​Конференсияи ҷамъбастии таҷрибаомӯзон

Дар мактаб – интернати давлатии барои бачагони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд аз ҷониби таҷрибаомӯзони факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, курси 4 ихтисоси логопедия. Таҳсилоти ибтидоӣ ва таҷрибаомӯзони курси 4, ихтисосҳои олигофренопедагогика. Таҳсилоти томактабӣ коференсияи ҷамъбастиитаҷрибаомӯзон доир гардид.

Қироати шеър, рақс аз ҷониби таҷрибаомӯз ва хонандагон, суруди бойчечак, суруди якка “Муаллим”,саҳнача таҳти унвони “Модари ман - беҳтарин”, ороиши дастурхон, суруди умумӣ ва рақси умумӣ чорабиниро ҳусни дигар бахшид, ки дар он ҳамаи хонандагон ва таҷрибаомӯзон иштирок намуданд.

Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ дотсент Пӯлотов Назирҷон суханронӣ намуда, дар мавриди талабот ва ҷараёни раванди таҷрибаомӯзӣ таъкид намуд.

Аз таҷрибаомӯзон даъват шуд, ки аз имконияти мазкур самаранок истифода бурда, ҷиҳати татбиқи донишҳои назарӣ кӯшиш намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ