ИМКОНИЯТҲОИ НАВИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ ВА ТАЪЛИМӢ БО ДОНИШГОҲИ ЧИН
Бо мақсади таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин, инчунин табодули таҷриба дар самти омӯзиши забонҳои шарқӣ ва рушди таҳқиқоти шарқшиносӣ, як гуруҳ намояндагони Донишгоҳи нафтии Чин (Шарқи Чин) аз ҷумла муовини декан оид ба таълим Ҷанг Син, мудири кафедра Шен Ҷуангҷуан, омӯзгор Ван Юхонг ба факултети забонҳои шарқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ташриф оварданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ, рушди табодули академӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар самти таълим ва таҳқиқоти илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, масъалаи ҷалби магистрантон ва омӯзгорони ҳар ду донишгоҳ ба барномаҳои табодули академӣ ва таҳсилӣ муҳокима гардид.

Мулоқоти мазкур дар самти таҳкими робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, густариши ҳамкориҳои судманди илмиву таълимӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи ташаббусҳои муштарак мусоидат хоҳад кард.