ЭЪЛОН: ҚАБУЛИ ДАРХОСТҲО БАРОИ ИШТИРОК ДАР САФАРИ ТАЪЛИМӢ БА ДОНИШГОҲИ ОПОЛЕ (ЛАҲИСТОН)
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ополе (Лаҳистон) қабули дархостҳоро барои иштирок дар барномаи байналмилалии ERASMUS+ International Credit Mobility (ICM) эълон менамояд.
Барномаи мазкур барои омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси биология имконияти иштирок дар сафари таълимиро дар Донишгоҳи Ополе фароҳам меорад.
Ҷойҳои дастрас:
- 2 ҷой барои омӯзгорон
- 1 ҷой барои донишҷӯ
Маълумот дар бораи сафари омӯзгорӣ:
Навъ: сафари омӯзгорӣ
Самт: биология
Давомнокӣ: 5 рӯз
Муассисаи қабулкунанда: Донишгоҳи Ополе (Лаҳистон)
Маблағгузорӣ: хароҷоти сафар ва иқомат пурра аз ҷониби барномаи ERASMUS+ аз тарафи донишгоҳи қабулкунанда пардохт карда мешавад
Барнома ба иштирокчиён имконият медиҳад, ки дарсҳои лексионӣ баргузор намоянд, таҷрибаи илмиро мубодила кунанд ва ҳамкориҳои байналмилалиро густариш диҳанд.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
- нусхаи шиноснома
- нусхаи диплом
- сертификати дониши забон
- номаи асосноккунии иштирок
- нақшаи дарс барои донишгоҳи қабулкунанда
- мактуби тавсиявӣ
Ҷойи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, бинои асосии донишгоҳ
Суроға: бинои раёсади Донишгоҳ (кӯчаи Мавлонбеков 1)
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо: 14 апрели соли 2026
Афзалиятҳои иштирок:
- дарёфти таҷрибаи байналмилалии омӯзгорӣ
- рушди касбӣ ва илмӣ
- тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ
- пӯшиши пурраи хароҷоти сафар ва иқомат
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ хоҳишмандон метавонанд ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ муроҷиат намоянд.
Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»