Ёддошти тафоҳум: Дар минтақаи таълимию таҷрибавии “Хуррамзамин” боғи интенсивӣ бунёд мешавад

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом масъулини созмони байналмилалии Helvetas Swiss Intercooperation дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт. Дар доираи ин ташаббус миёни ҷонибҳо ҷиҳати таъсиси боғи интенсивӣ дар минтақаи таълимию таҷрибавии “Хуррамзамин” ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Мувофиқи санад, ҷонибҳо созиш карданд, ки дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавӣ боғи интенсивии дарахтони қадпастизардолу, гелос, себ ва нок бо истифодаи технологияи сарфаи об, яъне обёрии қатрагии автоматикӣ, истифодаи энергияи барқароршаванда, яъне панелҳои офтобӣ дар масоҳати 2,4 гектар ташкил карда шавад.
Маврид ба таъкид аст, ки масъулияти омода кардани замин, нигоҳубини боғ ва таъмини системаи обёрӣ ба Парки технологии донишгоҳ вогузор шуда,ин иқдом дар доираи лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об амалӣ мегардад, ки аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) маблағгузорӣ мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил