Иқдоми таҷрибаомӯзон: дарси кушод дар мавзуи “Асосҳои оптикаи геометрӣ”

Дар доираи таҷрибаомӯзии донишҷӯён аз ҷониби донишҷӯи соли чоруми факултети физикаю техника Нурматова Сабрина дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 шаҳри Хуҷанд, дарси кушод ба роҳ монда шуд.
Дарси мазкур бо иштироки хонандагони синфи 9 “а” доир гардида, ба мавзуи “Асосҳои оптикаи геометрӣ” баргузор гардид.
Дар ҷараёни дарс таҷрибаомӯз Нурматова Сабрина бо истифода аз муаррифии пурмӯҳтаво ва воситаҳои техникии муосир мавзуъро шарҳ дод.
Дарс бо истифода аз бозиҳои интерактивӣ ҷолибу шавқовар гузашт, ки ин усул ба ҷоннок намудани раванди таълим мусоидат намуд.
Хонандагон қонуни инъикоси рӯшноӣ ва шикасти рӯшноӣ шинос гардида, дарси мазкур на танҳо аз ҷиҳати мазмун, балки аз лиҳози истифодаи методҳои интерактивӣ ва техникӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буд
Маркази иттилоот ва таҳлил