Истифодаи мақсадноку оқилонаи интернет ва пешгирии иттилооти бардурӯғ
Дар замони муосир компютерҳо, шабакаҳои иттилоотии глобалӣ ва технологияҳои шабакавӣ ҳаёти инсониятро ба куллӣ тағйир дода, як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти аксари ҷавонон табдил ёфтанд. Дар баробари дигар имкониятҳо ба майдони муҳокимаи мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ, баёни эҳсосот, фикру андешаҳои гуногун пайдо шуда истодааст.
Пас аз пайдоиши интернет ва гузариши чандин солҳо барномаҳои гуногуни интернетӣ пайдо гаштанд. Шаклҳои гуногуни алоқа, муоширатҳо аз масофаи дур ва коркарди барнамоҳои гуногуни телефониву компютерӣ, бавуқӯъоии наслҳои нави компютерҳову телефонҳо тараққиёти интернет ва технологияро таъмин намуданд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки агар интернетро бо фарҳанги дуруст истифода баранд, аз ҳама ҷиҳат вақтро дуруст сарфа кардан мумкин аст. Интернет паҳлуҳои мусбат ва манфии худро дорад. Масалан дар интернет маводҳои гуногун мавҷуд аст, ки на ҳама вақт воқеӣ будан ё на будани онро дарк менамоянд.
Ҳангоми эҳтиёҷи иҷроиши коре ба интернет муроҷиат карда, ҷавоби дархостро дар ҳар шакл дастрас мекунем. Аммо бояд дархости мо мақсаднок ва ҳадафмандона бошад, то ин ки вақти хешро беҳуда сарф накунем.
Интернет имкон фароҳам сохт, ки дастрасӣ ба маводҳои омӯзишӣ осон гардида, ҳангоми истифодаи дуруст манфиати назаррасро ба бор орад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ имкони дигари мост. Интернет барои ашхоси синну соли гуногун фазои бемаҳдуд барои омӯзиш фароҳам овардааст.
Инчунин муоширати байни хешовандону наздикон аз як давлати дигар бо давлати дигар ба воситаи ҳар гуна шабакаҳои иҷтимоӣ осон ва қулай гардидааст, ки нишондиҳандаи авҷи аълои интернет ва технология мебошад. Чун мавзӯи мо оид ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоист, бинобар ин андешаи хешро доир ба шабакаҳои иҷтимоӣ давом медиҳем.
Тавре маълум аст, дар ҷомеа шахсоне ҳастанд, ки аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз меъёр зиёд истифода мекунанд. Ин раванд ба саломатӣ, дур шудан аз ҷомеа ва ба афкори солими онҳобетаъсир нахоҳад монд.
Интернет дар баробари он, ки дорои паҳлуҳои мусбат аст, ҳамчунин паҳлуҳои манфиро низ доро аст. Солҳои охир таввасути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳои ҷинояткори манфиатхоҳ андешаҳои ғаразноки худро пиёда менамоянд. Паҳн ва тарғиби ақидаҳои террористию экстремистӣ, ғаразҳои шахсӣ, таҳдидҳоест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба назар мерасад. Барои паст ва рафъ кардани хатарҳои интернет дар мамлакатҳои гуногун тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад.Дар мамлакати мо низ ин хатарҳои интернет ба назар мерасад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирҳои муҳимро дар ин самт равона кардааст.
Бояд дарк намоем, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook ташкил намудани гурӯҳҳои гуногун, гузоштани наворҳо, мусиқиҳо, ба воситаи мессенҷерҳои замонавӣ гуфтугӯи телефонӣ ва ё зангҳои навориро дидан ва ба анҷом расонидан мумкин аст. Баъзан хабарҳои навтаринро аз сомонаи мазкур пеш аз чоп намудани дигар сомонаҳои хабарӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Ҳамчунин баъзан баҳсҳои гуногуни илмӣ низ дар ин сомона ба назар мерасад.
Ҳамин тавр, мисли ин гуна шабакаҳои иҷтимоӣ хело зиёданд, ки мо танҳо шумораи онро дарк намудему халос. Чун ба монанди WeChat, Viber, WhatsApp, QQ, IMO, Telegram, SweetMeet ва ғайраҳо. Ба ҳама маълум аст, ки муштариёни зиёди курраи замин аз ин гуна шабакаҳо фаъолона истифода мебаранд.
Қайд кардан зарур аст, ки ҷустуҷӯи маълумотҳои зарурию гуногун таввассути шабакаҳои иҷтимоӣ осон буда, ин амалро дар сонияҳо муаян иҷро кардан имконпазир аст. Зеро маълум аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ( масалан, Одноклассники, ВКонтакте, Facebook, Мой мир, Instagram, Twitter) хоҳишмандон худро сабти ном карда, дар бораи шахсияти худ маълумотҳое, ки ба кору ихтиссоси онҳо рабт дорад, паҳн менамоянд. Ҳамчунин, шабакаҳои иҷтимоӣ имкон фароҳам меоранд, ки одамон аксҳо ва видеоҳои ҷолибро дар саҳифаи инфиродии худ ҷойгир намоянд, ҷойҳои зебою аҳамияти саёҳӣ доштаро тарғиб намоянд.
Бояд эътироф кард, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар зиндагии ҳар яки мо сабуки ворид кардааст. Масалан, ҳар як фарди фаъол тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи фаъолияти корӣ маълумот паҳн мекунад, ба таври онлайн таҳсил менамояд, бо дигарон мубодилаи фикр карда, дар пурсишҳои сотсиологӣ иштирок мекунад ва дар маҷмӯъ фаъолияти густурда бурда, мушкилотҳои зиёдро, ки ба ҳаётаи инсон рабт доранд ҳаллу фасл менамояд. Ногуфта намонад, ки маҳз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ба объекти коркарди гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ қарор мегиранд.
Гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ мекӯшанд, ки имконотҳои иртиботиии худро барои тарсонидану бесубот кардани ҷомеа, паҳн кардани иттилоот дурӯғу ғаразнок, таблиғи ғояҳои ифротии худ ва барои ҷалби ҷонибдорони нав истифода баранд. Дар ин шабакаҳои иҷтимоӣ теъдоди зиёди оҷонсиҳои хабарӣ ва сомонаҳое вуҷуд доранд, ки мустақиман ба гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ иртибот надоранд, аммо ақидаҳои худро бо онҳо мепайванданд ва дар шаклҳои гуногун аз ифротгароён ва террористон ҳимоят мекунанд. Бисёре аз сайтҳо пайваста суроғаи худро ҳадафмандона иваз мекунанд, ҳамчунин аълум аст, ки мутахассисони гурӯҳҳои динию ифротӣ ва террористӣ маъмулан, аз ҷумлаи барномасозони ҷавони дорои маҳорати ҳакерӣ шомил буда, идеологияи ифротиии ин гурӯҳҳоро тарғиб менамоянд.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ аз қабили ин тадбирҳо ба шумор меравад. Дар ин раванд барои паст кардани шиддати хатарҳои ҷойдошта тавсияҳои зерин ба манфиати кор арзёбӣ мегардад:
- Баланд намудани тафаккури техникии инсон ва фарҳанги истифодабарии интернет барои паст кардани хавфу хатарҳои интернет.
- Дар оила, бояд ҷиҳатҳои хубу бади истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро фаҳмонд. Ҳангоми истифодаи кӯдакон аз интернет бояд назорати қатъиро аз болои фарзанд ба роҳ монд. Таъмин кардани бехатарии фарзандро ҳангоми истифода бояд волидон ба яке аз масъулиятҳои хеш табдил диҳанд. Аз беназоратии волидон аксар вақт ҳодисаҳои нохуш сари фарзанд меояд, ки ин аз назорат дур мондан ва ба мағзшӯӣ гирифтор шудани фарзанд дар сомонаҳои иҷтимоӣ мебошад.
- Дар мактаб аз тарафи омӯзгорон таҳлили дурусти истифодаи интернет бояд фаҳмонида шавад. Ба роҳ мондани муносибати оқилона нисбат ба вақт низ аз ҳамин қабил ба ҳисоб меравад. Танҳо дар он вақт ба дастовардҳо мо ноил мегардем, ки вақтро ба кори беҳуда сарф накунем. Семинарҳои машваратӣ гузаронидан бо ҷавонон ва фаҳмонидани тарзи дурусти истифодаи интернет ба манфиати кор аст.
- Насли наврас мебояд технологияҳои иттилоотиро барои илмоомӯзӣ, таҳқиқот барои навоварӣ истифода намоянд, зеро танҳо бо назардошти ин талабот кадрҳо ба бозори меҳнат мутобиқ мешаванд.
Ҳамин тариқ, шаҳрвандон бояд дарк намоянду ин ҷанбаҳои мусбат ва манфиро омӯхта, маҳдудиятро барои истифода аниқ намоянд. Баъзе мутахассисон масъалаи маҳдудият гузоштанро дар истифодаи интернет роҳи ҳал мешуморанд, лекин пеш аз гузоштани маҳдудият бояд фарҳанги истифодабарӣ дуруст ба роҳ монда шавад. Фарҳанги дурусти истифодаи интернет пеш аз ҳама аз доштани донишҳои соҳавӣ сарчашма мегирад. Ҷавонон қишри осебпазири ҷомеа мебошанд. Имрӯз ҷавонони мо бояд дарки баланди сиёсӣ дошта бошанду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бо донишҳои мукаммал мусаллаҳ бошанд.
Ҳамин тавр, ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки интернет ҳам ҷанбаи мусбӣ ва ҳам манфиро доро аст. Чӣ гуна аз манфиатҳои доштаи интернет истифода кардан аз истифодабаранда вобастагӣ дорад. Ҳар шахс бояд хулоса карда тавонад, ки чи тавр интернетро самаранок истифода карда, вақти хешро беҳуда нагузаронад. Мубориза бар зидди андешаҳои манфии дар интернет пахшшаванда кори дастаҷамъӣ буда, аз ҳар фарди бедордил муборизаро талаб мекунад.
Тухлиева З.Қ., устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров