Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ: “Нақш ва мақоми технологияҳои рақамӣ дар иттилоотикунонии ҳаёти ҷомеа”

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Нақш ва мақоми технологияҳои рақамӣ дар иттилоотикунонии ҳаёти ҷомеа” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид. Конференсияи мазкур бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ба роҳ монда шуд.
Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода конференсияро ифтитоҳ бахшида, дар мавриди рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ–коммуникатсионӣ ва рақамикунонӣ дар шароити муосир ҳамчун қувваи пешбарандаи иқтисодиву иҷтимоӣ ибрози назар намуд.
“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ зарурати густариши истифодаи технологияҳои рақамиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа зикр намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад. Бо мақсади ба ин ҳадафҳои созандаи Пешвои муаззами миллат ноил гардидан раёсати донишгоҳ тадбирҳои муҳимеро роҳандозӣ намуда истодааст”- афзуд ректори донишгоҳ.
Гуфта шуд, ки татбиқи дастуру супоришҳои мазкур барои таҳлили фаъолияти таълимӣ имкон медиҳад, ки сифати таҳсилот беҳтар гардад. Технологияҳои зеҳни сунъӣ, ки имрӯз ба ҳукми як ҷодаи тозаи технологӣ ёд мешавад, метавонад барои автоматизатсияи равандҳои қабул, санҷиши корҳои хаттӣ ва шахсисозии таҳсилот истифода шаванд.
Таъкид гардид, ки рақамикунонии низоми идоракунии таҳсилоти олӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ як раванди мураккаб ва бисёрҷабҳа мебошад, ки ҳам афзалиятҳо ва ҳам мушкилот дорад. Аз як тараф, технологияҳои рақамӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ, сифат ва дастрасии таҳсилот имкониятҳои нав фароҳам меорад, аз тарафи дигар, онҳо бо мушкилоти нобаробарии технологию рақамӣ, амнияти киберӣ, муқовимат ба тағйирот ва таъмини сифати таҳсилот рӯ ба рӯ мешаванд.
Зикр шуд, ки рақамикунонии раванди таълим дар Донишгоҳ як ташаббуси муҳим барои баланд бардоштани сифат ва самаранокии омӯзиш ба ҳисоб меравад. Бо истифода аз технологияи иттилоотӣ ин раванд на танҳо такмил меёбад, балки имкониятҳои бештари омӯзиши интерактивиро барои ҳамаи иштирокчиён фароҳам меоварад.
Дар идома доктори илмҳои иқтисодӣ, директори Институти илмӣ – тадқиқотии рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Қодиров Абдураҳмон дар мавзуи “Ҳукумати электронӣ дар рушди иттилоотикунонии ҷомеа”, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Назаров Аҳтам перомуни “Нақши методи Пулот дар рақамикунонии раванди таҳсилот ва санҷиши объективонаи дониш” ва номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи умумидонишгоҳии информатикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Икромова Инобатҷон доир ба мавзуи “Нақш ва мақоми технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим” маърӯза намуданд.
Конференсия дар чор бахш ба кори худ идома намуда, дар доираи он беш аз шаст маърӯза ироа шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил