ИФТИТОҲИ ЛАБОРАТОРИЯИ «ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКА ВА МАГНЕТИЗМ» ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА ВА ТЕХНИКА

Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети физика ва техникаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” лабораторияи муосири «Электроэнергетика ва магнетизм» ба истифода дода шуд. Ҳадафи асосии таъсиси лаборатория гузаронидани корҳои амалӣ ва лабораторӣ буда, он барои баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии донишҷӯён мусоидат мекунад.

Лаборатория барои донишҷӯёни ихтисосҳои физика, физика-математика, физика-информатика, таълими касбӣ (энергетика), таълими касбӣ (радиоэлектроника) ва дастгоҳҳои электронӣ пешбинӣ гардида, дар доираи фанҳои электромагнетизм, практикуми лабораторӣ, физикаи таҷрибавӣ ва электротехника истифода хоҳад шуд.

Қисми ифтитоҳи лаборатория бо иштироки ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин баргузор гардид. Зимни боздид ба ректори донишгоҳ иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти самараноки машғулиятҳои амалию лабораторӣ як қатор стендҳои таълимии муосир ба факултет ворид карда шудаанд.

Аз ҷумла, “Стенди таълимии омӯзиши системаи истеҳсоли энергияи фотоэлектрикии офтобӣ” имконият медиҳад, ки эффектҳои фотоэлектрикӣ дар батареяҳои офтобӣ омӯхта шуда, вобастагии тавоногии сели рӯшноӣ аз кунҷи афтиши он муайян гардад, нерӯгоҳи хурди барқии офтобӣ васл карда шавад, қувваи рӯшноӣ бо ёрии фотометр чен ва табдилдиҳии қувваи рӯшноӣ ба ҷараёни барқ амалӣ гардад.

Ҳамчунин, “Стенди таълимӣ оид ба омӯзиши ҳодисаҳои хунуккунӣ ва гармидиҳӣ” барои омӯзиши равандҳои кории кондитсионерҳо ва яхдонҳо, шиносоӣ бо таҷҳизот, принсипи кор, тарҳи электрикӣ ва қоидаҳои истифодабарии онҳо хизмат мекунад.

“Стенди омӯзиши системаи насби таҷҳизотҳои электрикӣ” бошад, барои омӯзиши калидҳои автоматии электрикӣ, асбобҳои баҳисобгирии неруи барқ, тадқиқи кори табдилдиҳандаҳои тиристорӣ ва басомадӣ, инчунин ченкунии энергияи фаъол дар занҷирҳои ҷараёни тағйирёбанда пешбинӣ шудааст.

Дар доираи чорабинӣ дастовардҳои устодон ва ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – Фурӯғи маърифат» ба намоиш гузошта шуда, ба роҳбарият ва иштирокдорон муаррифӣ гардиданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ ректори донишгоҳ масъулинро вазифадор намуд, ки аз имкониятҳои лабораторияи навбунёд мақсаднок ва самаранок истифода намуда, сифати машғулиятҳои амалӣ, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазирро боз ҳам баланд бардоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ