​ИФРОТГАРОӢ ЗИНДАГИИ ОСОИШТАРО ЗАВОЛ МЕБАХШАД...

Таърихи сиёсиву иҷтимоӣ ва муборизаҳои мафкуравии ҷомеаҳои башарӣ ба таври равшан собит мекунад, ки зуҳуроти ифротгароӣ ба давраҳои пурҷўшу хурўши қавму милали дунё алоқаманд аст ва сабаби аслии ривоҷу равнақи он ба чигунагии фаҳмишу биниши давлатҳои худкомаи авҷдиҳандаи ифротгароӣ марбут аст. Ҳама гуна давлатҳо дар ҷаҳон роҳу равиши пешрафти худро доранд. Аз ҷумла, дар давлатҳои мутамаддин фишанги асосии пешрафт маънавият қарор гирифтааст. Ин гуна давлатҳо, бешак, чароғдори маънавият ва пешрафту ободии миллӣ дар ҷомеаи башарианд, дигар давлатҳоро ба роҳи некӣ ва некзистӣ мекашанд. Маҳз онҳо бояд дар таърихи ҷаҳон ва ҷомеаи башарӣ модели беҳтари расидан ба авҷи қудратҳои маънавӣ шинохта шаванд. Дар таърихи башар ва ҷаҳони имрўз давлатҳои худкома ҳам арзи ҳастӣ доранд, ки ҳарчи бештар саъй бар ба даст овардани риштаи ҳирсу сарварии дунё кардаанд ва дар ин амр василаи зиёде ба кор оварда ва дастгоҳи зиёде дар хидмати онон будааст. Ҳадафи аслӣ, бешак, дар он нуҳуфта будааст, ки ақсои олам ҳамчун бозичае дар дасти онҳо қарор бигирад. Як силсила рухдодҳои ногувори садаи бист ва бисту як, ки аз ҷониби давлатҳои ҷангҷў ва ниҳодҳои худкомаи ҷонибдори онҳо ба миён омадаанд, аз ҳақиқати ин амр гувоҳӣ медиҳанд.

Аз ин чашмандоз, мардуме, ки дар кишварҳои мухталифи дунё ба амали нангин майлу хоҳиш пайдо мекунанд ва ба ифротгароӣ мегараванд, бидуни дарки аслии моҳияти хостаҳои онон, майлу хоҳиши аз ҳад беши ҷаҳонватанӣ шудани ин гуна кишварҳои худкома ҳадафҳои аслии чунин гаравишро дар нобоварӣ ба равандҳои ҷории кишвари худ, хоса, гўё нобаробар ва номураттаб будани сатҳи зиндагӣ ва иҷтимоиёти кишвар ба шумор меоваранд ва ба таври носолим фикр мекунанд, ки бо гаравиш ба ин зуҳурот ва дохил шудану пайвастан ба тўдаи ифротгароён калиди ҳаллу фасли муаммоҳоро дарёфт хоҳанд кард.

Дар асл, сатҳи дониши норасо ва мафкураи норасидаи аҳолии камбин ва камдидаи милали дунё имкон намедиҳад, ки онон номатлуб ва норост будани чунин роҳро дарк намоянд ва ба дурустӣ фаҳманд, ки ин гуна гаравиш на калиди аслии расидан ба зиндагии хуш ва матлуб аст, балки ғўта хўрдан ба ин гирдоб маънии фурў рафтан ба муаммоҳои аз ин ҳам бештари хатарзоро дорад.

Сабаби дигар ва боз ҳам ҷиддитари чунин гаравиш ба ин ботлоқ дар ҷомеаҳои башарӣ гўё бартарӣ доштану бартарӣ ёфтани ҷаҳонбинӣ ва мафкураи диниву мазҳабӣ аст ва аз назари гаравандагон гўё танг кардани давлат ва ҳукумат аз ҷойгоҳи дину оини мазҳабӣ ононро ба ин роҳ оварда ва онҳо гўё дар роҳи дифои ҳақ, ҳақиқати мазҳабӣ ҷуз рўйоварӣ ба ин зуҳурот дигар чора надоштаанд.

Бо ин роҳ нафарони гараванда ба амали ифротгарӣ бидуни донишу фаҳмиши амиқи дунёдорӣ ва бо такя ба қазоватҳои норосту носолим ба раванди ҷорӣ ҷиҳод доранд ва ҷиҳод варзиданро омили аслии пойдор кардани дину оин ба шумор меоранд, дар ин роҳ шаҳид шуданро амри муҳимми расидану пайвастан ба даргоҳи Ҳақ мешуморанд.

Аз ин ҷиҳат, решаҳои пайдоиши ин зуҳурот дар нобаробарии сатҳи саводу фаҳмиши ҷомеаҳои мухталиф дар масоили мубрами дину оин ва дунявият қарор дорад. Аз назари равоншиносӣ ҳам метавон ба ин натиҷа расид, ки майлу хоҳиши беинтиҳо ва ҳарчи бештари расидан ба аҳдофи мафкураи ҷаҳонватанӣ ё сарварии кулли ҷаҳон будану фармондеҳи мутлақи ҷаҳон гардидан бархе аз давлатҳоро усулан водоштааст, ки ба густариши мактабу ниҳодҳои хосаи ифротгароӣ замина фароҳам созанд ва ба ин ниҳодҳо қувваи фаровонеро ҷалб намоянд. Аз ин назар, набудани қобилияти дарки худкомагии давлатҳои худхоҳу худҷў аз ҷониби афроди ҷалбшуда сабаби аслии афзоиши ифротгароӣ гардида, онҳо зери таъсири ин худкомагӣ қарор гирифтаанд. Барои ин гуна равандагон тафовут надорад, ки «террористон ба давлати миллӣ ва миллат бовар надоранд. Онҳо ба фазое, ки бар эътимод асос ёфтааст, бовар доранд». Онҳо инро ҳам намедонанд, ки «террористҳо ва сарпарастони онҳо бо роҳи фиреб одамони аз ҷиҳати иқтисодӣ заифро ба фабрикаи худкушии худ ҷалб мекунанд». Ин аст, ки равияи мазкур дар асри имрўз чун хатари ҷиддии ҷомеаҳои ҷаҳонӣ шинохта шуда, чашми диққату эътибор додану дўхтани ниҳодҳои байналмилалӣ ва дохиликишварӣ ба ин амали номатлуб ва ҳаллу фасли он низ аз ҳамин хатари ногувор сарчашма мегирад.

Ҷавҳари асосии ифротгароӣ дар шароити имрўз пойбанди мафкуравии ниҳодҳои бегона шудани аҳолии кишварҳои мухталиф дар шаклу навъҳои гуногун аст ва худ аз худ дар амри ифротгароӣ арзишҳои мазҳабии бегона ҷойгоҳи хос ба даст овардааст. Ифротравон ҳаргиз фаҳмидан намехоҳанд, ки пуштибонӣ аз афкору ақоид ва таълимоти ифротгароёнаи динии як кишвар моҳиятан пуштибонии мафкураи он кишвар ва, ба ин васила, ноором кардани фазои ороми ҷомеаи дигар маҳсуб мешавад. Ин амр, барҳақ, ба муҳити солими ҷомеа халал ворид карда, ба системаи фикру ғояи миллии он кишвар зарбаи сахт мерасонад. Аммо, мутаассифона, нафароне, ки ба ин зуҳурот дилбастагӣ пайдо мекунанд, на донишу биниш ва фаҳмиши амиқ доранд, на аз асосҳои улуми дунявӣ бохабаранд, на ба роҳу равиши пешрафтҳои миллии кишвари худ заррае сидқу садоқат доранд. Ба инҳо арзишҳои ватандорӣ ва миллатпарастӣ бегонаанд. Беватанӣ ва беватан будан аслу мағзи равандагии ин тоифаи ҷангҷў ва хатаровар мебошад, ки бояд аз беху бун чунин андешаро сар зад.

Ба лойоби таассубу ҷаҳолати динӣ ва доми тазвири қаллобону бидъаткорон ва таҳрифгарони дини ислом гирифтор шудани афроди ноогоҳ ва Худоҷўйи дар асл Худобехабар боис гардидааст, ки аз дини мубини Ислом ва аҳдофи сиёсии он нохудогоҳона ба кор гирифта шавад. Ин амр ба ҷоҳиливу ваҳшонияти ин тоифа ишорат карда, бозгўи он аст, ки онон бино ба бедонишӣ ва халалдору коста будани бардошти сиёсӣ аз фаҳмиши аслии сарсабзӣ, барозандагӣ ва сарзиндагӣ дар ҷомеа дар канор монданд, онҳо аз фарти бебаҳрагӣ аз фарҳанги башарӣ ва миллӣ ба махлуқи ношуд ва нокардагор табдил ёфтаанд, бе ҳиссу равнақ ва шармандаворона дар ҷомеаи озоди дунявӣ бидуни мақом ва мартабаи шахсиву ҷамъиятӣ боқӣ мондаанд. Ин гуна ифротварзон дигар ба бақои ҳастиашон набояд бовару эътимод дошта бошанд, инҳо ҳаққи комили нафас кашидан бо Ватан, Кишвар ва ҳамзистӣ бо фарзандони содиқи он надоранд, инҳо маҳкум ба заволанд, ки аз фарти нодонӣ, бехабарӣ, нокоршоямӣ дар пешбурди Ватан, аз сабаби ноилоҷӣ ва худро ҳақир пиндоштан дар Ватан маълумоти андак оид ба дини Ислом ба даст оварда, талош варзиданӣ шудаанд, ки лоақал бо истифода аз номи дин мақоми иҷтимоиашонро беҳтар созанд. Ин тоифа дар дарки ростини равандҳои сиёсиву идеологӣ ва маърифатии асри мо ноқобиланд. Онҳо дарк накардаанд, ки абарқудратҳо ҷомеаи башариро байни худ тақсим карданианд, дар ин роҳ аз қувваи бедонишон суд ҷуста, пайравони мутаассибу ҷоҳилро ҳамчун василаи татбиқи аҳдофи нопок ба кор мегиранд ва танҳо ба ин васила ба ниятҳои нопоки худ расиданианд.

Аз ин ҷиҳат, пайдоишу густариши зуҳуроти ифроту ифротгароӣ дар замони мо рукни ҳадафмандонаи сиёсати нопоки абарқудратон дар робита ба олами ислом аст. Дар ҷое, ки дониши динӣ ва пазириши дини Ислом андаке қафо монда бошад, бозори ифротандешӣ ва қаллобӣ дар авҷ хоҳад буд. Ҷое, ки мусулмони ноогоҳ ҳаст, оташи низоъ ҳамеша дар ҷўш ва пойбарҷост. Чаро ин гуна афрод андеша надоранд, ки ин ноогоҳии маҳз дар ҷомеаи мо яке аз сабабҳои аслии харобиовар дар ҷанги қавмӣ гардида буд?...

Ин афрод бо кўмаки хўҷаинон ва навкарони хориҷӣ хоҳонанд, ки ҳаёти ба назарашон ҳамвор, рўзгоре мутафовит аз рўзгори дигарон, ҳаёте пуросоиш ва пурайшу тараб бо онҳо бошад, аммо бехабар аз он ки бо чунин фаҳмиш расидан ба «биҳишт»-и мутлақ ғайриимкон аст. Инҳо намедонанд, ки даст ёфтан ба ин гуна рўзгор бо сарсупурдагӣ, дилдодагӣ ва садоқати бемисл ба Ватан, ранҷу заҳмат барои Ватан ва кам шудану ғам хўрдан ба Ватан имконпазир аст. Инҳо қобили дарк нестанд, ки бо ин шеваи ифротандешиву ифротгарӣ ҳаёти аҳли ҷомеа ва худу наздикон дар хатар хоҳад буд. Аз сабаби он ки зуҳуроти ифроту ифротгарӣ ба тоҷикон нав ва ҷараёни воридшуда ё ба истилоҳ «оварда» аст, ҳаллу фасли ин амр дар ҷомеаи мо мушкиле фаровон дорад.

Ин шеваи андешаи равандагони норости зиндагӣ – ифротгарон боиси падид омадани силсилаи фоҷиаҳои ҳангуфт ва гўшношунид дар ҷомеаи имрўз гашта ва таваҷҷуҳи бевосита ва ҳарчи бештари ниҳодҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба ин амали нангину фоҷиабор ва эълон кардани мубориза ба зидди ифротгароӣ низ баста ба ҳамин масъалаи ҳаётан муҳимму мубрам дорад. Ҳукумати кишвар хуб ва равшану усулӣ дарк кардааст, ки мубориза ба ин амали нохушоянди ҷомеаи башарӣ ва решакан кардани он бо ҳама мушкилоти рўҳиву равонӣ ва ҷисмониаш барои аз ноамнӣ баровардани кишварҳои дунё ва ҳаллу фасли силсилаи муаммоҳои зарурӣ муосидат хоҳад кард. Ин кўшишу ибтикор мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро бамаротиб афзуда, симои воқеии онро дар пеши чашми ҷомеаҳои мутамаддини башарӣ баланд хоҳад бардошт.

Аз диди мо, яке аз сабабҳои боз ҳам асосии дар чаҳоркўчаи бунбаст қарор гирифтани тафаккури ифротравон дарк накардани моҳияти идеяи миллии тоҷикӣ аст, ки дар роҳи бебозгашти исботи ҳастии бақои миллат реша ёфтани зуҳуроти ифротгароии динӣ ва пазируфтани арзишҳои мазҳабии бегонаро куллан инкор мекунад. Барои расидан ба ин ҳадаф дар тамоми зинаҳои таълим – аз ибтидоӣ то олӣ тарбияву парвариши насли рўҳану маънаван солим ва вусъат додани донишомўзиши амиқи муттако ба таърих ва илму фарҳанги миллӣ хеле муҳим ба ҳисоб рафта, чунин амр заминаи асосии ташаккули шахсияти равшани меҳанпараст ва парвариши насли воқеии ватандўст хоҳад гардид. Огаҳӣ ва баҳрамандии амиқ аз таъриху фарҳанги миллӣ ва садоқати азалӣ ба мафкураи миллии тоҷикӣ имкон намедиҳад, ки дар миёни тоҷикони таърихан фарҳангоин ва маънавиятсиришт ҳамандешони ифротгаро ва ба арзишҳои фарҳангии миллат бепарво ба воя расанд, ки ба рушди воқеии ҷомеаи мутамаддин халал меоваранд.

Баҳрамандӣ аз дониши пурбори таърихӣ – фарҳанги томравои миллӣ имкон намедиҳад, ки моҳияти суханони сиёсатмадори бузург Куруши Кабирро дар матни Эъломияи маъруфи ў фаромўш намоем. Куруши Кабир зимни арзёбии шеваи раҳбарӣ ва раҳнамоии худ ба нуктаи хеле ҷолиб ишора кардааст, ки омўзишу баҳрамандӣ аз он дар роҳи пешгирӣ аз ифротгароӣ хеле муфид аст. Куруш менависад, ки «вазъи дохилии Бобул ва амкинаи муқаддаси он қалби маро такон дод. Фармон додам, ки ҳама мардум дар парастиши Худои худ озод бошанд ва бединонро наёзоранд. Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам Камбуҷия ва тамоми лашкари ман аз роҳи иноят баракати худро нозил кард. Подшоҳоне, ки дар ҳама мамолики олам дар сарзаминҳои худ нишастаанд, аз дарёи боло то дарёи пойин ва подшоҳони Ғарб хироҷи сангин оварданд ва дар Бобул ба пойгоҳи ман бўса заданд. Фармон додам, ки аз Бобул то Ошур ва Шуш ва Акад… ва ҳамаи сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маобидеро, ки баста шуда буд, бикушоянд. Хамаи худоёни ин маобидро ба ҷойҳои худ баргардондам, то ҳамеша дар он ҷо муқим бошанд. Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоеро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Сумеру Акадро беосеб ба қасрҳои онҳо, ки «шодии дил» ном дорад, бозгардондам. Сулҳу оромишро ба тамоми мардум ато кардам».

Чанд сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳаётан муҳимми ифротгароӣ дар муборизаи беамон қарор дорад ва дар силсилаи асноди расмӣ, рисолаву мақолаҳо, гузоришу суханрониҳо, мулоқотҳои сатҳи байналмилаливу дохилии Пешвои миллати тоҷик масъалаи мубориза ба ифротгароӣ мавқеи устувор ва ҷиддӣ пайдо кардааст. Дар ин санадҳои муҳим оид ба мавқеи кишвар дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ, ҳифзи сулҳ ва амнияти минтақа, масоили ҳалталаби ифротгароӣ, экстремизм, радикализм ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ хеле ҷиддӣ ва усулӣ сухан ба миён гузошта шудааст. Аз ҷумла, дар ин робита вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон ва як қатор давлатҳои дигар – Ироқу Сурия ва Яман низ дар чашмандози Пешвои миллии мо ҳамчун фишанги мубориза бо амали ифротгароӣ борҳо мавриди гуфтугўи ҷиддӣ қарор гирифтааст.

Мушоҳидаҳои Пешвои миллат имрўз ба равшанӣ ин натиҷаро ба зеҳни мо мерасонад, ки ба миллати тоҷик ифротандешиву ифротгароӣ ҳаргиз хос набуду нест. Аз ин сабаб, ба созмону иттиҳодияҳои ифротию тундгаро пайвастани иддае аз ҷавонон маҳсули сатҳи пасти маърифати сиёсӣ, заъфи худшиносии миллӣ ва ноогоҳии динист, ки пушаймонӣ ба бор хоҳад оварду халос.

Аз китоби арзишманди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ба ин бардошти хеле муҳим бармехўрем: «Тоҷикон, ки дар тўли таърихи чандҳазорсолаи худ бисёр давраҳои печидаву мушкилро пушти сар кардаанд, дар ҳамаи давру замон аз таҳаммулгароӣ ва маслиҳату муколама кор гирифта, борҳо собит сохтаанд, ки бо роҳи зўрӣ ҳал кардани мушкилоту низоъҳо ва ба ҳам муқобил гузоштани ҷаҳонбиниву ақидаҳои мухталиф метавонад на танҳо сабабгори фасоди ахлоқ ва халалдор шудани фарҳангу тамаддунҳо, балки шикасти давлатҳо низ гардад»...

Ваҳдати миллӣ омили созандаву устувори иттиҳоди миллати тоҷик аст, ки бо баҳрамандӣ ва дарку шинохти арзишҳои куллии ҷаҳонӣ фароҳам меояд. Ваҳдат ҳамеша ва дар ҳар маврид таҳкурсии ташаккули ҷомеаи томравои шаҳрвандӣ монда, ба беҳтар шудани сатҳу сифати зисти мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистқилол бояд мусоидат кунад. Имрўз эҳсоси амиқи ватандўстӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ дар шуури ҳар тоҷик маъво дорад, аз ин рў, бояд созӣ, созиш, созандагӣ, бунёдгароӣ, ободкорӣ ҳадафи аслӣ ва қудсии ҳар ватандўсту ватанпарвари асил бояд қарор гирад, ки дастовардҳояш бо суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ иртиботи хос дорад. Ҳаргиз мумкин нест, ки бо пайвастан ба ифротгарӣ ва ифротгароён ба ҷомеаҳои башарӣ ранги хираамонро намоён кунем. Аз диди мо, ин амал шармандагӣ дар назди наслҳои оянда аст. Талоши беҳадаф чизе нахоҳад дод, ҳаргиз ба обрўи миллӣ нахоҳад афзуд!...

Бо Ватан будан аз нишонаҳои фарҳанги баландпоя аст. Дарки асли қазия, дарёфти калиди меҳварии ҳаллу фасли солими муаммои сангину пурихтилофи ифротгароӣ дар чорчўбаи қонунҳои кишвар, меъёрҳои байналмилалӣ ва мутобиқ ба шароити замониву маконӣ боз ҳам ҳарчи бештар моро дар як марҳалаи хоси ҳамфаҳмӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми қишрҳои ҷомеа қарор хоҳад дод…

Субҳони Аъзамзод, устоди

ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ