КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: “ТИРОЗИ ҶАҲОН ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ”
Дар толори раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ба ифтихори Рӯзи шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Тирози ҷаҳон дар масири таърих” баргузор гардид. Дар кори он ҳайати устодон, олимон, донишҷӯён ва муҳаққиқони соҳаи таърих ширкат варзиданд.

Ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин зимни суханронии худ таъкид намуд, ки шаҳри Хуҷанд дар тӯли асрҳо ҳамчун маркази бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии минтақаи Осиёи Миёна нақши калидӣ бозидааст. Ба гуфтаи ӯ, мавқеи ҷуғрофии шаҳри бостонӣ — воқеъ шудан дар дарвозаи водии Фарғона, ки онро “марвориди Осиёи Марказӣ” меноманд, ба Хуҷанд мақому манзалати хосса бахшидааст.
Ректори донишгоҳ таърих ва саргузашти пурғановати Хуҷандро ибратбахш ва боиси ифтихор арзёбӣ карда, зикр намуд, ки “саҳифаҳои пуршарафу нотакрори он таҷассуми рӯҳи созанда, мероси гаронбаҳо ва таҷрибаи ноби мардум мебошад, ки имрӯз низ илҳомбахши наслҳои ҷавон аст.”
Таъкид гардид, ки Хуҷанд дар тӯли таърих зодгоҳи фарзандони фарзонаи миллат — олимону шоирон, нависандагону санъаткорони машҳур, аз қабили Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Маҳастӣ, Камоли Хуҷандӣ, Тошхоҷа Асирӣ, Содирхони Ҳофиз, Ҳоҷӣ Юсуф, аллома Бобоҷон Ғафуров, академик Муҳаммад Осимӣ, адибони тавоно Раҳим Ҷалил, Фарзона ва садҳо дигарон будааст. Ин шахсиятҳо бо осору мероси пурарзиши худ дар хазинаи фарҳангии ҷаҳонӣ низ ҷойгоҳи шоиста доранд.
Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Набизода Ҷамшед иштирокчиёни конференсияро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд табрик гуфта, дар мавриди дастовардҳои шаҳр дар замони Истиқлол таъкид дошт, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ Хуҷанд симои худро куллан тағйир дода, ба туфайли дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду нумӯи тоза ёфт.
Дар идома доктори илмҳои таърих, мудири кафедраи таърихи умумӣ Абдусалом Аюбов бо маърӯзаи худ таҳти унвони “Профессор Абдуллоҷон Мирбобоев – муҳаққиқи таърих ва фарҳанги Хуҷанди бостонӣ” ва номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷамолиддин Абдукаримов перомуни “Бозтоби таърихи Хуҷанд дар рисолаи «Мунтахаб-ут-таворих»-и Муҳаммад Ҳакимхон” маърӯза ироа намуданд.
Қайд гардид, ки чунин ҳамоишҳои илмӣ ба таҳкими худшиносии миллӣ, омӯзиши амиқи таърихи бостонӣ ва арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ мусоидат карда, дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён нақши муассир доранд.
Маркази иттилоот ва таҳлил