​ИЛМ ВА МАЪРИФАТ ҲАМЧУН СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

Дар ҷаҳони муосир коррупсия ҳамчун падидаи фарогири манфӣ ва яке аз мушкилоти глобалии иҷтимоӣ эътироф гардида, ба рушди босуботи давлатдорӣ ва устувории ниҳодҳои муҳимми ҷомеа, бахусус иқтисод, иҷтимоиёт, фарҳанг ва ахлоқ таъсири харобиовар мерасонад. Ин зуҳуроти номатлуб на танҳо пояҳои демократия ва идоракунии самараноки давлатиро заиф мегардонад, балки сатҳи эътимоди шаҳрвандонро ба адолати иҷтимоӣ коҳиш дода, ба як монеаи ҷиддӣ дар роҳи пешрафти устувори ҷомеа табдил меёбад. Аз ин рӯ, муқовимат ба ин «вабои аср» на танҳо вазифаи сохторҳои давлатӣ, балки масъулияти маънавию шаҳрвандии ҳар як фарди худогоҳ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳамин замина, нақши илм ва маърифат ҳамчун механизми муассири пешгирӣ ва коҳиш додани ин падида аҳаммияти махсус пайдо мекунад.

Дар заминаи таҳлилҳои илмӣ коррупсия на танҳо ҳамчун сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ба хотири манфиатҳои шахсӣ, балки ҳамчун раванди вайрон шудани шуури ҷамъиятӣ ва дуршавӣ аз арзишҳои бунёдии ахлоқ, адолат ва масъулияти иҷтимоӣ маънидод мегардад. Дар ҷомеае, ки сатҳи маърифати илмӣ ва фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ баланд аст, омилҳои иҷтимоӣ ва равонии тавлидкунандаи коррупсия ба таври назаррас маҳдуд мешаванд. Илм дар ин маврид ҳамчун як сипари боэътимоди маънавӣ амал намуда, ба шахс имкон медиҳад, ки аз манфиатҳои кӯтоҳмуддати ғаразнок даст кашида, ба арзишҳои рушди дарозмуддат, шаффофият ва адолат такя намояд. Аз ин лиҳоз, ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ, ки бар пояи дониш, худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ устувор аст, дар меҳвари сиёсати ҳуқуқии давлатҳои пешрафта, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор гирифтааст.

Муқовимат ба ин падида тақозо менамояд, ки мо коррупсияро на танҳо ҳамчун кирдори ҷиноятии алоҳида, балки ҳамчун омили таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори давлат арзёбӣ намоем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масъала зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар (26.12.2019) чунин таъкид намудаанд: «Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад». Ин андешаи муҳимми Сарвари давлат моҳияти фарогири коррупсияро ба таври равшан инъикос менамояд. Яъне, коррупсия танҳо як амали ғайриқонунӣ набуда, балки омиле мебошад, ки ба имиҷи байналмилалии кишвар латма зада, ҳамзамон боиси коҳиши эътимоди ҷомеа ба низоми идоракунӣ ва адолати иҷтимоӣ мегардад. Аз ин рӯ, мубориза бо он ба сифати як самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва шарти муҳимми таъмини суботи ҷомеа баромад мекунад.

Маҳз ба ҳамин хотир, муқовимати муассир ва дастҷамъона ба коррупсия бояд тамоми сатҳҳои иҷтимоиро фаро гирад – аз муҳити оила ва низоми маориф то фаъолияти касбӣ ва хизмати давлатӣ. Тарбияи ахлоқии насли наврас, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва таъмини иҷрои қатъии қонунҳо унсурҳои калидии ин раванд ба ҳисоб мераванд. Танҳо дар сурати ҳамгироии ин омилҳо метавон заминаи устувори ҷомеаи солим ва давлати ҳуқуқбунёдро фароҳам овард. Дар ин замина, ташаккули ҷомеаи солимро метавон ҳамчун як низоми зинавии пайдарпай арзёбӣ намуд, ки ҳар як зинаи он дар таҳкими муҳити зиддикоррупсионӣ нақши хоси худро дорад.

Дар навбати аввал, таваҷҷуҳи хосаи давлат ва роҳбарияти олии кишвар ба масъалаи муқовимат ба коррупсия дар партави илму маърифат ба таври возеҳ эҳсос мегардад. Дар ин замина, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи он аст, ки мубориза бо коррупсия набояд танҳо ба тадбирҳои ҷазодиҳанда маҳдуд гардад, балки пеш аз ҳама бояд ба таҳкими пояҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва илмии ҷомеа такя намояд. Ин равиш ба он асос меёбад, ки решаҳои аслии коррупсия на танҳо дар камбуди назорати ҳуқуқӣ, балки дар сатҳи пасти шуури ҳуқуқӣ ва маърифати шаҳрвандон нуҳуфтаанд. Аз ин рӯ, Сарвари давлат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ муқовимат ба коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуда, пайваста таъкид доштанд, ки бе рушди илму дониш ва ташаккули тафаккури созанда, решакан намудани ин падидаи номатлуб ғайриимкон мебошад.

Маҳз бо мақсади илмӣ ва низомнок гардонидани мубориза бо коррупсия Сарвари кишвар зимни суханронӣ ба муносибати 10-солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастур доданд: “Таъсиси шуъба ё кафедраи пешгирии коррупсия дар муассисаҳои дахлдори таҳсилоти олии кишвар, таҳияву нашри адабиёти назариявӣ ва амаливу методӣ оид ба коррупсия, варақаҳои рекламавии огоҳкунанда ва ба ҷойҳои ҷамъиятӣ дастрас намудани онҳо яке аз роҳҳои муассири баланд бардоштани самаранокии мубориза бо коррупсия мебошад”.

Ин иқтибос сиёсати давлатиро оид ба татбиқи механизмҳои илмӣ-таълимӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия ба таври равшан инъикос менамояд. Ин таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат нишон медиҳад, ки илм бояд ҳамчун як сипари боэътимоди маънавӣ ва зеҳнӣ хизмат намояд. Таъсиси кафедраҳои тахассусӣ, таҳия ва нашри адабиёти методию илмӣ, инчунин густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ, далели он аст, ки давлат саъй дорад мубориза бо коррупсияро аз доираи маҳдуди чораҳои ҳуқуқӣ ба сатҳи васеи маърифатӣ ва фарҳангӣ бардорад. Чунин равиши комплексӣ имкон медиҳад, ки насли наврас ва ҷомеа дар маҷмуъ на танҳо аз тарси ҷазо, балки дар заминаи дониши амиқ, ҷаҳонбинии солим ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ аз кирдорҳои коррупсионӣ канораҷӯӣ намоянд. Дар натиҷа, арзишҳои миллӣ, манфиатҳои ҷамъиятӣ ва принсипҳои адолат дар зеҳну рафтори шаҳрвандон ҷойгоҳи устувор пайдо мекунанд.

Пойдевори ҳар гуна ҷомеаи солим аз оила оғоз меёбад, зеро маҳз дар ин муҳити ибтидоӣ арзишҳои бунёдии ахлоқӣ, маънавӣ ва рафтории инсон шакл мегиранд. Оила ҳамчун ниҳоди аввалини иҷтимоӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, виҷдон ва масъулиятшиносии шахсият нақши ҳалкунанда мебозад. Агар дар фазои оилавӣ принсипҳои ростқавлӣ, ҳалолкорӣ, эҳтиром ба қонун ва нафрат ба ҳаромхӯрӣ ба таври пайгирона тарғиб шаванд, чунин тарбия заминаи устувори ташаккули шахсияти зиддикоррупсиониро фароҳам меорад. Дар ин сурат, кӯдак на танҳо меъёрҳои ахлоқиро аз худ мекунад, балки онҳоро ҳамчун меъёри дохилии рафтори худ дар тамоми марҳилаҳои ҳаёт нигоҳ медорад. Аз ҳамин лиҳоз, таҳкими тарбияи оилавӣ яке аз самтҳои калидии сиёсати маърифатӣ дар мубориза бар зидди коррупсия маҳсуб меёбад.

Нигоҳи арзишҳои динӣ бахусус, таълимоти ислом низ ба масъалаи коррупсия мавқеи қатъӣ ва бетағйир дорад. Дар манобеи шаръӣ порадиҳӣ ва порахӯрӣ ҳамчун амали ҳаром ва зидди адолати иҷтимоӣ маҳкум гардидаанд. “Ва амволи хешро дар миёни хеш ба ноҳақ махӯред ва амволи худро ба ҳокимон марасонед (яъне ба ришва) то порае аз амволи мардумроба ситам бихӯред; ва шумо медонед!”. Ришвагиранда, ришвадиҳанда ва шахси воситаи ришва ба ғазаби Худо гирифтор мегардад. Ин меъёрҳои динӣ дар баробари арзишҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ метавонанд ҳамчун омили пурқуввати маънавӣ дар ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ хизмат намоянд. Ҳамгироии тарбияи оилавӣ, маърифати динӣ ва донишҳои илмӣ имкон медиҳад, ки дар ҷомеа муҳити устувори ахлоқӣ ба вуҷуд омада, заминаҳои иҷтимоии паҳншавии коррупсия ба таври назаррас коҳиш дода шаванд.

Дар низоми мактаб ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ нақши илму маориф дар пешгирӣ ва маҳдуд намудани зуҳуроти коррупсионӣ бағоят муҳим ва ҳалкунанда мебошад. Муассисаҳои таълимӣ на танҳо марказҳои интиқоли дониш, балки муҳити ташаккули ҷаҳонбинии шаҳрвандӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносии насли наврас ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, риояи интизоми таълимӣ, иштироки мунтазам дар дарсҳо, саъю кӯшиш барои аз худ намудани донишҳои босифат ва эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён ҳамчун омилҳои муҳимми пешгирии коррупсия баромад мекунанд. Ҳамзамон, талаб намудани маблағ барои санҷишу имтиҳонҳо ва дигар шаклҳои муносибатҳои ғайриқонунӣ дар раванди таълим кирдорҳои номатлуб буда, ба пояҳои адолат ва сифати таҳсилот зарбаи ҷиддӣ мерасонанд. Дар чунин шароит татбиқи механизмҳои шаффоф аз ҷумла, пардохти қонунии маблағҳои таҳсил тавассути низоми бонкӣ ва густариши рақамикунонии соҳаи маориф метавонад сатҳи эътимоднокӣ ва адолатро дар ин низом ба таври назаррас боло барад.

Ба ин маънӣ, яке аз муҳаққиқон ба таври нишонрас таъкид кардааст, ки хатарноктарин паёмади коррупсия дар низоми маориф – ин тавлиди «мутахассисони бесавод» мебошад. Зеро табиб, муҳандис ё ҳуқуқшиносе, ки бо роҳи фасод соҳиби диплом шудааст, дар тӯли фаъолияти худ на танҳо ҷиноят содир мекунад, балки бо нолоиқии худ ба ҷомеа зарари худро мерасонад. Чуноне ки дар сарчашмаҳои илмиву оммавии дигар омадааст: “Ҳама гуна амали коррупсионӣ дар баробари зарари молиявӣ, пайомадҳои иҷтимоии хатарнок ва равонӣ низ дорад. Дар ҷомеае, ки амалҳои коррупсионӣ бештар дида мешавад, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заиф, халқ бесавод ва ба ояндаи давлат таъсири манфӣ мерасонад”.

Ин андешаҳо нишон медиҳанд, ки таъсири манфии коррупсия дар соҳаи маориф аз доираи як муассиса фаротар рафта, ба тамоми сохтори иҷтимоӣ ва рушди устувори давлат таъсири доманадор мерасонад.

Низоми маориф на танҳо фазои касбомӯзӣ, балки сипари аввалини мубориза бар зидди коррупсия ва кафили солимии маънавию иҷтимоии ҷомеа мебошад. Дар ин замина, бояд дарк намуд, ки муқовимат ба коррупсия дар соҳаи маориф танҳо масъалаи иқтисодӣ нест, балки масъалаи ҳаётан муҳимест, ки ба амнияти инсон, рушди устувори ҷомеа ва ояндаи миллат иртиботи бевосита дорад. Танҳо тавассути ҳамгироии тарбияи ахлоқӣ, таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва таъмини дастрасӣ ба донишҳои мукаммал метавон насли наврасеро ба камол расонид, ки манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашариро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузошта, бо рӯҳияи зиддикоррупсионӣ дар роҳи пешрафти давлати соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузорад. Маҳз ҳамин иттиҳоди устувори илм, ахлоқ ва қонун пойдевори ҷомеаи адолатпарвар ва давлати муосири орӣ аз фасодро ташкил медиҳад.

Коррупсия дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ба мисли зангест, ки оҳиста-оҳиста сутунҳои давлатдориро мехӯрад: он боиси коҳиши эътимоди шаҳрвандон гардида, пояҳои идоракунии самаранокро заиф месозад. Шахсе, ки бо роҳи коррупсионӣ мансабро ишғол менамояд одатан на ба манфиати ҷамъият балки ба манфиати шахсӣ амал карда, ба рушди соҳа монеа эҷод мекунад. Аз ин лиҳоз, муқовимат ба чунин падида талаб мекунад, ки механизмҳои муассири назорат ва таъмини волоияти қонун пайваста такмил дода шаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ниҳодҳои махсус аз ҷумла Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия фаъолият мебаранд, ки ҳадафи асосии онҳо таъмини шаффофият, адолат ва риояи қатъии қонунгузорӣ мебошад.

Таҳлили илмии марҳилаҳои зикршуда нишон медиҳад, ки ноил шудан ба натиҷаҳои устувор дар самти муқовимат ба коррупсия танҳо дар сурати пайванди ногусастании маърифати инсонӣ бо сиёсати давлатӣ имконпазир аст. Яъне, вақте ки дониш, ахлоқ ва қонун дар як меҳвар муттаҳид мегарданд ҷомеа метавонад ба муқобили ин падида муқовимати муассир нишон диҳад.

Ҳар гуна каҷравӣ метавонад ба амнияти миллӣ таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳамаҷонибаи ин раванд барои бунёди ҷомеаи солим ва давлати мустаҳкам аҳаммияти калидӣ дорад, зеро илму дониш воқеан беҳтарин сипар дар муқобили коррупсия маҳсуб меёбад.

Хулоса, коррупсия падидаест, ки решаҳои онро танҳо бо роҳи таҳкими маърифати ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи шуури ҷамъиятӣ ва масъулияти дастҷамъонаи тамоми қишрҳои ҷомеа метавон аз байн бурд. Ин зуҳурот на танҳо зарари молиявӣ, балки паёмадҳои амиқи иҷтимоӣ ва равонӣ дошта, рушди босуботи сиёсиву иқтисодиро маҳдуд месозад. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз масъулияти имрӯзаи ҳар як узви ҷомеа вобастагии мустақим дорад.

Фаридун Ҳодибоев,

номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ