Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва таъсири он ба афкори ҷомеа


Бо пайдоиш ва рушди интернет инсоният дар самти шинохти сайёраи Замин ва кайҳон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва имкониятҳои фаровони интернетро ҳамқадами ҳаёт ва фаъолияти худ интихоб намуд. Дар Тоҷикистон низ шурӯъ аз солҳои аввали асри 21 интернет пайдо гардида, рушд намуд. Ҳарчанд нақш ва аҳамияти интернет барои инсоният бебаҳс аст, аммо пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро ба он водор мекунад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет бошем.

Имрўз дар Тоҷикистон истифодабарандагони шабакаи Internet торафт зиёд мегардад ва шабака торафт дар иҷтимоикунонӣ саҳмгузор мешавад. Шахс маълумот ва маводи заруриро аз интеренет аксар вақт ройгон ва мустақим ба даст меорад.

Дар баробари ин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавзўъҳои мухталифи иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои ҳаллу фасли онҳо аз ҷониби шаҳрвандони синну сол ва касбу кори гуногун андеша ва пешниҳодҳо манзур карда мешавад. Хосатан дар шабакаи иҷтимоии фейсбук гурўҳҳои ба монанди «Ман Хуҷандро дўст медорам», “Ахбор барои афкор”, «Тоҷикистони мо», “Нигоҳи зан” мавзўъҳои ба миёномадаи ҷомеаро ба баррасӣ мекашанд ва аъзои гурўҳ хеле фаъолона дар баррасии онҳо ширкат менамоянд. Аз сабаби он, ки аксарияти гурўҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба озод амал менамоянд, яъне маҳдудияти синну сол, ҷинс, касбу кор, минтақа вуҷуд надорад, барои ҳамин ҳам, аъзо аз лиҳозу донишу маърифат гуногун мебошанд. Наврасону ҷавонони камтаҷриба ва камсавод аз маърифати сиёсии иштирокдорони фаъол дониш мегиранд ва бо мурури вақт сатҳи фаъолнокии онҳо боло меравад. Шабакаҳои иҷтимоӣ василаи омӯзиш буда, дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ саҳмгузор мешаванд. Мисол, санаи 13 августи соли равон яке аз аъзои гурўҳи «Ман Хуҷандро дўст медорам» Умеда Бобоҷонова матлаберо зери унвони «Ба ҷавононе, ки ба шумо дар нақлиёти мусофиркашонӣ ҷой медиҳанд, ташаккур гуфтанро фаромўш накунед»-ро пахш намуд. Дар натиҷа панҷоҳу ду нафар андешаҳои хешро роҷеъ ба сатҳи ахлоқи ҷавонони имрўза, ҳодисаҳои ҷой надодани наврасону ҷавонон ба калонсолон, тарбияи ҷавонони даврони гузашта ва имрўза, муносибати калонсолон бо ҷавонон ва ғайра изҳор намуданд. Ҳамчунин дар ҳамон сана Ҷамшед Мирзохонов доир ба ифлосии бозори Панҷшанбе расмеро ҷойгир намуд ва дар зарфи чанд соат 45 нафар аъзои гурўҳи «Ман Хуҷандро дўст медорам» нисбати масъалаи мазкур вокуниш нишон дода, атрофи масъалаи тозаву озода нигоҳ доштани бозор андешаронӣ намуданд. Бояд гуфт, ки истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ баробари иштирок намудан дар баҳси масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсӣ, ҳамчунин, аз наворҳои гуногун дар дохили шабакаҳо дидан менамоянд. Асосан, чунин наворҳо аз ҷониби истифодабарандагон бо мақсадҳои ҳалли масъалаҳои гуногун ҷой дода мешаванд. Ба ҳар ҳол, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тамошои наворҳо ба афкори сиёсии истифодабарандагон таъсири муайян мерасонад. Аз ҳамин нуктаи назар, ҳоли ҳозир шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз роҳҳои муассири иҷтимогароии наврасону ҷавонон ба ҳисоб меравад. Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ онҳо зуд чизҳои навро аз худ мекунанд ва дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ саҳмгузор мешаванд. Аммо, ногуфта намонем, ки шабакаҳои иҷтимоӣ баробари ҷиҳатҳои мусбат таъсири манфӣ низ доранд. Агар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз як ҷониб, ба боло рафтани маърифати сиёсӣ ва иҷтимоигароии сиёсии шахс мусоидат намоянд, аз тарафи дигар, аз ҳад зиёд дода шудан ва гирифтории шахс ба интернет боиси дур шудани ў аз муҳити иҷтимоӣ низ мегардад. Муҳаққиқи англис Д. Люис, баъди таҳқиқоти худ «Мурдан аз иттилоот» ба чунин хулоса омад, ки ҳаҷми зиёди иттилоот, ба монанди ҳаҷми ками иттилоот хатарнок мебошад. Аз ҳад зиёд будани иттилоот аз маҳорати таҳлилнамоӣ маҳрум менамояд ва фард интихоби дуруст ва қарори муносиб қабул карда наметавонад».

Ҳангоми истифодаи зиёд ва бемаврид шахс ба интеренет вобастагӣ пайдо мекунад. Чунин шахсон интернетро асосан барои муошират, ба қаҳрамони хаёлӣ табдил ёфтан, махфӣ мондан ва осонии бакорбарии он истифода мебаранд. Баъдан шахс ба воқеияти хаёлӣ ворид шуда, худро аз мушкилоти воқеии зиндагӣ раҳо намудан мехоҳанд. Худбаҳодиҳии паст, муоширати зинда карда натавонистан, ноқаноатмандӣ аз худ ва эҳтироми дигарон низ шахсро ба вобастагии интернетӣ гирифтор карда метавонад.

Аввалин нафароне, ки зуҳуроти вобастагӣ аз интернетро омўхтаанд, равоншиносони амрикоӣ К. Янг ва И. Голдберг (1994) мебошанд. Худи мафҳуми “вобастагии интернетӣ” – ро доктор Айвен Голдберг соли 1996 истифода бурдааст. Ҳангоме, ки олимон дар бораи вобастагии компютерӣ ё интернетӣ сухан мегўянд, онро дар назар доранд, ки одамон дар як рўз то 18 соат вақти худро дар назди компютер, интернет, бозиҳои комютерӣ гузаронида, олами хаёлии онро ҳамчун воқеияти зиндагӣ қабул мекунанд. Ба андешаи мутахассисон айни замон 10% истифодабарандагони интернет ба чунин вобастагӣ гирифторанд .

Вобастагии интернетӣ чунин нишонаҳо дорад: доимо тафтиш намудани почтаи электронии худ, ҳамеша дар фикри ворид шудан ба интернет будан, пайваста ҷутуҷӯ кардани ахбори лозимаю нолозим дар режими онлайни интернет, истифодаи бемаҳдуди бозиҳои компютерӣ, пайваста сўҳбат кардан бо воситаи чат ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо шиносону дўстон ва ҳамкорон. Чунин одамон бо қатъ шудани интернет ва бе компютер мондан асабӣ шуда, ба депрессия мераванд. Агар вобастагии интернетӣ давом кунад, дигар шахс аз муоширати зинда канораҷўйи мекунад, ба атрофиён, саломатӣ (дарди чашмон, тахтапушт, меъда, сардардӣ, бехобӣ) аҳамият намедиҳанд.

Чунин одамон вақти худро дар шабакаи интернетӣ назорат карда наметавонанд ва дар назди интернет шабҳоро бо бехобӣ мегузаронанд. Дар корхонаҳо чунин одамон интернетро на барои кор, балки барои қаноатмандии шахсии худ истифода мебаранд. Ҳатто дар як тадқиқот муайян шуд, ки кормандони яке аз корхонаҳо он барои кор танҳо 23%-тарифи интернетиро истифода мебурдаанду халос. На ҳамаи одамон ба вобастагии интернетӣ, балки шахсони алоҳидаи ба вобастагӣ майлдошта ва камирода гирифтор мегарданд.

Муоширати ками аъзоёни оила, махсусан волидон, набудани мақсадҳои ҳаётии аз интернет берун, набудани дўстон ва нарасидани муоширати воқеӣ, бемориҳои маъюбӣ ва ҷисмонӣ низ сабабҳои ба вобастагии интернетӣ гирифтор шудани наврасону ҷавонон мегарданд.

Хатари дигари истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар рӯзҳои мо бештар ба назар мерасад, тавассути гурӯҳҳои ифротӣ мағзшӯӣ шудани ҷавонон мебошад. Бо ин васила ҷавонон иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоӣ ба шабакаҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷалб гардида, барои содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ ва ғайра осебпазир мегарданд. Бо маҳдуд гардидан ва таҳти назорат қарор гирифтани дигар роҳу усулҳои таблиғ ва ташвиқӣ идеяҳои иртиҷоӣ ва ифротгароёна гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд.

Гузоштан ва паҳн намудани маълумот, махсусан сурат ва наворҳо низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад мушкилсоз гардад. Дар натиҷаи чунин амалкард дахолат ба ҳаёти шахсӣ сурат мегирад, сирри оилавӣ, хизматӣ ва ғайра фош карда мешавад. Маълумоте, ки дар назари аввал содаву одӣ менамояд бо гузашти вақти муайян ва тағйир ёфтани вазъ метавонад, мушкилсоз гардад.

Яке аз хатарҳои дигари шабакаҳои иҷтимоӣ ин ташвиқ ва таблиғи фарҳанг ва расму оини бегона мебошад. Дар ин замина, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маводу наворҳои зиёд паҳн карда мешавад, ки метавонад ба тарзи муошират, муносибат, ботину зоҳири инсон ва арзишҳои он таъсир гузорад. Ва ё инсонҳоро вобаста ба ин амалкардашон таҳқир намояд. Ҳамаи ин ба ахлоқи инсоният таъсир мегузорад ва боиси сар задани ихтилоф дар худшиносӣ, муносибатҳои хешутаборӣ, урфу одатҳои таърихан асосёфта мегардад.

Аз омӯзиш ва баррасии мавзуи мавриди назар маълум мегардад, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба мустаҳкам шудани робитаи гурўҳи касбу кори муайян ва пешбурди тарғиби (рекламаи) ташкилот ва сафарбарнамоии аъзоёни гурўҳ кўмак намуда, ба дараҷаи маърифатнокӣ, хосатан иҷтимоиву сиёсӣ таъсири мусбат расонида, ба фаъолшавии шахс мусоидат менамояд. Истифодабарандагон барои боло бардоштани эътибор ва мақом дар байни дигарон мунтазам фаъолона дар баҳсҳо иштирок намуда, масъалаҳои навро матраҳ мекунанд. Аммо дар доштани чунин ҷиҳатҳои мусбӣ истифодаи бемавриди шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад таъсири манфӣ расонад. Аз он ҷумла, Шабакаҳои иҷтимоӣ барои паҳншавии хабарҳои бардурӯғ ва маълумоти нодуруст мусоидат мекунанд, ки метавонанд ба ташаккули ақидаҳои нодуруст ва тақсимоти ҷомеа оварда расонанд. Барои кибербуллинг ва таҳқири одамон истифода мешаванд, ки метавонад ба саломатии равонии одам таъсири манфӣ расонад. Истифодаи аз ҳад зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ба вобастагӣ оварда расонад, ки ба муносибатҳои оилавию иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар маҷмӯъ, шабакаҳои иҷтимоӣқувваи дуҷониба буда, ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфӣ дорад. Барои кам намудани таъсири манфии он шахс бояд саводи расонаии худро баланд бардорад, барои мубориза бо хабарҳои бардурӯғ ва манипулятсия кӯшиш намуда, фаъолона дар муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ширкат варзад.

Мутриба Бобоҷонова, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи иттилоот

ва технологияҳои робитавии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ