​Хониши сиёсӣ дар мавзуи "Саҳми Пешвои миллат дар густариши сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Дар факултети филологияи тоҷик бо ташаббуси кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон хониши сиёсӣ доир гардид. Дар доираи ин иқдом мавзуи "Саҳми Пешвои миллат дар густариши сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Номзади илмҳои филологӣ, устоди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума Осим Носиров зимни маърӯза масъалаҳои рушди сиёсати ҳуқуқии кишварро таҳлил намуда, доир ба тадбирҳои созанда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ибрози назар намуд.

Осим Носиров нақши Пешвои миллатро дар қабули қонунҳои нав, рушди низоми адолати иҷтимоӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъкид намуд. Зикр шуд, ки маҳз тавассути сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун кишвари қонунмеҳвар ва ҳуқуқбунёд эътироф шудааст.

Дар идомаи хониши сиёсӣ донишҷӯён ва устодон бо саволҳои худ ба маърӯзачӣ муроҷиат карда, доир ба равандҳои ҳуқуқии ҷорӣ, нақши қонун дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва риояи ҳуқуқҳои инсон баҳсҳои судманд анҷом доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ