​КОНФЕРЕНСИЯ: МУАММО ВА ДУРНАМОИ ИЛМИ МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ ВА РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар толори раёсати Донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Муаммо ва дурнамои илми методикаи таълим дар раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди инноватсионӣ» бо иштироки устодону донишҷӯён, магистрантону унвонҷӯён ва докторантон доир гардид.

Конференсияро ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маорифи кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хеш маорифро соҳаи афзалиятнок мешуморанд, зеро пешрафти ҳар як кишвар, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол, ба пешрафти соҳаи маориф вобаста аст. Гуфта шуд, ки рушди инноватсионӣ раванди ҷорӣ кардани тағйироти сифатан нав дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла маориф ва илми методика буда, дар соҳаи методика маънои гузариш аз усулҳои анъанавӣ ба технологияҳои пешрафта ва методҳои фаъоли омӯзишро дошта, талаб мекунад, ки муаллимон доимо донишҳои худро такмил диҳанд ва аз таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ дар соҳаи педагогика истифода баранд.

Сипас мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд суханронӣ намуда, таълими босалоҳияти фанҳоро ҳам барои мактабҳои олӣ ва ҳам муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз муҳимтарин масъалаҳои соҳаи маориф дониста, мақсади онро инкишоф додани тафаккури мантиқӣ, фарҳанги сухан ва такмили маҳорат ва малакаи таҳқиқӣ, ба забони давлатӣ омода кардани насли наврас ва мутахассисони баландпояи муосир унвон намуд.

Дар идома доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саъдулло Неъматов дар мавзуи «Мавқеи забони адабӣ дар такмили фарҳанги нутқи муҳассилин», профессор Абдусаттор Абдуқодиров дар мавзуи «Марҳилаи нав дар ташаккули сиёсати давлатии забон дар Тоҷикистон» ва дотсент Мирзоҳабиб Аҳмадов дар мавзуи «Мақоми асарҳои саҳнавӣ дар барномаҳои замони Истиқлол» маърузаҳои пурмуҳтавои илмӣ ироа намуданд.

Дар бахшҳои конференсия 44 маърузаи илмӣ дар назар гирифта шуда, кори он санаи 12-уми декабр дар факултети филологияи тоҷик идома меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ