КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ
Дар толори раёсати Донишгоҳ ба ифтихори таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз 16 марти соли 2026 конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон – ватани Наврӯз аст» баргузор гардид. Ҳадафи чорабинӣ таҳқиқу баррасии ҷойгоҳи Наврӯз дар таъриху фарҳанги миллӣ, инчунин густариши омӯзиши илмии ин ҷашни бостонӣ арзёбӣ шуд.

Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ Содиқ Ятимзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои тамаддуни ориёӣ ва ҷузъи муҳимми фарҳанги миллӣ дар ташаккули худшиносии мардум нақши назаррас дорад. Ба гуфтаи ӯ ҷашни Наврӯз маҳз бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифта, ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.
Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ суханронӣ намуда, доир ба аҳаммияти фарҳангиву иҷтимоии Наврӯз ва нақши он дар таҳкими ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ибрози назар намуд.
Баъдан, устодону муҳаққиқони Донишгоҳ Фаррух Ҳусайнӣ дар мавзуи «Наврӯз дар замони Сомониён ва Сосониён», Шарифҷон Тоҷизода дар мавзуи «Наврӯз дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», Исломҷон Раҳимов дар мавзуи «Таъсири Наврӯз ба фарҳанги миллатҳои дигар» ва Ҷамолиддин Абдукаримов дар мавзуи «Пешвои миллат ва ҷашни Наврӯз» бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд.
Дар маърузаҳо масъалаҳои таърихи пайдоиш ва таҳаввули Наврӯз, инъикоси он дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ, нақши ин ҷашн дар таҳкими арзишҳои фарҳангӣ ва густариши робитаҳои фарҳангии байни миллатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ барои омӯзиши амиқтари ҷашни бостонии Наврӯз, муаррифии арзишҳои фарҳангӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил