​Хониши сиёсӣ: “Истиқлолият неъмати бебаҳост”

Дар толори факултети санъати тасвирӣ ва дизайн дар мавзуи “Истиқлолият неъмати бебаҳост” хониши сиёсӣ баргузор шуд.

Донишҷӯёни гуруҳи 101 дар бораи дастовардҳои замони истиқлол баромад намуда, аз пешрафту рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таъкид доштанд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд” – зикр шуд зимни хониши сиёсӣ.

Бо табодули афкор миёни донишҷӯён дар бораи нақши истиқлол дар таъмини рушди Тоҷикистон хониши сиёсӣ анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ