Конференсияи илмӣ-назариявӣ: “Тағйирёбии иқлим: пиряхҳо ва захираҳои обӣ”

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки таҷрибаомӯз-донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси географияи факултети геоэкология ва туризм конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Тағйирёбии иқлим: пиряхҳо ва захираҳои обӣ” баргузор гардид.
Ин чорабинӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва солҳои 2020–2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” бахшида шуд.
Дар конференсия мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони раёсати донишгоҳ, дотсент Пӯлотов Назирҷон, мудири кафедраи геоэкология ва методикаи таълим, дотсент Турдиев Турди, омӯзгорони факултет, муовинони директори муассиса, хонандагон ва донишҷӯён иштирок карданд.
Чорабинӣ бо маърӯзаҳои донишҷӯён ва хонандагон дар мавзуъҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва аҳамияти ҳифзи пиряхҳо ҷараён гирифт. Дар поёни конференсия барои иштироки фаъолона ва маърӯзаҳои беҳтарин як қатор хонандагон ва донишҷӯён бо сипоснома ва ифтихорномаҳо қадр шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил