ДДХ: таъсиси шурои нави диссертатсионӣ

Дар толори раёсати Донишгоҳ бо иштироки муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Муъмин Машокир ва ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дотсент Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин маросими муаррифии таъсиси Шурои нави диссертатсионӣ баргузор гардид.
Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионӣ аз 30 майи соли 2025 дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шурои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) ва номзади илмҳои география таъсис дода шуд. Шуро ихтисосҳои зеринро дарбар мегирад: 6D060900 — География; 6D060902 — Географияи табиӣ ва биогеография, географияи хок ва геохимияи ландшафтҳо; 6D091100 — Геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат; 6D091101.02 — Соҳаи илмҳои география; 25.00.23 — Географияи табиӣ ва биогеография, географияи хок ва геохимияи ландшафтҳо; 25.00.36.02 — Геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат.
Иттилоъ дода шуд, ки шумораи аъзои шуро 11 нафарро аз ҳисоби устодони варзидаи соҳа ва дорои таҷрибаи илмӣ-тадқиқотии ғанӣ – профессорону дотсентон ташкил медиҳанд.
Муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Муъмин Машокир таъсиси ин Шуроро қадами муҳим дар рушди илми география ва экологияи минтақа арзёбӣ намуда, афзуд, ки чунин шуро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки дорои пойгоҳи устувори илмӣ ва неруи кадрии шоиста мебошад, нишондиҳандаи боварии Комиссия ба сатҳи илмии ин муассисаи таҳсилоти олӣ мебошад.
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дотсент Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин изҳори умед намуд, ки муҳаққиқон ва унвонҷӯён дар заминаи татбиқи сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шароити фароҳамомада рисолаҳои илмии босифатро омода намуда, дар пешбурди илмҳои заминшиносӣ ва экология саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Таъкид шуд, ки фаъолияти Шуро дар асоси рамзи 6D.KOA-098 ба муҳлати ду сол ба роҳ монда шуда, он мутобиқ ба меъёрҳои ҳуқуқӣ ва низомномаҳои амалкунанда фаъолият хоҳад кард.
Шурои нав барои муҳаққиқон ва унвонҷӯёни соҳа имкони муҳими ҳимояи рисола ва пешбурди самтҳои афзалиятноки илмиро фароҳам меорад.
Маркази иттилоот ва таҳлил