Инъикоси муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар қонунгузории миллӣ
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҳамчунин «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм мебошад.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020,№ 1655 чунин муқаррарот омадааст:
- экстремизм - ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст;
- фаъолияти экстремистӣ - фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд;
Моддаи 3. Фаъолияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ ҳисобида мешавад
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти экстремистӣ манъ мебошад.
2. Фаъолияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ ҳисобида мешавад:
- бо зӯрӣ сарнагун кардан ва ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, вайрон ва халалдор кардани соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидат кардан ба чунин кирдорҳо;
- барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ (мазҳабӣ) ва муноқишаҳои иҷтимоӣ, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубияти онҳо ба миллат, нажод ё маҳал ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё содир кардани ин ҳаракатҳо бо роҳи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
- амалҳое, ки ба ноустувор сохтани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд;
- амалҳое, ки ба ғасб ё аз худ кардани ваколатҳои ҳокимият равона шудаанд;
- ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ё иштирок дар онҳо;
- паст задани шаъну эътибори миллӣ;
- вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд вобаста ба мансубияташ ба гурӯҳи иҷтимоӣ, нажод, миллат, қавм, маҳал, дин (мазҳаб) ва забон ё муносибати ӯ ба дин;
- ҷалб намудан барои иштирок дар амалҳои экстремистӣ, инчунин омӯзондани мафкураи экстремистӣ;
- монеъ шудан ё маҷбур кардан ба тағйир додани хусусияти фаъолияти қонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ, комиссияҳои интихоботӣ, ташкилот, иттиҳодияҳои дигарва шахсони мансабдори онҳо;
- истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ташкилоти дигари давлатӣ ва наздикони онҳо бо мақсади қасос гирифтан барои он амалҳое, ки бо иҷрои фаъолияти хизматӣ вобаста бошад ё ин ки хатари истифодаи зӯроварӣ вобаста ба ин асосҳо;
- ташвиқот ва ба намоиши оммавӣ гузоштани нишон, парчам ё рамзи дигари ташкилотҳои аз ҷониби суд экстремистӣ эътирофшуда;
- даъвати оммавӣ барои иҷро намудани амалҳои экстремистӣ ё интишори маводи экстремистӣ, инчунин тайёр кардан ва нигоҳ доштани онҳо бо мақсади паҳн намудан;
- нашр ва (ё) паҳн кардани маводи чопӣ, аудиоӣ, видеоӣ ва маводи дигари дорои хусусияти экстремистӣ дар воситаи ахбори омма, шабакаи интернет, воситаи алоқаи барқӣ.
Моддаи 4. Принсипҳои муқовимат ба экстремизм
Муқовимат ба экстремизм ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- қонуният;
- риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин манфиатҳои қонунии ташкилотҳо;
- бартарияти таъмини амнияти давлат;
- бартарияти чораҳои пешгирикунандаи фаъолияти экстремистӣ;
- ба таври мунтазам, маҷмӯӣ ва мувозинавӣ ба роҳ мондани тадбирҳои сиёсӣ, иттилоотию ташвиқотӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҳуқуқӣ – маъмурӣ, ҳуқуқӣ – ҷиноятӣ ва чораҳои дигари муқовимат ба экстремизм;
- ҳамкории давлат бо шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилоту иттиҳодияҳои дигар дар муқовимат ба экстремизм;
- ногузирии ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ;
- мутобиқати чораҳои муқовимат ба экстремизм ба дараҷаи хавфнокии фаъолияти экстремистӣ.
Моддаи 5. Самтҳои асосии муқовимат ба экстремизм
Муқовимат ба экстремизм дар самтҳои асосии зерин амалӣ мегардад:
- андешидани чораҳои пешгирикунанда, ки барои огоҳонии паҳншавии мафкураи экстремизм ва фаъолияти экстремистӣ, аз ҷумла ошкор намудан ва бартарафсозии сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда равона гардидааст;
- огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, инчунин ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта;
- ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба экстремизм;
- ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти муқовимат ба экстремизм.
Моддаи 6. Вазифаҳои асосии муқовимат ба экстремизм
Вазифаҳои асосии муқовимат ба экстремизм инҳоянд:
- ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат;
- барҳам додани таҳдиди экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, бартарафсозии сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда;
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба экстремизм;
- таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои маҷмӯӣ ва дурнамоимуқовимат ба экстремизм;
- таъмини уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм, аз ҷумла иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқовимат ба экстремизм;
- баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон тавассути ташвиқу тарғиб, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, гиромӣ доштани урфу одатҳои миллӣ, фарҳангӣ, ташаккули фазои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба экстремизм;
- дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои таъмини мубориза бо экстремизм;
- муқовимат ба маблағгузории экстремизм;
- андешидани тадбирҳои иловагӣ дар маҳалҳои аз ҷиҳати паҳншавии мафкураи экстремизм нисбатан осебпазир.
Моддаи 9. Субъектҳои муқовимат ба экстремизм
Субъектҳои муқовимат ба экстремизм аз субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда ва субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд, иборат мебошанд.
Моддаи 10. Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда
Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда инҳо мебошанд:
- Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияиҶумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Бонки миллии Тоҷикистон.
Моддаи 12. Субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд
1. Субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд, инҳо мебошанд:
- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
2. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба экстремизм бо тартиби пешбининамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ иштирок менамоянд.
Моддаи 13. Ваколатҳои субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд
1. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барномаҳои тарбиявӣ ва санадҳои меъёрии дар самти такмили маърифати ҳуқуқӣ қабулгардидаро бо мақсади расондани таъсир ба шуури наврасону ҷавонон ҷиҳати роҳ надодани ҷалби онҳо ба ташкилотҳои экстремистӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Моддаи 20. Додани огоҳии расмӣ, амр ва овардани пешниҳод дар бораи роҳ надодан ба амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ
1. Ҳангоми мавҷуд будани иттилооти боэътимод дар бораи амалҳои зиддиҳуқуқии хусусиятҳои экстремистидошта, ки тайёр шуда истодаанд ё содир шудаанд, вале асоси кофӣ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ кашидан мавҷуд нест, ба роҳбарони гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаи ахбори омма ё ташкилоти дигар, инчунин шахси воқеии дахлдор огоҳии расмӣ дар бораи роҳ надодан ба фаъолияти мазкур, амр дар бораи фавран бартараф намуданиҳуқуқвайронкунӣ ё пешниҳод дар бораи бартараф сохтани сабабу шароитҳои мусоидаткунандаи вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
2. Пешниҳод аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурори дахлдори ба ӯ тобеъ оварда мешавад. Огоҳии расмӣ аз ҷониби Вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, чунин пешниҳод ё огоҳии расмиро метавонанд субъектҳои дигари муқовимат ба экстремизм бароранд.
3. Дар ҳолате, ки аз болои ҳуҷҷатҳои мавриди эътиноии расмии дар қисми 1 моддаи мазкур номбаршуда бо тартиби бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида шикоят оварда нашудааст ё бо қарори суд ин санадҳо ғайриқонунӣ эътироф нагардидаанд, вале аз ҷониби гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё ташкилотҳои дигар, ки ба онҳо ин санадҳо дода шудаанду дар муҳлатҳои муқарраргардида бе иҷро мондаанд, масъалаи нисбати онҳо татбиқ намудани ҷавобгарии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, аз ҷониби мақомоти дахлдор баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 21. Муқовимат ба маблағгузории экстремизм
1. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар ва сохторҳои минтақавӣ ва тобеи онҳо, аз ҷумла ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятбаранда, ки ба маблағгузории экстремизм ва фаъолияти ба он монанд равона гардидаанд, боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
2. Ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд хизматрасониро ба шахсони ҳуқуқие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти экстремистӣ эътироф гардидаанд, рад намоянд.
3. Назорати иҷрои муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур ба зиммаи Бонки миллии Тоҷикистон ва субъектҳои дигари ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда дар доираи ваколатҳои онҳо гузошта мешавад
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, № 762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (бо тағйиру иловаҳо аз 17.05.2018) ҳамчунин барои муқовимат бо фаъолияти экстремизм чораҳо пешбинӣ шудаанд.
Моддаи 8. Уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд
Падару модар дар тарбияи фарзанд ӯҳдадориҳои зерин доранд:
– фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд;
– ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористӣ, тундгароӣ ва ҷудоихоҳиро манъ намоянд; (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1938)
Ба фарзанд мутолиа ва паҳн кардани сабтҳои электронӣ (аз ҷумла тариқи телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ, террористӣ, тундгароӣ ва ҷудоихоҳиро манъ намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1938).
– иштироки фарзандро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои фарзандоне, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд.
Моддаи 9. Уҳдадориҳои падару модар дар таълими фарзанд
– ҷалби фарзандро барои гирифтани таълим дар таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ ё дар назди шахсони алоҳидаи бе иҷозатнома фаъолияткунанда манъ намоянд;
– таълими фарзандро дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд.
Дар «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 маи соли 1998, № 574 (бо тағйиру иловаҳо дар ҳолати 02.01.2019) низ фасл, боб ва моддаҳои махсусе дар бораи терроризм ва экстремизм ҳаст.
Моддаи 179. -
1) Терроризм, яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Бояд гуфт, ки дар ҳолати ретсидиви хавфнок муҳлати ҷазо аз 8 то 10 сол, аз ҷониби гуруҳи созмонёфта – аз 15 то 25 сол бо мусодираи молу мулк ва ё ҳукми қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан бо мусодираи молу мулк мебошад.
Моддаи 179. -
3) Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ …, инчунин сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад. Ҳамин кирдорҳо, ки бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ва ё шабакаи интернет содир карда шудаанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешаванд.
Моддаи 307. (1) Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (экстремизм) ва сафедкунии оммавии экстремизм: 1) Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (экстремизм) ва (ё) сафедкунии оммавии экстремизм,- бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Зери мафҳуми сафедкунии оммавии экстремизм тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи экстремизм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад.
Моддаи 307. (2) Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (экстремизм):
1) Ташкили иттиҳоди экстремистӣ, яъне гурӯҳи муташаккили шахсон барои тайёр ё содир намудани ҷиноятҳо аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, ё динӣ, ҳамчунин аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбати кадом як гурӯҳи иҷтимоӣ, инчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳоди экстремистӣ, ба ҷузъ ё томҳои ба чунин иттиҳод дохилшаванда, ҳамчунин ташкили иттиҳоди ташкилкунандагон, роҳбарон ё дигар намояндагони ҷузъ ё томҳои чунин иттиҳод бо мақсади таҳияи нақшаҳо ва (ё) шароит барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад. Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад.
Моддаи 307 (4) Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта: 1. Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта, инчунин роҳбарӣ ё иштирок дар чунин таълим новобаста аз ҷойи таълим, – бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.
Ҳамчунин, набояд аз нақши огоҳнамоӣ дар бораи ҳаракатҳои экстремистиву террористии мамнӯъ дар тарбияи ҷавонон фаромӯш кард. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар ки соҳиби иттилоот аст, ҷаҳонро идора мекунад. Аз ин рӯ, дар муқовимат бо радикалшавии ҷавонон нақши асосиро сатҳи огоҳии ӯ мебозад, ки яке аз сифатҳои шахсият – қобилияти ҳамеша ба таври кофӣ хабардор будан ва соҳиби маълумоти зарурӣ будан аст.
Имрӯзҳо «огоҳӣ» – нишонаи мақоми баланди инсон мебошад. Дар ҳар як кишвар имрӯзҳо бо тартиби қонунгузорӣ рӯйхати созмонҳое, ки террористӣ ва ифротгаро дониста мешаванд, эълон ва қонунҳо тартиби муносибат бо онҳоро муайян мекунанд.
Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти як қатор созмонҳоро экстремистиву террористӣ эътироф намудааст. Рӯйхати созмонҳои мамнӯъ дар кишвар нашр шудааст. Дар ин рӯйхат бештар аз 20 гурӯҳ шомил мешавад. Донистани чунин рӯйхатҳо ба ҷавонон имкон медиҳад, ки барои гаравиш ба онҳо ё дарки идеяҳои онҳо эҳсоси масъулият кунанд, ки барои ин ҷавобгарии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст. Масалан, дар «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21 маи соли 1998, № 574 гуфта мешавад, ки «барои иштирок дар гурўҳҳои ифротгаро ба муҳлати аз 4 то 7 сол ҷазо дода мешавад; иштирок дар ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, ва ҳамчунин барои мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва василаҳои дигар, – бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то 8 сол ҷазо дода мешавад».
Ҳамин тавр,қонунҳои зикршуда на танҳо моҳияти мафҳумҳо, балки самти фаъолият ва роҳу усулҳои паҳншавии ақидаҳои ғайрро муайян ва пешгирӣ менамояд, балки вазифаҳои ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар самти муҷовимат ба ифротгароиву терроризм бараъломуйян менамояд. Бинобар ин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки таъмини сулҳу субот ва амнияти кишвар маҳсуб ёфта ифодакунандаи ормони тоҷикистониён дар самти рушди соҳибистиқлолӣ, дунявӣ, демокративу ягона мебошад.
Абдулатипов У.Ҳ. дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии
фалсафа