​Истифодабарии тахтаи интерактивӣ дар раванди таълим

Дар кафедраи умумидонишгоҳи информатика ҳафтаи ҷорӣ тибқи барномаи таълимӣ баҳри сайқал додани тафаккури техникии донишҷӯён дарсҳои намунавӣ аз фанни информатика дар мавзуи “Истифодабарии тахтаи интерактивӣ дар раванди таълим” бо донишҷӯёни бахшҳои якуми факултетҳои донишгоҳ ташкил ва баргузор гардид.

Устодон дар раванди дарс амалан донишҷӯёнро бо моҳият ва асоси мавзуъ ошно сохта, ҳамчунин дар доири мавзӯи зикршуда машғулиятҳои амалиӣ гузаронида, бо истифода аз аёниятҳо ва слайдҳои ҷолиб ба восита нурафшон бо таҳлилҳои ҳамаҷониба тарзи дурусти кор бо тахтаи интерактивирофаҳмониданд. Дар қисми поёнии дарс миёни устод ва шоргирдон мубодилаи афкор ҷараён гирифта, аз посухҳо ҳарду ҷониб қаноатманд гардиданд.

Гуфта шуд, ки барои бедор намудани шавқу рағбати донишҷўён нисбат ба омўзиши фанҳои дақиқ минбаъд низ бо донишҷӯён чунин машғулиятҳо роҳандозӣ карда мешавад. Зикр гардид, ки баланд бардоштани донишу малакаи донишҷӯён, ҳиссиёти баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузории арзишҳои маънавию фарҳангӣ маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ