​Фанни нав: донишҷӯён муқовимат ба экстремизм ва терроризмро меомӯзанд

Шуруъ аз соли таҳсили 2022-2023 барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фанни нав таҳти унвони “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ҷорӣ мешавад. Дар ин бора Қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 30 апрели соли 2022, №10 судур гардид.

Фанни мазкур ба феҳрасти фанҳои кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ворид шуда, ҳамчун фанни факултавӣ барои ихтисосҳои мухталифи шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ ҷорӣ гардид.

Ҳадаф аз ин ташаббус таҳкими дониши сиёсӣ, баланд бардоштани маърифати донишҷӯён оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва ба ин васила мубориза бо зуҳуроти номатлуб унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ