Хурофоту тундравӣ ва динситезӣ дар ҷомеаи шӯравӣ

Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост ва мо домани баҳсро дар ин маврид дароз намекашем ва ин мавзӯи сӯҳбати мо нест.

Сиёсати динии давлати абадқудрати Шӯравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд.Атеизм, ки лафзан ба маънои бехудоӣ ва истилоҳи илҳод ё инкори эътиқоди динӣ аст, қисми таркибии идеалогияи ҳукмрон буд ва ба сурати динситезӣ, дингурезӣ, динрабоӣ ва дар ниҳояти кор дар шакли ифротии (экстремистии) мубориза алайҳи дин – динзудоӣ, маҳвсозии дин зуҳур мекард. Таъбири (тезиси) машҳури К.Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда, зимнан «афюн» танҳо ба маънои салбии он (як навъи маводи нашъаовар ва тиракунандаи ақли инсон фаҳмида мешуд, ҳол он ки яке аз таърифҳои хеле кӯтоҳу мухтасар, вале пурмазмун дар мавриди пурсиши «Дин чист?»- ҷавоб чунин аст: «Дин ақл аст». Ва ҳамаи динҳо, бахусус ислом ҳама гуна маводи мухаддирро ҳамчун тиракунандаи ақли инсон, хиракунанда ва заифкунандаи имонуэътиқоди инсон ба дин, ба худо сахт маҳкум месозанд).

Бо мақсади тадбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазиралайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, кӯҳнапарастӣ, хурофот» аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида амалӣ карда мешуд. Эътиқоди динӣ мафкураи зиёновар, хатарбор арзёбӣ шуда, шахси мӯътақид нафари аз ҳаёт ақибмонда, раҳгумзада ва инсони аз лиҳози ақлу андеша нокомил, ноқис ва беэътимод дониста мешуд, ки бояд ба роҳи дуруст раҳнамоӣ карда, ба ҳаёти солим баргардонида шавад.

Дар ҷараёни пиёда намудани ин сиёсат бисёр масҷиду мадрасаҳо ҳамчун амокини зарарнок ва мероси замони феодалӣ харобу валангнор ва бархеи дигар ба анборҳои колхоз, клубу чойхонаҳои сурх ё чойхонаҳои ҷамиятӣ табдил дода шуда, шахсони саводи кӯҳна (хатми мадраса) дошта гирифтори таъқиб, азобу шиканҷа гаштанд ва ҳазорон китобҳои нодир чун китобҳои динӣ, «зарарнок» бебозгашт сӯхтаву нобуд карда шуданд. Дар донишгоҳҳои олӣ фанҳои махсуси «Атеизми илмӣ», «Комунизми илмӣ» таълим дода мешуд, ки мақсади он аз мағзҳои ҷавонон шустани «боқимондаҳои зарарноки замони гузашта» ва бо ғояҳои «пешқадами замонавӣ» мусаллҳ намудани онҳо буд.

Ҳамон тавре, ки маъмулан дар чигуна мавридҳо ба амал меояд, бар асари сиёсати бехирадона, яктарафа, баъзе расму оин, урфу одатҳои бостонии миллӣ ва мардумии мо аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайраҳо зери селоби мубориза алайҳи боқимондаҳои динӣ мондан ва дар он ғарқ гаштанд ва андаке дигар монда буд, ки бо тамом маҳву решакан карда шаванд.

Хусусан дар моҳи мубораки Рамазон корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ алайҳи дин ва усули аркони ислом вусъат ёфта, устодону омӯзгорон, таблиғгарон, табибон фаъол мешуданд, рӯзаи мактабиёну донишҷӯён ва кормандонро зӯран мехӯронданд ва саҳифаҳои матбуоти даврӣ, радиову телевизион мақолаву сӯҳбатҳо дармавзӯи «Рӯза ва зарари он»-ро хеле зиёд дарҷ ва пахш мекарданд.

Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рӯи фитрати азалии хеш то ҷое метавонистанд муқовимат мекарданд, пинҳонӣ амал мекарданд ва ҳатто дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезаданд.

Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додаст.

Чанде аз гуфтаҳои донишмандонро мисол меорем, ки далели гуфтаҳои болост:

Донишманди маъруф Герберт Спенсер (Ҳерберт Испенсер) дар рисолаи хеш, ки ба мавзӯи тарбия бахшидааст, чунин мегӯяд: «Дониш бо хурофот сари адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманӣ ва ситез надорад. Дар бисёре аз улуми табиии роиҷ дар асри мо руҳи динситезӣ вуҷуд дорад. Аммо дониши саҳеҳ ва дуруст ва дар сатҳи маълумоти фаротар рафта ва дар ҷарфноӣ ва умуқи ҳақоиқ (ҳақиқат) нишастааст, аз ин моҳияти динситезӣ барканор аст».

Файласуф ва муаррихи англис Твин Бей чунин мегӯяд: «Умед дорам Ғарб аз вартаи ҳавлнок ва ҳалокат халосӣ хоҳад ёфт ва ин халосӣ ва раҳоӣ ба ҷуз бо интиқол (тарк кардан, гузаштан) аз «иқтисод» (пулу сармоя) ба «дин» (имон, маънавиёт) имконпазир нахоҳад гашт».

Равоншиноси амрикоӣ Ҳенри Линга ба мухолифони тарбияи динӣ чунин посух медиҳад: «Беҳтар аз ҳар тарбияти дигаре барои кӯдакон ин аст, ки ба онҳо бигӯем: «ин кор хуб аст, зеро Худо ба он фармудааст ва онро дӯст дошта ва меписандад. Ва барои анҷоми он подоши олӣ - биҳишт медиҳад». Ва ё бигӯем: «Ин кор бад аст, зеро Худованд аз он мамнӯъ фармуда ва аз ин кор хушаш намеояд ва намеписандад. Барои он кор чора сохт - оташи дӯзахт дар назар гирифтааст»».

Муҳаққиқони номбурда таъкид менамоянд, ки мо барои таълим ва тарбияи як инсони комил бояд аз тамоми арзишҳо, одоб ва русуми арзишманде, ки инсоният дар тӯли асрҳо ба даст овардааст истифода барем. «Ва мактабе, ки битавонад миёни арзишҳои пешин ва усули арзишҳои навини ҷаҳон ҷамъ кунад, ба ҷуз дин нахоҳад ёфт».

Ҳамон файласуфи олмонӣ, асосгузори назарияи комунизми илмӣ Карл Маркс, ки муаллифи таъбири (тезиси) «Дин афюни мардум аст» ин гуна эътироф кардааст: «Мо муаззаф (вазифадор) ҳастем бар Пайғамбарии ӯ (Муҳаммад) иқрор кунем. Муҳаммад ба хатари залолати масеҳият ва яҳудият пай бурд. + зиндагии худро ба гарав гузошта, ба даъвати мушрикин ба тавҳид ва хишти саҳрои зиндагии ҷовид намуд. Одилона нахоҳад буд, агар мо ишонро танҳо дар шумораи шахсиятҳои барҷаста ба шумор биёрем. Мо муаззаф (вазифадор) ҳастем, ки бар рисолати ӯ, бар он, ки ӯ фиристодаи осмонӣ ба замин аст, эътироф намоем».

Замоне, ки давлати абадқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд дошт мубориза миёни ду гурӯҳи давлатҳо, ду идеология - лагери (иттиҳоди) сотсиализм, ки ҷонибдори идеологияи комунистӣ буданд ва дар раъси онҳо қарор дошт ва давлатҳои капиталистӣ бо сардории ИМА, ки худро чун кишварҳои демократӣ ва озод муаррифӣ менамоянд, муборизаи шадид, «ҷанги сард» идома дошт.

Пас аз суқути ИҶШС ва пош хӯрдани иттиҳоди (лагери) сосиалистӣ мубориза шакли дигарро касб намуд. Рақобати абадқудратҳо, кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад.

Ҷанг барои сарвату боигарӣ, ҷанг барои ба даст овардани бозори хариду фурӯши маҳсулот, яроқу аслиҳа ва захираҳои ашёи хом, ҷанг барои қудрату нуфуз дар минтақаҳои гуногуни сайёраи мо ошкору ниҳон идома дорад.

Гарчанде ихтилофи идеологӣ, гӯё андаке бартараф ё коҳиш ёфта бошад ҳам, вале муборизаҳои сиёсӣ ҳамоно давом дорад.

Дар замони мо қувваҳое вуҷуд доранд, ки акнун фарҳанг тамаддун ва динҳои кишварҳои Шарқу Ғарб – ислом ва масеҳият ва дигар дину мазҳабҳоро ба ҳам ҷанг андохта, меҳоҳанд мақсадҳои палидонаи худро амалӣ созанд.

Дар аксари мавридҳо онҳо мекӯшанд, ки миёни ду динҳои бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Онҳо чи тавре, ки дар аввали сӯҳбат ишора рафт ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷӯю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷӯ муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин, ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф ва намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зӯрӣ бор кардан мехоҳанд.

Давлатҳои абадқудрати Ғарб бо баҳонаи мубориза бар зидди «экстримизм», «тероризм», «фундамендализми исломӣ», барканор кардани ба ном реҷимҳои «тоталитарӣ», худком ва «ғайродемократӣ»-и Шарқ ва ҷорӣ намудани «демократияи асил ва ҳақиқии Ғарб» ба кишварҳои Шарқ таҳдид ва таҷовузи рӯйрости ҳарбӣ ба амал меоранд, (мисоли он Ироқ, Либия, Афғонистон, Покистон, Эрон, Сурия ва дигар кишварҳои исломӣ) ки боиси қаҳру ғазаби мусулмонони дунё мегардад.

Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурӯягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст.

Яке аз омилҳо ва сабабҳои тезу тунд шудани мухолифат миёни мусулмонон ва пайравони масеҳият ин таҳқири дин, таҳқири миллати мусулмонон аз ҷониби баъзе кӯтоҳбинон ва кӯтоҳандешони Ғарб аст.

Мусаллам аст, ки ҳиссиёт, ифтихори миллӣ, дину мазҳаб - эҳсос ва арзишҳои аз ҳама олӣ ва аз ҳама нозуку ҳассоси ҳар инсон аст. Таҳқири дин, таҳқири миллат бадтарин таҳқирест, ки онро касе намебахшад ва таҳаммул карда наметавонад.

Мутаассфона дар тӯли чанд соли охир дар баъзе кишварҳои Ғарб амалҳое ба вуқӯъ омаданд, ки боиси қаҳру ғазаби мусулмонони олам гардид. Мисол,нашри романи тахрибкорона, таҳрифкоронаи - Салмони Рушдӣ (зодаи Ҳиндустон, сокини Британияи Кабир, ҳоло дар куҷое махфӣ зиндагӣ менамояд), сӯзондани китоби «Қуръон» аз ҷониби роҳиби бадкеши масеҳӣ Тери Ҷонсони амрикоӣ, амали нобакоронаи карикатуристи Дания Курт Вастергаард, ки расм-карикатураи хаёлии Пайғамбари ислом Муҳаммад (с)-ро дар солгарди амалиёти терористии Ню-Йорк дар шакли бомба офарид, боиси нафрат ва маҳкуми мусулмонон ва шахсони солим фикри ҷаҳон гардид.Сӯзонидани намоишкоронаи китоби муқаддаси мусулмонон «Қуръон» дар Амрико ва дигар амалҳои зишти исломситезии Ғарб вокунишиаксар кишварҳои мусулмонӣ ва ҷаҳони мутамаддинро ба вуҷуд оварад.

Ин амали зиштро муншии Созмони Миллоли Муттаҳид Пан Ги Мун шадидан маҳкум намуда, таъкид намуд, ки «чунин аъмол зидди кӯшишҳои СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ дар роҳи муваффақ шудан ба таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми фарҳангу адёни ҷаҳонӣ аст. Рафтори номақбули чанд нафар бадкеш набояд мухолифатро байни динҳо эҷод кунад».

Роҳбари инқилоби исломии Эрон Оятулло Хоменаӣ - амали роҳиби амрикоиро маҳкум намуда чунин гуфтааст: «Ҳодисаи охир ба калисо ва масеҳият робитае надорад ва ҳаракатҳои лӯхтаконаи чанд тунгарои аблаҳ ва муздурро набояд ба пои масеҳиён ва мардони динии онҳо навишт.Мо мусулмонон ҳаргиз ба амали мушобеҳе дар мавриди муқаддасоти динҳои дигар даст нахоҳем зад. Низои байни мусулмонону масеҳӣ хостаи душмашон ва тарроҳони ин намоиши девонавор аст ва дарси «Қуръон» ба мо дар нуқтаи муқобили он қарор дорад».

Оятулло Хоменаӣ дар изҳороташ бори дигар таъкид менамояд, ки чунин амалҳои ношоиста ва ғайриинсонӣ алайҳи Ислом, ки аз сиёсати исломҳаросӣ, исломситезии Ғарб сарчашма мегирад, барои душманон, ки мехоҳанд адёни (динҳои) ҷаҳониро муқобили ҳам гузоранд, ҳодисаи маъмулӣ менамояд.

Ҳушбахтона шахсони бадандешу бадгуҳар, ки оташи душманӣ ва мухолифатро миёни мусулмонон ва насрониён барангезиданӣ ҳастанд, камшуморанд.

Фардҳои бузурги фарҳангӣ - динии Ғарб ба арзишҳои волои Ислом, фарҳангу тамаддуни Шарқ қоиланд ва онро васфу ситоиши зиёд кардаанд.

Масалан, папа ИоаннПавели 2 дар китоби худ «Остони умедро миёнбур карда» эътироф менамояд, ки «мусулмонон ба Худо ба тарзи беҳтарин ва ҷиддитарин ибодат мекунанд. Масеҳиён дар ин кор бояд аз мусулмонон ибрат гиранд».

Адиби номии рус мутафаккири барҷаста Лев Толстой дар як номаи ҷавобии худ ба пурсиши Елена Ефимовна Векилова ном як зани рус аз шаҳри Тифлис оид ба рафтори писаронаш доир ба азми қабули ислом, исломро аз дини насронӣ муқаддам гузошта чунин навишта буд: «Ҳарчанд аҷиб намояд ҳам, барои ман ки арзишҳои насронӣ ва таълимоти насрониро бо маънии ҳақиқиаш аз ҳама авло медонам, ҳеҷ ҷои шакҳу шубҳа нест, ки ислом бо зуҳуроти тазоҳуриаш аз мазҳаби насронӣ хеле баланд меистад. Биноан агар инсонро лозим ояд, ки аз ду якеро интихоб кунад – ё дини насронӣ ва ё дини исломро, пас барои одами солимфикр дар интихоб ҷои шубҳа намемонад ва ҳар кас исломро ба ҳукми ягонагии Худо ва паёмбараш ва ҷои таълимоти мураккаб ва номаҳфум – таҷассуми писари Худо, худи Худо ва Руҳи муқаддас дар сурати як Худо (троитса) муқаддам мешуморад. Таври дигар мумкин ҳам нест. Ислом аз бисёр хурофоте, ки моҳияти таълимотро торик месозанд ва ба мазҳаби насронӣ ворид шудаанд, орӣ мебошад».

Имрӯз, ки мо дар бораи сулҳу оромӣ, амният, сабру таҳаммул, муколама ва муҳовараи дину тамаддунҳои олам сухан меронем, бояд иқрор шавем, дин яке аз омилҳои муҳими иттиҳод, сулҳу ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирии инсонҳо мебошад.

Шарифов Ш. номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ