​Хониши сиёсӣ: «Корнамоиҳои халқи тоҷик баҳри Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ»

Дар факултетҳои донишгоҳ аз ҷониби садорати факултетҳо дар мавзуи «Корнамоиҳои халқи тоҷик баҳри Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» пеш аз оғози машғулиятҳои таълимӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки халқи тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941 1945 саҳми бузург гузошта, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба ҷабҳаи ҷанг рафта, беш аз 90 ҳазор нафарашон қаҳрамонона ҷон бохтаанд. Ҳазорон нафар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гаштанд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки мардуми шарафманди тоҷик дар қатори дигар халқҳои шӯравӣ барои озодии Ватан ва инсоният аз офати фашизм муборизаи ҷасурона бурдаанд. Қаҳрамонии фарзандони далери Тоҷикистонро наслҳои имрӯз ва фардо набояд фаромӯш созанд”- гуфта шуд зимни хониши сиёсӣ.

Қобили зикр аст, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардида ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе пеш аз машғулиятҳои таълимӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар байни ҷавонон, пешгирӣ аз шомил шудан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракҳои иртиҷоӣ, огоҳ намудани вазъи сиёсии сайёра хонишҳои сиёсӣ баргузор карда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ