Форум: Некӯаҳволии равонӣ ва муваффақияти иҷтимоии шахс дар шароити муосир
Бо ташаббуси садорати факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ таҳти унвони “Некӯаҳволии равонӣ ва муваффақияти иҷтимоии шахс дар шароити муосир” (“Психологическое благополучие и социальная успешность личности в условиях современных вызовов”) дар китобхонаи факултет ба тариқи маҷозӣ (онлайн) байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии Вятcки Федератсияи Русия VI Форуми байналмиллалӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар кори Форум муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дотсент Саидзода Диловар, декани факултет дотсент Муқаддас Шарифиён ва ҳайати устодон ширкат варзиданд.
Дар Форум масъалаҳои мубрами психологияи муосир, муносибатҳои аъзоёни оила дар дохили хонавода, муносибати волидайн ба кӯдакон, баёни кӯдакон, зану шавҳар ва роҳу воситаҳои бартарафсозии носозиҳо тавассути усулҳо нави инноватсиониву терапияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи барномаи Форум 4 трек ба нақша ва дар доира ҳар кадоми он аз 4 то 13 мастер – класс, баромад ва маърӯза шунида шуд.
Дар Донишҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров сармуаллимаи кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ Раънохон Ҳоҷибоева Мастер-класс дар мавзуи “Ба даст овардани некӯаҳволии оила тавассути терапияи санъат” («Достижение семейного благополучия средствами арт-терапии») баромад намуд. Мавсуф зимни маърӯзааш иброз намуд, ки сатҳи баланди зеҳни эмотсионалӣ ба тамоми қишрҳои ҳаёти инсон таъсир мерасонад. Дар ҷараёни бозӣ иштирокчиёни Мастер - класс чӣ гуна эмотсияҳои худ ва дигаронро идрок намудан, идора намудан ва зоҳирнамоии онҳо дониста мегиранд. Малакаҳои худидоранамоӣ ба ҳар як инсон лозим аст, аз ҷумла ба шахсини имконияти маҳдудияти ҷисмонӣ дошта ва маҳдудияти саломатӣ дошта.
Масъалаҳои баррасигардидаи Форуми мазкур бештар ба корҳои амалӣ бо мизоҷ, бо донишҷӯёну наврасон, Мастер – класс ва бозиву машқҳои психологӣ ба самти некуаҳволии оиларо дар бар гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил