​Конференсияи илмӣ-амалӣ: “Академик Бобоҷон Ғафуров – фарзанди фарзонаи миллат”

Дар доираи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ дар Муассисаи таълимии “Мактаб барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид. Конференсияи мазкур бахшида ба 116-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Академик Бобоҷон Ғафуров – фарзанди фарзонаи миллат” баргузор шуд.

Дар конференсия дар бораи ҳаёт, фаъолият ва дастовардҳои илмии академик Бобоҷон Ғафуров маърӯзаҳо шунида шуд.

Дар қисмати ниҳоии чорабинӣ, дотсенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ Раҳматова дар бораи шароити таҳсил ва имкониятҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуро маълумот дод.

Ҳадафи асосии конференсия эҳтиром ба мероси илмӣ ва фарҳангии академик Бобоҷон Ғафуров, инчунин баланд бардоштани маърифат ва ифтихори миллии хонандагон унвон шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ