​Илму маърифат - сарчашмаи саодати инсон

“Аҳли зиё бояд ҳамчун як қишри ҷомеа шакл гирад ва парчамбардори маънавиёт дар байни халқ бошад. Дарку тарғиб ва амалисозии ҳадафҳои миллӣ муҳимтарин рисолати иҷтимоии зиёӣ дар марҳалаи рушди устувори Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро мавқеи маънавию шаҳрвандии зиёӣ, дар навбати аввал, аз муаррифии арзишҳои миллӣ ва ҳадафҳои ояндасози давлатӣ иборат мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа” арзёбї гардидааст.

Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар мулоқоти навбатии хеш бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки 9-уми марти соли љорї доир гардид, дар радифи масъалаҳои гуногуни муҳим ба нақши илму китоб, зиёиву олимон дар рушди ҷомеаи имрӯза изҳори назар намуданд. Нахуст аз арҷгузорӣ ба аҳли илму адаб сухан карда аз бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта ёд карданд.

Пешвои миллат илмро бар муқобили хурофот аслиҳаи муҳим мешуморанд ва ҷомеаро пайваста ба мутолиаи китоб талқин мекунад, ки он сарчашмаи дониш хирад ва маърифат мебошад. Дар ин бора, дар Паёми пешвои миллат омадааст: “Дар замони муосир халқу миллатҳо бо роҳи омӯхтану ихтироъ кардани илму дониш ва техникаву технологияҳои муосир кӯшиш мекунанд, ки арзишҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳангӣ ва озодиҳои шахсии худро дар паноҳи давлати соҳибистиқлоли хеш аз таҳдиди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва суйиистифодаи арзишҳо ҳифз намоянд”.

Воќеан њам, асри ХХ1 замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин буда, дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад. Аз ин лињоз, давлату њукумат дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба сармояи инсонӣ диққати аввалиндараҷа равона намудааст. Зеро дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳ ба нерӯи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ аҳаммияти беш аз пеш пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири амиқ мерасонад. Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Бинобар ин, дар Њукумати кишвар дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудааст. Дар ин раванд, давлату Њукумат талош дорад, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшад, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварда шавад.

Бо таъмин намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати мамлакат Њукумат бар он талош меварзад, ки рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин менамояд. Боиси таъкид аст, ки татбиќи ин тадбирњои наљибу бузург, пеш аз њама барои амалигардонии муваффаќонаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи кадрњои љавобгў ба ниёзњои љањони имрўза, насли нави эҷодкору ихтироъкор, техникону муҳандисон, татбиқгарони илму истеҳсолот мусоидат намуда, ба рушди Ватани азизамон таъсири файзбахш хоњад расонид.

Њамагон огоњ њастем, ки бо пешнињоди Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, инчунин озмунњои “Фурўѓи субњи доної китоб аст”, “Тољикистон Ватани азиз ман” ва “Илм фурўѓи маърифат”амал мекунад бешубња барои тарбияи кадрҳои шоиста барои ҷомеаи мутамаддин ба таври зарурӣ мусоидат карда, насли нави эҷодкору дорои тафаккури баландро ба воя мерасонад. Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат низ таъкид гардид, кишароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар ин замина,омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Яке аз масъалањое, ки дар замони муосир дар баланд бардоштани маърифати ањли љомеа наќши муњим мебозад,рӯй овардан ба китоб, китобхонӣ ва интишори китоб мебошад, ки аз сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ин ташаббус ва ибтикороти Сарвари давлат аз дониши васеъ ва огоҳии комилашон аз таърихи тамаддуни олам, назари фароху завқи баланди эшон дарак медиҳад. Маҳз дарки баланди масъулият ба ояндаи пуршараф, пурмазмун ва пурмаънои мардуми Тоҷикистон Пешвои миллатро водор намуд, ки ба масъалаи баланд бардоштани маънавияти ҳамватанони хеш таваҷҷӯҳ намоянд ва дар ташаккули маърифати ҷомеа,хоса ҷавонону наврасон эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ин ибтикороти Пешвоимиллат амали таърихист, ки натиҷаҳои некро ба бор хоҳад овард. Зеро китоб бузургтарин ихтирооти инсонист,ки дар ҳамаи давру замонҳо мақому манзалати шоистаро сазовор буд. Аз ҷовидонии он, аҳамияту арзиши бемисли он бузургони ҷаҳон басе гуфтанду навиштаанд. Китоб сарчашмаи илму дониш аст ва зиндагии имрӯза ба илм ниёз дорад ва шинохти таърих, сиёсат, иҷтимоъ аз назари илм моро ба ҳадафҳои аслӣ мерасонад.

Воқеан, њам дар замони муосир, ки халқу миллатҳоро таҳдиди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва суйиистифодаи арзишҳо ба нигарон кардааст, бо роҳи омӯхтану ихтироъ кардани илму дониш ва техникаву технологияҳои муосир арзишҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳангӣ ва озодиҳои шахсии инсонњоро метавон дар паноҳи давлати соҳибистиқлол ҳифз намуд.

Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар суханронии худ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин аз бузургтарин шахсияти илму ирфони тоҷик муаллифи китоби ҷаҳонӣ “Маснавии маънавӣ” ёд карда иброз доштанд, ки “Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳикмат ва ахлоқи исломиро ба пояҳои бисёр баланди назм бардошта, дар сарҳади се тамаддун – исломӣ, юнонӣ ва насронӣ пули ҳамдигарфаҳмию таҳаммул бино намуд ва гуфтугӯи фарҳангу тамаддунҳоро ба роҳ андохт.

“Чӣ миллатҳову халқиятҳо ва намояндагони дину мазҳабҳои гуногунро дар оромгоҳи Мавлоно намебинед. Чунин фикр мекунам, ки асарҳои офаридаи Мавлоно барои ҳамин шабу рӯзҳоянд, барои ҳама иншо шудаанд, барои муттаҳидӣ, таҳаммулгароӣ, сабру тамкин, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, дӯстӣ ва рафоқат хизмат мекунанд” - таъкид намуданд, Пешвои муаззами миллат, ки њаќ асту рост.

Дар замони муосир мо бояд ба як масъалаи дигари муњим низ таваљљўњ дошта бошем: Чунонки, Президенти кишвар дар аксари суханронињои худ таъкид меварзанд, имрўзњо дар тамоми гўшаю канори дунё вусъати бесобиқа ёфтани талоши абарқудратҳо барои амалисозии манфиатҳои худ, азнавтақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки бештар хусусияти динӣ гирифтааст, якљоя бо тағйирёбии иқлим, хушксоливу камобӣ вазъи ҷаҳонро мураккабу пешгӯйинашаванда гардонида истодааст.

Дар ин замина, мо бояд њамеша зираконаву огоњона дар њифзи манфиатњои истиќлоли давлатї, ки бар ивази хуни миллионњо фарзандони миллат ба даст омадааст,талош варзем ва барои бо донишњои муосир мусаллањ намудани насли љавон саъйю талош варзем.Пешвои муаззами миллат дар робита, ба созандагони ояндаи Ватани мањбубамон, яъне љавонон барњаќ таъкид намуданд, ки “Шумо – ҷавонони саодатманд, ки ояндасозони ин Ватани биҳиштосо ва фардои Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебошед, метавонед дар ҷаҳони пуртазоди муосир Тоҷикистони соҳибистиқлол ва манфиатҳои давлату миллатро ҳифз кунед, сарзамини аҷдодиро боз ҳам ободу зебо гардонед ва қарзи фарзандиву рисолати шаҳрвандии худро дар назди Модар – Ватан сарбаландона иҷро намоед”. Имрўз нерўњои илмии вилоят, ки дар муассисањои тањсилоти олї ва миёнаи касбї, муассисањои фарњангї ва пажўњишгоњњои мухталифи илмї дар баробари таълиму тарбияи шогирдон ба тањќиќи асосњои илм машѓуланд, моро ба ояндаи дурахшони илми кишвар, татбиќи босамари илм ва истењсолот ва рушду шукуфоии кишвари азизамон итминон мебахшанд.

Соли 2024-ум 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таљлил мегардад, ки он дар шароити нињоят душвори вазъи сиёсии Тољикистони соњибистиќлол бо иродаи халќи шарафманди кишвар тариќи раъйпурсии умумихалќї ќабул гардида, ба истиќрори сулњу субот, низоми њаёти љомеа, барќарор гардидани ќонунияту тартибот ва дар маљмўъ, рушду инкишофи соњањои гуногуни иљтимоию иќтисодї шароити мусоид фароњам овард. Ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд, ки љињати баланд бардоштани маърифати њуќуќии ањли љомеа мусоидат хоњад намуд. Илму дониши дар асоси меъёрњои ќонун ва љомеа пазируфташуда ва аз љумла, доштани маърифати њуќуќї ба мисли љавшанинсонро аз њама гуна балову офатњо њифзу њимоя мекунад, намегузорад, ки ба њар гуна даъватњои бебунёду беасос бовар намояд. Зеро таълими ғайриқонунии динӣ дар бисёр ҳолатҳо боиси дар шуури таълимгиранда ташаккул ёфтани фанатизми динӣ ва минбаъд даст задани ӯ ба амалҳои экстремистиву террористӣ мегардад. Њаќ ба љониби Пешвои муаззами миллат аст, ки дар мавриди бартарии илм ва зарари хурофоту бесаводїба љомеа чунин зикр намуданд: “Хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад. Борҳо гуфтаам, имрӯз низ баён медорам, ки хурофот ҷаҳолат аст, ҷаҳолат барои миллат танҳо бадбахтӣ меорад”.

Аз ин лињоз моро зарур аст, ки дар партави нишондодњои дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муњӣтарам Эмомалї Рањмон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар тарзу усулҳои муассири пешгирӣ кардани ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва вайронкунии маҳдудиятҳои бо қонун муқарраршударо роҳандозӣ карда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои муассир андешем.

Халќи шарифу соҳибхиради кишвар аз иќдому ташаббусњои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат њамеша сарфарозу саодатманд буда, тамоми дастовардњои Тољикистонро аз баракати сулњу субот,вањдату њамдилї ва мањсули даврони соњибистиќлолии кишвар медонанд.

Бинобар њамин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.

Чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, имрўз њамаи мо вазифадорем, ки “дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.

Тоҷибой Султозода, доктори илмҳои филология

Саидумрон Саидов, номзади илмҳои филология,

устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ