​ЭЪЛОН: 6-10 АПРЕЛИ СОЛИ 2026 СЕЮМИН ФЕСТИВАЛ - НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕГАРДАД

Аз 6 то 10 апрели соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор мегардад.

Дар фестивал зиёда аз 60 донишгоҳи бонуфузи хориҷи кишвар иштирок менамоянд.

Ин имконият барои:

- хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои интихоби дурусти зинаи аввали таҳсил;

- донишҷӯён - барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратура;

- ва магистрҳо - барои роҳ ёфтан ба зинаи докторантура.

Дар фестивал-намоишгоҳи байналмилалӣ Шумо метавонед бо намояндагони донишгоҳҳо мустақим суҳбат намуда, дар бораи барномаҳои таҳсил ва стипендияҳо маълумоти дақиқ гиред ва ҳатто роҳи таҳсили худро барои оянда интихоб намоед.

Фестивал дар шаҳрҳо ва минтақаҳои зерин баргузор мегардад:

- рӯзҳои 6 ва 7 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе (Маркази «ЭКСПО-Душанбе»);

- рӯзи 8 апрел дар ноҳияи Данғара (Варзишгоҳи марказӣ);

- рӯзи 9-10 апрел дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд.

Марҳабо, ба Сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ!

Ояндаи худро имрӯз интихоб намоед!

Телефон барои тамос: +992 3372 23 23 59; +992 93 812 61 61 тел/факс: +992 372 21 18 83,

Почтаи электронӣ: sobirakhabibova@gmail.com

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ