​Конференсияи илмӣ-амалӣ: “Муаррихи номвар ва инсони соҳибхирад”

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Муаррихи номвар ва инсони соҳибхирад” конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Ташаббуси мазкур ба муносибати 80-солагии яке аз шахсиятиҳои барҷастаи илмӣ, доктори илмҳои таърих, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Абдуллоев Сайдулло роҳандозӣ гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом конференсияро ифтитоҳ бахшида, аз хидмат ва саҳми профессор Абдуллоев Сайдулло дар таъмини рушди илм ва маориф таъкид намуд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба бузургдошт ва арљгузорї ба хизматҳои шоистаи фарзандони содиқи Ватан таъкид доштаанд, ки зиндагиномаи ҳар як шахсияти маъруфи Тоҷикистон мактаби бузурги таҷрибаи ҳаёт мебошад. Яке аз чунин шахсиятҳои номӣ, ҷоннисори илму маърифат, донишманди фозил, доктори илмҳои таърих, профессор Сайдулло Абдуллоевич мебошанд, ки умри пурбаракати хешро дар роҳи таҳқиқу пажӯҳиши масоили мубрами халќи тољик, таълиму тарбияи шогирдони зиёди ин ришта сарф кардаанд. Дар муддати 34 соли фаъолияти касбӣ – аз ассистент то ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Сайдулло Абдуллоевич, пеш аз ҳама, тарбиятгар буданд ва дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд” – афзуд ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом.

Гуфта шуд, ки рисолаҳои илмии Сайдулло Абдуллоевба масъалаҳои муҳимтарини илми таърих бахшида шуда, дар ин замина устодро ба сифати як муҳаққиқи соҳиблаёқат ва пуркору бомаҳорат муаррифӣ кардаанд. Аз ин ҷиҳат буд, ки мавзуи интихобнамудаи Сайдулло Абдуллоевич ба масъалаҳои инқилоби маданӣ ва вусъатёбии он дар деҳоти Тоҷикистон ҳамчун рисолаи номзадӣ бо истиқболи гарми таърихчиён пазируфта шуд. Профессор Сайдулло Абдуллоев ба корҳои арзишманди тадқиқотӣ пардохта, рисолаи доктории хешро дар мавзуи “Мактабҳои олии Тоҷикистон (солҳои 1931-1991)” дар Шӯрои диссертатсионии назди Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон бо муваффақият ҳимоя намуданд.

Зикр шуд, ки асарҳои профессор Сайдулло Абдуллоев ба монанди “Амир Исмоили Сомонӣ”, “Сомониён дар оинаи таърих”, “Исмоили Сомонӣ”, “Амирони Сомонӣ”, “Президент Эмомалӣ Раҳмонов” (ҳаммуаллиф А.Сайфуллоев), “Ҷуғрофияи таърихии давлати Сомониён”, “Фарҳанги Сомониён” имрӯз ҳамчун сарчашмаҳои арзишманди таърихӣ маҳсуб меёбанд, ки ҳамчун асари рӯимизии устодону шогирдон эътироф шудаанд.

Дар идомаи конференсия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ суханронӣ намуда, зикр дошт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳамчун як маркази бонуфузи илмӣ дар давраи роҳбарии Саъдулло Абдуллоевич ба як марҳалаи муҳимтарини рушд ворид гардид ва пас аз нақшаву барномарезиҳои мавсуф боз ҳам тақвияту пуровоза гардид. Аз ҷумла, иқтидори илмиву техникии Донишгоҳ зиёд шуда, бо таъсиси ихтисосҳои гуногун теъдоди кафедраву факултетҳо афзоиш ёфтанд.

Илова бар ин, таъсиси марказҳои илмӣ дар Донишгоҳ, аз қабили Маркази тадќиќи тамаддуни Сомониён, кафедраи тадќиќоти гуманитарии ЮНЕСКО яке аз самтҳои фаъолияти кории устодро таҷассум намуда, ҳамкориҳои ин боргоҳи илму маърифатро бо донишгоњњои ИМА, Олмон, Миср, Покистон, Эрон, фондњои маъруфи байналхалќї (Сорос, Оќохон, Евразия), барномањои озмунии «Фулбрайт» (ИМА) ва ТАСИС (Аврупо) густариш бахшид.

Таъкид рафт, ки барои ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ дар таърихи моҳи июни соли 1996 рӯйдоди таърихӣ маҳсуб меёбад, ки маҳз дар ҳамин вохӯрӣ ректори вақтии донишгоҳ, профессор Абдуллоев Сайдулло аз Роҳбари давлат хоҳиш карданд, ки дар бораи ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гузоштани номи академик Бобоҷон Ғафуров мусоидат намоянд.

Ин қарори таърихан муҳими Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30-юми апрели 1997 дар ҷашни 65– солагии Донишгоҳ дар ҳузури аҳли илму маориф ва фарҳанги вилояту ҷумҳурӣ дар саҳни бинои садорати он садо дод. Дар радифи ин муждаи нек Сарвари давлат иброз намуданд, ки: «Як сол қабл аз ин ҳангоми мулоқоти мо бо зиёиёни вилоят, ки дар толори ҳамин Донишгоҳ сурат гирифта буд, пешниҳод шуда буд, ки ба ин Донишгоҳ номи Бобоҷон Fафуров гузошта шавад. Хушбахтона, имрӯз ин нияти хайр ҷомаи амал мепӯшад. Ба номи академик Бобоҷон Fафуров номгузорӣ шудани Дониш­гоҳи давлатии Хуҷанд маънои басо рамзӣ дорад».

Дар идомаи кори конференсия аз ҷониби профессори кафедраи грамматикаи забони арабӣ таҳти унвони “Профессор Сайдулло Абдуллоев-муассиси аввалин маркази илмӣ дар донишгоҳ”, дотсенти кафедраи таърихи халқитоҷик Шарифов Шавкат перомуни “Саҳми профессор Сайдулло Абдуллоев дар таъсиси Шурои диссертатсионии назди донишгоҳ оид ба таърих ва тарбияи муаррихони соҳибунвон” маърӯзаҳо шунида шуд.

Қисмати музокираи конференсия бо суханронии дотсент Саидмурод Ҳоҷиев ва профессорон - Ҳомидзода Фурқат, Неъматҷон Файзуллоев, Абдусаттор Абдуқодиров давом ёфт.

Дар фарҷоми конференсия хотираҳои ҳамкорону дӯстон ва пайвандони шодравон профессор Сайдулло Абдуллоев шунида шуд. Аз ҷумла, духтари профессор Сайдулло Абдуллоев - сардори раёсати кадр ва корҳои махсуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Сайдуллозода Заррина суханронӣ намуда, барои ташкили конференсияи мазкур изҳори сипос намуд.

Мавсуф таъкид дошт, ки пайроҳаи зиндагии профессор Сайдулло Абдуллоев барои фарзандон ва шогирдони устод намунаи ибрат ва пайравӣ буда, барои ҳифзи номи нек ва идомаи аъмоли наҷибу гиромидошти хотираи падар ҳамчун масъулияти баланд тамоми дониш, нерӯ ва кӯшиши худро равона мекунанд.

Бо иҷрои суруди дилнишин аз ҷониби сарояндагони номӣ конференсия ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ