Ифротгаро Ватан надорад
Аз ибтидои қарни 21 инсоният ба хатари ҷиддӣ - терроризми байналмилалӣ рӯ ба рӯ гашт. Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо - воқеан ҳам таҳдид эҷод менамояд.
Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар самти мубориза бо ифротгароӣ, терроризм ва каҷрафторӣ таҳдиди амалҳо, кирдорҳо ва корҳои террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҷон гирифтани созмонҳо, гурӯҳҳо, дастаҳои террористӣ - ифротгароӣ аз ташкилоту созмонҳои маблағгузор, яъне хоҷагони хориҷии онҳо равшан ба мушоҳида мерасад.
Чунин вазъияти баамаломада хавфу хатар ва оқибати хатарзову хатарафкан дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ эҷод менамояд. Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хавфу хатари глобалӣ, ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм – ашхоси террорист-ифротгаро Ватан, миллат, дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини рӯи Замин аст.
Биноан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ бояд дошта бошем. Мо ҳамеша терроризм ва экстремизмро шадиддан, ҷиддан маҳкум мекунем. Баҳри таҳкими якпорчагии Ватани азизи худ ҳамеша омода ҳастем ва сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи давлату Ҳукуматро пайваста ҷонибдорӣ менамоем.
Вабои асрро пешгирӣ мебояд!
Барои ин, пеш аз ҳама, муттаҳидӣ ва солимфикрӣ зарур аст. Чаро? Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои вазнин ва таҳдид ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан ҳам таҳдид менамояд.
Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар ҷараёни мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн рафтааст, балки афзоиш ёфтааст.
Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофот, ҷиддиятҳост, доир ба афзудану густариши терроризм, фундаметализм, экстремизм ва дигар зуҳороти номатлубу хатарзо зиёд мегӯянд ва менависанд. Ба ин хотир дастаҷамъӣ, муттаҳидӣ, якдигарфаҳмӣ, ваҳдату ягонагӣ, рафоқати инсонии сокинони кишвар ва кӯшиш кардан баҳри таъмини амнияти миллӣ аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур ва муҳим аст.
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад.
Аз васоити ахбори умум огаҳам, ки терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, ба оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ бамуаммои ҷиддитарини инсоният дар қарни 21 табдил ёфтааст.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Мо ҳамеша терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Онҳое, ки ба амнияти кишвари соҳибистиқлоли мо хатар эҷод намуда, оромиву суботи ҷомеаи моро халалдор намудан мехоҳанд ва ҳамарӯза бо шабакаҳои иҷтимоӣ ҳадафҳои иғвоангезонаи худро паҳн карда, мафкураи мардуми моро тағйир додан мехоҳанд, гуфтанием, ки мо – мардуми бедор ҳастем, аз ҳадафҳои нопоки ингуна нохалафон воқифем ва намегузорем, ки ба амнияти мо рахна ворид шавад. Ватани азизро бар ивази ҷон бошад ҳам ҳифзу ҳимоя менамоем. Барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо омода ва баҳри гулгулшукофии кишварамон ҳамеша саҳмгузор мегардем.
Ифротгароӣ – нотавонбинӣ
Ин ифодаро ман ба гурӯҳи ифротгаро ва терроризм мансуб медорам.
Инсон, ки ба дунё омад, бояд дар замири дил ва хулқу атвораш тухми накӯкорӣ бикорад. Аслан инсон накӯкору накӯниҳод бояд бошад. Аммо имрӯз баъзе аз ашхоси кундзеҳн ба қадри оромиву осудагии нарасида, ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гардида, умеду орзуи волидонро барбод, ҳаёти ширини хешро талх ва амнияту оромии Ватанро халалдор мекунанд.
Як далели номатлуб ҳаст, ки имрӯз масъалаи муҳими ҷомеа ин шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ ба мушоҳида мерасад. Тайи солҳои охир ҳаракатҳои ифротгароӣ ва динии мазҳабҳои гуногун бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар гузошта истодаанд.
Медонем, ки ғояҳои асосии дини мубини Ислом дар заминаи инсондӯстист, таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии бародаронаи халқҳова миллатҳо, ҳимоя намудани сулҳу оромӣ ва амният ташаккул ёфтааст. Дини мубини Ислом ва ё дигар динҳоро манбаи ифротгароӣ номидан комилан хатост, чун Ислом ҳар гуна зӯроварӣ вакушторро маҳкум месозад. Онҳое, ки ҷавононро ба доми фиребу найранг мекашанд, худ аз арзишҳои дини мубини Ислом бархурдор нестанд, ин дини покро ҳамчун парчами фаъолияти таҳрибкоронаи худ истифода мебаранд.
Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти якчанд ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ – махсусан ТТЭ ҲНИ манъ карда шудааст. Чӣ гуна ва чӣ ҷавонони гумроҳу камсавод ба ин гуна ҳизбҳо ҳамроҳ мешаванд ва сабаб дар чист?!
Фикр мекунам, ба ҷавононе, ки ноогоҳанд, аз илму донишу фарҳанг дур мондаанд, дар шабакаи иҷтимоӣ беҳуда вақтгузаронӣ мекунанд, бештар хатари шомилшавӣ таҳдид дорад.
Моро, алалхусус, наврасону ҷавононро зарур аст, ки рӯ ба илму фарҳанг оварда, аҳли ҷомеаро аз ин тоифаи террористону ифротгароёни бадандеш эмин нигоҳ дорем.
Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарину роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Қоситова Ӯғулой – дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума