​Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ: “Нақши иқтисоди рақамӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар”

Дар толори раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши иқтисоди рақамӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар” баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҳамоиш баррасии дурнамо, мушкилот ва имкониятҳои иқтисоди рақамӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва нақши он дар рушди устувори иқтисодиву саноатии Тоҷикистон мебошад.

Муовини ректор оид ба таълим профессор Абдуллозода Насим ҳамоишро ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ зикр кард, ки баргузории чунин конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ шаҳодати равшани таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди илм ва иқтисоди миллӣ мебошад.
Дар кори конференсия муовини Раиси вилояти Суғд оид ба иқтисодиёт ва молия Анвар Яъқубӣ иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки иқтисоди рақамӣ имрӯз ба унвони яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди ҷаҳонӣ эътироф гардида, татбиқи он дар Тоҷикистон низ ҷузъи муҳими сиёсати иқтисодии давлат аст.
Гуфта шуд, ки саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст, танҳо дар асоси ворид намудани технологияҳои рақамӣ ва истифодаи имкониятҳои иқтисоди рақамӣ амалӣ шуда метавонад. Аз ҳамин лиҳоз, зарур аст, ки ҳар як муассисаи таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, саҳми босазои худро дар тарбияи мутахассисони соҳибмаҳорати ин самт гузорад»
Дар идомаи кори ҳамоиш як қатор олимону мутахассисони варзида бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуданд. Академики АМИТ, доктори илмҳои физика-математика, профессор Илолов Мамадшо дар мавзуи “Плюсы и минусы искусственного интеллекта” суханронӣ намуда, паҳлуҳои мусбат ва манфии рушди зеҳни сунъиро шарҳ дод.
Академики АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи байналмилалии Тошкент – “Кимё” Ғуломов Саидаҳрор доир ба мавзуи “Трансформация высшего образования Средней Азии в эпоху искусственного интеллекта” зарурати мутобиқсозии низоми таҳсилоти олӣ ба шароити рақамикунонии ҷомеа ва пешрафти технологияҳои муосирро мавриди таҳлил қарор дод.
Узви вобастаи АМИТ Саидмуродзода Лутфулло доир ба “Цифровая экономика и некоторые задачи отечественной экономической науки” андешаҳои илмии худро баён намуда, масъалаҳои мубрами илми иқтисодро дар заминаи рақамикунонӣ шарҳ дод.
Сардори Раёсати танзими савдои электронии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Солиев Фаррух дар мавзуи “Рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, аз ташаббусҳо ва барномаҳои давлатӣ дар ин самт иттилоъ дод.
Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Қодирзода Абдураҳмон бо маърӯзаи худ таҳти унвони “Трансформация экономики в цифровую экономику и Индустрия 4.0” баромад карда, ба масъалаи ҳамгироии иқтисоди миллӣ ба равандҳои ҷаҳонии рақамисозӣ ва таҳқиқоти худ ишора намуд.
Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДДҲБСТ Ризозода Тура дар мавзуи “Вклад профессора Кодирзода Абдурахмон в развитие отечественной экономической науки” суханронӣ намуда, саҳми арзандаи ин олими тоҷикро дар пешбурди илми иқтисоди миллӣ баланд арзёбӣ кард.
Таъкид шуд, ки иқтисоди рақамӣ ҳамчун омили муҳими пешрафти босуръати иқтисод ва саноатикунонӣ дар замони муосир мавқеи калидӣ дошта, тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва амалии байналмилалӣ дар ин самт барои Тоҷикистон ва минтақа аҳамияти хосса дорад.
Конференсияи байналмилалӣ бо муҳокимаи васеъ, саволу ҷавоб ва мубодилаи таҷрибаи илмии мутахассисон ҷамъбаст гардид.



Маркази иттилоот ва таҳлил




МАРКАЗИ ИТТИЛООТ