КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ - АМАЛӢ: «ТАМОЮЛҲОИ МУОСИРИ ОМӮЗИШ ВА ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ РУСӢ ҲАМЧУН ЗАБОНИ ХОРИҶӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Дар толори раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» таҳти унвони «Тамоюлҳои муосири омӯзиш ва таълими забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид.

Конференсияи мазкур дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2023» ва бахшида ба эълон гардидани «Солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия Ятимзода Содиқ конференсияро ифтитоҳ намуда, аҳаммияти баргузории чунин ҳамоишҳоро дар рушду тақвияти фаъолияти илмӣ-методӣ ва омӯзиши самараноки забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ таъкид намуд.
Зикр гардид, ки забони русӣ дар баробари забони англисӣ, яке аз василаҳои муҳимтарини муоширати илмӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ буда, дар таҳкими равобити байналмилалӣ ва боло бурдани сатҳи саводнокии донишҷӯён нақши калидӣ мебозад.
Дар идома доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рустамова Гуландом дар мавзуи «Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълими забони русӣ», номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи забони русии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Боронова Светлана таҳти унвони «Забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: сиёсати забон, рушд ва тамоюлҳо», аз Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ Сафарова Марина перомуни «Тавсияҳо оид ба гузаронидани лексияҳо ва машғулиятҳои амалӣ барои донишҷӯёни гурӯҳҳои миллӣ», номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ Шарипов Восид дар бораи «Таҳлили овозии матн дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва тарҷумаи русии Гавриил Державин» ваномзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус Камолова Муаззам дар мавриди «Имкониятҳои татбиқи курси интенсивӣ дар таълими забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ» маърӯза намуданд.
Зимни ироаи маърӯзаҳо масъалаҳои муҳимми марбут ба таҳкими заминаҳои методӣ ва василаҳои муосири таълими забони русӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бо истифода аз таҳқиқоти илмӣ ва таҷрибаи амалӣ, масъалаҳо ба монанди истифодаи технологияҳои рақамӣ дар дарсҳо, такмили усулҳои таълим, мутобиқсозии маводи таълимӣ бо ниёзҳои замони муосир, инчунин татбиқи курсҳои интенсивӣ ҳамчун воситаи муассири баланд бардоштани сатҳи дониш дар муҳассилин баррасӣгардиданд.
Дар қисмати муҳокимаҳо байни устодону муҳаққиқон мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён тавсияҳои муфид оид ба баланд бардоштани самаранокии таълими забони русӣ дар Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин конференсияҳо заминаи мусоид барои мубодилаи таҷриба байни муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯён фароҳам оварда, ба баланд бардоштани сифати таълим ва рушди усулҳои инноватсионии омӯзиши забонҳо мусоидат менамояд.
Маркази иттилоот ва таҳлил