ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ ТАЪЛИМ
Дар доираи шартномаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ва Донишкадаи омӯзгории шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади табодули таҷриба дар самти таълим Директори институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нурзод ба донишҷӯёни соли чоруми ихтисоси таълими ибтидоии факултети педагогикаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Самарқанд аз фанни «Адабиёти бачагона» дарс гуфт.

Иттилоъ дода шуд, ки қабл аз оғози дарсҳо дар Донишкадаи мазкур устоди Донишгоҳро сардори Раёсати байналмилалӣ Маҳмуд Ҷумаев ва декани факултети педагогика Маҳмуд Ашуров ба ҳузур пазируфта, ҷонибҳо дар фазои ҳамфикрӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дурнамои ҳамкориҳо дар раванди таълим суҳбати самимӣ анҷом доданд. Аз ҷумла таъкид шуд, ки минбаъд низ ҷонибҳо баҳри дар амал татбиқ намудани барномаҳои муштараки ҳамкориҳои таълимӣ ва густариши пайвандҳо баҳри рушди соҳаи маориф, ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳуриии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бармеоянд, иқдоми бештар хоҳанд кард.
Дар фарҷоми суҳбат аз номи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» 50 нусха китобу дастурҳои таълимӣ ва осори бадеӣ, ки ба раванди таълим муфид мебошанд, ба китобхонаи Донишкадаи мазкур супорида шуд.
Гуфта шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳо дар доираи шартномаҳои муштарак тақвият ёфта, дар самтҳои таҳияи маводи таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва табодули академии донишҷӯён вусъат меёбанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил