​Фаъолияти педагогӣ ва салоҳияти касбии омӯзгори замони муосир

Таҳти ин унвон дар толори раёсати донишгоҳ семинар – тренинги Ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавон бо иштироки ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Усмонзода Аюб Ислом ва муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои таърих, дотсент Набизода Мирзотоҳир ташкил ва баргузор гардид.

Чорабиниро ректори Донишгоҳ ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки таъсисёбии Ассотсиатсияи мазкур яке аз иқдомҳои раёсати Донишгоҳ ба ҳисоб рафта, имконияти такмили маҳорати педагогӣ ва табодули таҷрибаи касбиву шиносоӣ бо усулҳои муосири таълимро ба омӯзгорони ҷавон имконпазир мегардонад.

Зикр гардид, ки ҳадафи асосии Ассотсиатсия мусоидат намудан ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаю маҳорати педагогии омӯзгорони ҷавон, тавассути машваратҳои инфиродӣ, онлайн-семинарҳо, семинар-тренингҳо, форумҳои омӯзгорони ҷавон, мусоидати иштироки мунтазам ба дарси устодони собиқадор ва ба талаботи стандартҳои таълимӣ мувофиқ намудани натиҷаҳои таълим маҳсуб меёбад.

Сипас, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Набизода Мирзотоҳир оид ба масъулияти омӯзгорони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбият, истифодаи технологияҳо ва усулҳои муосири таълим, бо ин восита баланд бардоштани сифати таълим баромад намуд.

Мавсуф аз омӯзгорони ҷавон дархост намуд, ки бисёртар ба дарсҳои омӯзгорони соҳибтаҷриба иштирок намуда, аз таҷрибаи бойи онҳо баҳраманд шаванд.

Дар идома мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ, Ҳакимова Шоира дар мавзуи “Фаъолияти педагогӣ ва салоҳияти касбии омӯзгори замони муосир” баромад намуда, оид ба роҳу усулҳои баланд бардоштани салоҳият ва маҳорати касбӣ дар фаъолияти педагогӣ маслиҳатҳои муфид дод.

Сипас, оид ба фаъолияти семоҳаи Ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавон дар соли таҳсили 2023-2024, ҳисоботи роҳбари Ассотсиатсия, ҷонишини мудири ШИСТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мавзуна Ҳусейнова шунида шуд.

Дар фарҷом мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дотсент Нодира Дадобоева перомуни мавзуи баррасишуда ибрози назар намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ