КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: «ИСТИҚЛОЛ ВА ГИРОМИДОШТИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ»
Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Истиқлол ва гиромидошти арзишҳои миллӣ» бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид.
Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ҳозиринро ба ифтихори ҷашни фархунда табрик намуда, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро марҳалаи тақдирсоз ва заминаи воқеии рушди илму маърифат, эҳёи арзишҳои миллӣ ва поягузории давлати ҳуқуқбунёду мутамаддин арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон марҳалаи муҳимму созандаеро дар роҳи рушди иқтисодиёти давлатӣ, инкишофи расму одатҳои аҷдодӣ ва эҳёи таомулоти миллии миллатамон боз намуда, дар ин замина барои бунёди давлати ҳуқуқбунёду мутамаддин шароити мусоидеро фароҳам овард. Аз ин ҷиҳат, бо қадршиносӣ ва эҳтироми ин ҷашни фархунда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки: «Истиқлоли давлатӣ барои миллати тамаддунсози мо дар марзи ду садсола падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад ва бинобар ин, мо бояд онҳоро аз дидгоҳи фарохтару баландтар тақвиму тақдир намоем».
Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин афзуд, ки Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бо ҳадафи татбиқи сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, ки ба ояндаи дурахшони кишвар хушбинанд, корҳои муайяну созандаеро амалӣ карда истодааст.
Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун баргоҳи илму маърифат ва маскани таълими наслҳои созандаву мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замон дар пешрафту инкишофи маънавии мамлакатамон нақши намоён дорад.
Бо ифтихор ва сарфарозӣ аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ректори донишгоҳ таъкид дошт, ки ҷиҳати васеъ намудани доираи фаъолияти Донишгоҳ ва таъмини шароити беҳтару хубтар дар ҷодаи таълиму тарбия тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ менамоянд.
Доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шавкат Шаропов дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон – поягузори Истиқлоли миллии Тоҷикистон» ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус перомуни «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи худшиносиву худогоҳии миллӣ» маърӯзаҳои илмӣ ироа намуданд.
Олимон дар баромадҳои худ нақши сарнавиштсози Истиқлолро дар рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишвар, ҳамчунин саҳми Пешвои миллатро дар эҳёи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бо далелу воқеаҳои таърихӣ равшан намуданд.
Дар анҷоми конфронс изҳори умед шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ ба таҳкими худшиносии миллӣ ва таҳқиқи амиқи дастовардҳои замони Истиқлол мусоидат хоҳад кард.
Маркази иттилоот ва таҳлил