Идомаи дарси кушоди таҷрибаомӯзон

Дар МТМУ №10 таҷрибаомӯзи курси 5-уми ихтисоси физика ва информатикаи факултети физикаю техника Эрматов Ҳамробек дарси кушоди намунавӣ баргузор намуд. Дарси мазкур дар синфи 9 “а” бо усули нави салоҳиятноки таълим ва истифодаи воситаҳои муосири техникӣ дар мавзуи "Инъикоси оинави ва дифузӣ. Сохтани тасвир дар оинаи ҳамвор" баргузор шуд.
Дарси кушод бо истифодаи васеи маводи таълимӣ, аз ҷумла овезаҳо, варақаҳои корӣ, кроссвордҳо ва воситаҳои техникӣ гузаронида шуд
Дар ҷараёни дарс роҳбари таҷрибаомӯзӣ Иброҳимов Пайрав, методист Азимова Гулмира, омӯзгорони муассиса ва дигар таҷрибаомӯзон иштирок намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил