Ганҷи сухан: Арҷгузорӣ ба Истиқлол ва "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ
Дар толори раёсати донишгоҳ таҳти унвони “Арҷгузорӣ ба Истиқлол ва "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ” нишасти 230-юмини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” доир гардид.
Ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин дар мавзуи "Истиқлоли Тоҷикистон ва рушди илму маориф дар кишвар" суханронӣ намуда, дастовардҳои бузурги соҳаи маорифро дар даврони Истиқлол таҳлил кард.
Таъкид гардид, ки ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Истиқлоли давлатӣ ба кишвар имконият дод, ки низоми маорифи миллӣ мустаҳкам гардад, илм рушд ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбия ёбанд.
Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров худ намунаи равшани ин рушд буда, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба як маркази бузурги илмиву таълимӣ табдил ёфтааст.
Дар идома роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов, мудири кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳ Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев ва шоир Гулноз маъруза намуда, аҳаммияти "Шоҳнома"-ро дар ташаккули худшиносии миллӣ ва посдории забон ва фарҳанги тоҷикӣ таъкид намуданд.
Монтажи адабии иштирокчиёни озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” таҳти унвони "Шоҳнома Ватан аст" ба маҳфил мазмуни бештар эҳдо намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил