ИШТИРОКИ УСТОДИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФРОНСИ ИЛМИИ «МАТНШИНОСӢ ВА САРЧАШМАШИНОСИИ ШАРҚ»-И ИНСТИТУТИ ШАРҚШИНОСИИ АИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ
Санаҳои 20-22-юми октябри соли 2025 бо ташаббуси бахши мероси хаттии Шарқи Институти ховаршиносии Академияи илмҳои Федератсияи Русия ҳамоиши 15-умини солонаи «Матншиносӣ ва сарчашмашиносии Шарқ» баргузор гардид. Дар бахши намоишии он (Стендовая секция) Директори институти илмӣ – тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Донишгоҳ доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нурзод зери унвони «Первое издание Дивана Хафиза на основе рукописей Мавераннахра» («Нахустин нашри Девони Ҳофиз бар мабнои нусхаи хаттие аз Фароруд» суханронӣ намуд, ки матни маърузаҳои шомили он дар толор ва сомонаи институти мазкур гузошта шудааст.
Гуфта мешавад, ки устоди Донишгоҳ бори дувум дар ин ҳамоиши солона ширкат намуда, соли 2023 дар мавзуи «Редкая рукопись комментария к Дивану Бедиля и ее роль в осмыслении взглядов поэта»суханронӣ намуда буд.
Маҷмуи фишурдаи мақолоти ин ҳамоиш бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба нашр расидааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил