ДДХ: РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД БА ДОВТАЛАБОН
Дар бинои таълимии №2-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» 25-уми феврали соли 2026 Рӯзи дарҳои кушод бо иштироки хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ҳадафи муаррифии имконияту шароити таҳсил, ихтисосҳои амалкунанда, дастовардҳои таълимӣ ва илмӣ, инчунин мусоидат ба интихоби дурусти касбии довталабон доир шуд.
Нахуст муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳ Абдуллозода Насим Абдулло ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Донишгоҳ яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии кишвар ба шумор рафта, дар тули фаъолияти наздик ба як асри худ дар омодасозии мутахассисони баландихтисос саҳми назаррас гузоштааст. Таъкид гардид, ки хатмкардагони Донишгоҳ имрӯз дар соҳаҳои гуногуни иқтисод, маориф, илм, фарҳанг, идоракунии давлатӣ ва бахши хусусӣ фаъолияти самаранок дошта, дар рушди ҷомеа нақши муассир гузошта меоянд.
Зимни муаррифии имкониятҳои таълимӣ иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳ дорои 8 бинои таълимӣ буда, фаъолияти он дар заминаи 18 факултет ва 85 кафедра ба роҳ монда шудааст. Омодасозии мутахассисон аз рӯи 116 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ амалӣ мегардад.
Айни замон дар донишгоҳ 978 нафар омӯзгор, аз ин шумора 55 нафар доктори илм, профессор, 462 нафар номзади илм, дотсент ва 461 нафар муаллимону муаллимони калон фаъолият менамоянд, ки 52,8%-и теъдоди умумии онро омӯзгорони соҳибунвон ташкил медиҳанд.
Шумораи умумии донишҷӯён дар зинаи бакалавр беш аз 21 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод зиёда аз 3 ҳазор нафар ё 30,3 фоизи донишҷӯёни шуъбаи рӯзона тариқи буҷетӣ таҳсил менамоянд. Теъдоди донишҷӯёни тибқи Квотаи Президентӣ таҳсилкунанда 621 нафар буда, 393 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар идомаи чорабинӣ хатмкунандагон аз намоиши дастовардҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии Донишгоҳ, лабораторияҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир, факултету кафедраҳо, синфхонаҳои имтиҳонсупорӣ, Китобхонаи илмӣ, Маркази тестӣ, Осорхона ва аз шароити истиқомат дар хобгоҳҳо боздид намуданд.

Ҳамзамон дар Маркази тестӣ барои хатмкунандагон шароит фароҳам оварда шуд, то тавассути барномаи «Худро бисанҷ»-и Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи дониш ва омодагии худро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидашуда арзёбӣ намоянд.
Дар раванди баргузории Рӯзи дарҳои кушод аз ҷониби масъулони факултетҳо ба довталабон маводи иттилоотӣ ва варақаҳои таблиғотӣ оид ба ихтисосҳо ва имкониятҳои таҳсил дар Донишгоҳ тақсим карда шуд.
Дар фарҷом зикр гардид, ки ҷавонони донишманду масъулиятшинос бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ роҳи донишандӯзиро интихоб намуда, дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Маркази иттилоот ва таҳлил