​ЭЪЛОН: КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ВИЛОЯТӢ БАРОИ МАГИСТРАНТОН

Санаи 13-уми майи соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии вилоятии магистрантон дар мавзуи «Мақоми ҷавонон дар рушди илм» баргузор мегардад.

Дар конференсияи мазкур магистрантон, докторантон ва муҳаққиқони ҷавон аз рӯи равияҳои зерин иштирок карда метавонанд:

- Забоншиносии умумӣ ва рӯзноманигорӣ;

- Иқтисодиёт ва технологияҳои иттилоотӣ;

- Масъалаҳои амалии педагогика ва психологияи муосир;

- Таърихи умумӣ, бостоншиносӣ;

- Санъати тасвирӣ, нақшакашӣ, технология ва дизайн;

- Математикаи амалӣ ва физика;

- География ва сайёҳӣ;

- Биология ва химия.

Забони кории конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.

Барои иштирок дар конференсия маърузаҳои муҳаққиқон то санаи 01 майи соли 2026 қабул карда мешаванд. Чопи маводи конференсия ба нақша гирифта шуда, танҳо маводи ҷавобгӯ ба талабот аз ҷониби ҳайати тадорукот барои нашр дар маҷмуа интихоб карда мешаванд.

Талабот ва шартҳои қабули мақолаҳо

- Ҳаҷми маъруза дар барномаи Microsoft Word (*doc, *docx), то 4-5 саҳифаи шакли А4;

- Ҳамаи ҳошияҳо – 2,5 см, ҳуруф: Times New Roman Tj, андоза – 14, фосилаи байнисатрӣ – 1,5 воҳид;

- Дар матн ҷой додани расмҳо, ҷадвалҳо, графикҳову суратҳо иҷозат дода мешавад;

- Маъруза бо тақризи роҳбари илмӣ қабул карда мешавад;

- Номи мақола дар болои саҳифаи аввал, дар мобайн, бо ҳарфҳои сиёҳи сарлавҳавӣ, поёнтар аз он дар фосилаи 1,5 воҳид аз тарафи рост ному насаби муаллиф, сипас ном ва нишонаи пурраи муассиса оварда мешавад;

- Ба мақолаҳои пешниҳодшаванда УДК ва ББК гузошта мешавад.

Вобаста ба маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат намоед: Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», шуъбаи магистратура, телефон барои иртибот: 92-810-19-39, 92-795-11-91.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ