​ИШТИРОКИ УСТОДИ ДОНИШГОҲ ДАР ҲАМОИШИ ИЛМИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХОВАРШИНОСОН ДАР ШАҲРИ МОСКВА

Дар Пажуҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Федератсияи Русия конференсияи байналмилалии «Ҷанги дуюми ҷаҳон ва Шарқ: Ғалабае, ки ҷаҳонро дигаргун сохт» баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар конференсия сафирон ва кормандони масъули сафоратхонаҳои кишварҳои Шарқи муқими Москва, олимони Пажуҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Федератсияи Русия, Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии мамлакатҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Москва ба М.В.Ломоносов, Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии таърихи ҳарбии Академияи ҳарбии Ситоди (Штаб) Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ФР, олимони марказҳои илмии ховаршиносии ФР ва ховаршиносон аз ИДМ ширкат варзиданд.

Конференсия бо сухани табрикотии роҳбари илмии Пажуҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Федератсияи Русия, академик В.В.Наумкин (узви ифтихории АМИТ), директори Пажуҳишгоҳи ховаршиносӣ А.К.Аликберов ва муовини ӯ оид ба илм Н.Г.Романова ифтитоҳ гардид.

Дар конференсия Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федералии Демократии Непал дар ФР ҷаноби Чаухан Ҷанга Баҳодур, атташеи ҳарбии Сафорати Муғулистон дар ФР генерал Пурэвсурэн Ҷаргалан ва дигарон суханронӣ ва маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ, узви Анҷумани ховаршиносони ИҶШС (соли 1988) Шавкат Шарипов иштирок ва дар мавзуи «Саҳми Тоҷикистон дар Ғалаба» маърӯзаи илмӣ намуда, доир ба корнамоии фиристодагони Тоҷикистон дар майдони набард ва меҳнати қаҳрамононаи меҳнаткашон дар ақибгоҳ суханронӣ намуд.

Дар маҷмуъ, рӯзҳои 22-23-юми октябр дар конференсия наздик 40 маърузаи илмӣ баррасӣ гардида, маводи он дар ду ҷилд нашр шуд ва ба иштирокчиён тақдим гардид.

Конференсия дар сатҳи баланди илмӣ баргузор гашта, дар Қатъномаи (Резолютсия)-и он қайд гардид, ки Ғалабаи бузург дар ҶБВ дар натиҷаи далерию мардонагии фарзандони тамоми халқҳои шуравӣ ба даст омада, омили асосии Ғалабаи дӯстии халқҳои шуравӣ буд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ