ЭЪЛОН! ОЗМУН БА БАРНОМАИ ERASMUS+
МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" дар доираи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ополе (Полша) барои интихоби як донишҷӯ ҷиҳати иштирок дар барномаи мубодилаи академии ERASMUS+ International Credit Mobility (ICM) озмун эълон менамояд.
Барнома ба донишҷӯи интихобшуда имконият медиҳад, ки дар муҳлати 5 моҳ дар Донишгоҳи Ополе таҷрибаомӯзӣ намуда, донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии худро дар соҳаи биология такмил диҳад.
Маълумоти асосӣ:
• Муассисаи қабулкунанда: Донишгоҳи Ополе, Полша
• Самт: биология
• Зинаи таҳсил: бакалавр ё магистр
• Шумораи ҷойҳо: 1 ҷой
• Давомнокӣ: 5 моҳ
• Донистани забон: донистани забони англисӣ дар сатҳи B1 ё болотар тавсия мешавад
• Маблағгузорӣ: дастгирии молиявӣ барои сафар ва будубош тибқи шартҳо ва меъёрҳои барномаи ERASMUS+.
Ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун:
1. Ариза барои иштирок
2. Пешниҳод аз садорати факултет
3. Нусхаи шиносномаи тоҷикӣ ва хориҷӣ
4. Маълумотнома аз ҷойи таҳсил
5. Нусхаи транскрипт
6. Тарҷумаи ҳол (CV) ба забони англисӣ
7. Номаи ҳавасмандӣ бо асосноккунии мақсади иштирок
8. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дониши забони англисӣ
9. Мактуби тавсиявӣ аз факултет ё кафедра.
Имкониятҳои иштирок:
• Такмили дониш ва малакаҳои касбӣ дар соҳаи биология
• Шиносоӣ бо муҳити академӣ ва таҷрибаи донишгоҳи аврупоӣ
• Беҳтар намудани малакаҳои забонӣ ва муоширати байнифарҳангӣ
• Барқарор намудани робитаҳои илмӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни хориҷӣ.
Ҷойи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
Бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Суроға: кӯчаи Мавлонбеков, 1.
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо: 10.10.2026.
Барои гирифтани маълумоти бештар оид ба шартҳои озмун, давраи сафар ва тартиби маблағгузорӣ ба ҳамоҳангсози лоиҳа Зокирзода Ҷамшед Зокир – сармутахасиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоед.