои динии консервативӣ, ки ба ҳисси миллӣ ва ифтихори таърихӣ вобаста аст, ин хатарнок мешавад. Ҷавон ба тадриҷ ба сафи гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ шомил гаштанаш мумкин аст.
Мубориза бо догматизм ва консерватизм бешубҳа пеши роҳи шомилшавии ҷавононро ба ғояҳои экстремистӣ ва террористӣ бозмедорад.
Бо вуҷуди он, ки дар мактабҳои олӣ бо донишҷӯён ҳазорҳо вохӯрӣ, мулоқот, суҳбатҳо доир ба зарар ва нодурустии андешаҳои ифротӣ гузаронида мешаванд, омӯзгорон дар рафти дарсҳо ва соатҳои тарбиявӣ перомуни ин масъала соатҳо ҳарф мезананд, аммо мутаассифона, ҷавононе пайдо мешаванд, ки тафаккури догматикӣ ва консервативӣ доранд.
Барои он ки тафаккур ҷавонон ва махсусан донишҷӯёни курси якум, ки нав ба мактаби олӣ дохил шудаанд, гузаронидани пурсишномаҳо барои муайян кардани сатҳи тафаккури догматикӣ ва консервативии онҳо лозим аст. Хушбахтона, равоншиносон ва педагогҳои пешрафтаи олам матни чунин пурсишномаҳоро таҳия кардаанд ва методикаи муқаррар намудани дараҷаашро ҳам тавсия намудаанд. Ба гумони мо аз вохӯриҳои камсамар дида, гузаронидани пурсишнома дар гурӯҳҳои академии донишгоҳҳо баҳри муқаррар кардани сатҳи догматизм ва муайян намудани донишҷӯёни обсебпазир заруртар аст. Бо шахсони муайян бо истифодаи методологияи пешрафтаи психологӣ ва педагогӣ кор карда, тафаккури консервативӣ ва догматикиро ба ҷаҳонбинии илмӣ ва вусъат додани тафаккури интиқодӣ иваз кунонидан мумкин аст.
Албатта, барои ин корҳои методӣ ва тарзи ҳисоб кардани пурсишномаҳоро ба омӯзгорон ёд додан зарур аст.
Табиист, ки ин кори душвор ва заҳматталаб аст, аммо ба роҳи рост ҳидоят кардани ҷавоне, ки дидгоҳ ва тафаккури хатарзо дорад, рисолат ва вазифаи ҷонии омӯзгорон мебошад.
Агар ҷавон аз догматизм ба қабул карда тавонистани фикрҳои дигар гузарад, табиист, ки мутахассиси хубу варзида хоҳад шуд. Тафаккури интиқодиро дар чунин донишҷӯён тарбия кунонидан яке аз самтҳои Консепсияи миллии тарбия мебошад, ки ноил гардидан ба ншондодҳои он як нишонаи тарбия ёфтани насли ҷавон мебошад.
дотсенти кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойии
факултети забонҳои шарқи Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»